Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 11 декабр 2017, 14:16
/ Материалы за 01.08.2017
1 август 2017, 17:20

(ВИДЕО) Ато Муҳаммади Нур хостори бозгашти беқайду шарти Дӯстум ба дафтараш шуд

Ато Муҳаммади Нур, волии вилояти Балхи Афғонистон ва яке аз сиёсатмадорони таъсиргузори ин кишвар хостори бозгашти беқайду шарти Абдулрашид Дӯстум, муовини аввали раёсатҷумҳурии Афғонистон ба дафтари кориаш шудааст. Ин дархости оқои Нур имрӯз, 1 август дар шаҳри Мазори Шариф дар нахустин гирдиҳамоии Эътилоф барои наҷоти Афғонистон садо додааст.

1 август 2017, 17:14

Президент се раиси судро барканор кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 1-уми август бо имзои як фармон се раиси судро аз мақомашон барканор кард.

1 август 2017, 16:40

Хабарнигори Радиои Озодиро дар Ишқобод таҳдиди қатл карданд

Ба хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ дар Ишқобод Солтан Ачилова дубора ҳамла карданд. Сар аз 27 июл то кунун ин севумин фишор ба рӯзноманигори 67-сола аст.

1 август 2017, 16:17

(ВИДЕО) Пешниҳоди “Барқи тоҷик” барои боло бурдани нархи барқ дар Тоҷикистон

Раиси ширкати “Барқи тоҷик” имрӯз, 1-уми август дар посух ба суоли “Озодагон” тасдиқ кард, ки хостори боло бурдани нархи барқ дар Тоҷикистон шудаанд.

1 август 2017, 15:31

Вазири рушди иқтисод дар бораи таъсири таҳримҳои алайҳи Русия ба Тоҷикистон (ВИДЕО)

Вазири рушди иқтисод ва савдо мегӯяд, аз он ки Русия шарики стратегии Тоҷикистон аст, ҳар тағйирот дар бахши иқтисоди он ба кишвари мо низ бетаъсир нахоҳад буд. Неъматуллоҳ Ҳикматуллоҳзода ин нуктаро имрӯз, якуми август зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли хабарнигорон дар мавриди таъсири таҳримҳои иқтисодии Ғарб алайҳи Русия ва таъсири он ба Тоҷикистон изҳор дошт.

1 август 2017, 14:45

Парвандаи Хадамоти гумрук нисбати як ҷавон барои иштирок дар ҷангҳои Сурия

Хадамоти гумруки Тоҷикистон мегӯяд, кормандони ин ниҳод дар вилояти Суғд нисбати як сокини шаҳри Истаравшан, ки дар Сурия қарор дорад, парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.

1 август 2017, 13:52

Низоми нави толингӣ дар шоҳроҳи Душанбе–Чаноқ

Душанбеи 31 июл филиали ширкати “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” ё IRS дар Тоҷикистон дар шоҳроҳи мошингарди Душанбе–Чаноқ низоми навсозишудаи толлингиро ҷорӣ кардааст. Гуфта мешавад, плазаҳои нав дар 2 марҳила мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар навбати аввал плазаҳои толлингии Варзоб ва Ҳушёрӣ фаъол шаванд.

1 август 2017, 13:29

Ноиби раиси Кумита: Оқохон не, Оғохон дуруст аст (ВИДЕО)

Саодатшо Матробиён, муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон мегӯяд, расонаҳои кишвар бояд Оғохон нависанд, на Оқохон.

1 август 2017, 11:33

Эълони ҳукми собиқ масъулини Оҷонсии зидди фасод

Додгоҳи олии Тоҷикистон Давлатбек Хайрзода, собиқ ноиби раиси Оҷонсии зидди фасодро ба 10 солу 7 моҳи зиндон маҳкум кардааст.

1 август 2017, 10:59

Қодирӣ: Бағдодӣ мурд, дигараш ҳам мемурад

Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд гуфт, пайвастшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дар шимоли кишвар коҳиш ёфтааст.

1 август 2017, 09:57

Вазир: Қатъи барқу камбуди кокс кори ТАЛКО-ро халалдор кард (ВИДЕО)

Неъматуллоҳ Ҳикматуллоҳзода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, қатъи якбораи интиқоли барқ барои чанд соат, ки тирамоҳи гузашта рух дод, яке аз сабабҳои асосии коҳиши истеҳсоли алюминий дар кишвар мебошад.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!