Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 24 октябр 2017, 03:30
/ Материалы за 04.08.2017
4 август 2017, 17:00

Омори таваллуд, фавт ва никоҳу талоқ дар шаш моҳи ахир (ТАСВИРБАЁН)

Дар ин тасвирбаён ё акси гӯё маълумоти Агентии омори Тоҷикистон дар мавриди мизони таваллуд, фавт ва никоҳу аз ҳам пошидани оилаҳо нишон дода шудааст

4 август 2017, 16:13

Беш аз 45%-и хизматчиёни давлатии Тоҷикистон ҷавонони то 35-солаанд

Агентии хизмати давлатии назди Президенти Тоҷикистон аз афзоиши ҷавонон дар сафи хизматчиёни давлатӣ хабар дод.

4 август 2017, 15:12

Юлдошев: Фирефтаи қаллобон нашавед, коре аз дасташон намеояд (ВИДЕО)

Абдувосид Юлдошев, ёвари директори Маркази миллии тестии назди Президенти Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар даъват намуд, ки фирефтаи қаллобон нашаванд, зеро онҳо коре барои донишҷӯй шудани довталабон карда наметавонанд.

4 август 2017, 15:11

Дар Тоҷикистон аз Рӯзи ҷаҳонии муқовимат ба савдои одамон бо барномаи ҳунарӣ ҷашн мегиранд

Дар Тоҷикистон бори нахуст аз Рӯзи ҷаҳонии муқовимат ба савдои одамон ҷашн гирифта мешавад. Созмони милали муттаҳид соли 2013 30-юми июлро Рӯзи ҷаҳонии муқовимат ба савдои одамон эълон карда буд.

4 август 2017, 14:56

Ҷаъфаров: Дониши довталабон боло рафтааст, суолҳоро мушкилтар мекунем

Сабзалӣ Ҷаъфаров, муовини аввали директори Маркази миллии тестии назди Президенти Тоҷикистон мегӯяд, мониторинги дониши довталабон тайи солҳои охир нишон додааст, ки сатҳи фаҳмиши онҳо боло рафтааст.

4 август 2017, 14:52

“Тоҷиксуғурта”: Зарардидаҳои бозори Корвон шартномаи суғуртавӣ надоштанд (ВИДЕО)

Масъулини корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷиксуғурта” мегӯянд, ҳеч як соҳибкори аз сӯхтор зарардидаи бозори Корвон шартномаи суғуртавӣ надоштанд ва аз ин рӯ ба онҳо ҷуброни зарар пардохт нашудааст.

4 август 2017, 14:17

Мирзиёев "дуздҳои аз ҳама калон"-ро гуфт: Прокурорҳо

Президент Шавкат Мирзиёев 2 август дар як ҷаласаи видеоияш аз кори додситонҳо ва мақомоти додситонӣ дар Ӯзбекистон интиқод кард. Ӯ додситонҳоро "дуздҳои аз ҳама калон" номида, гуфт, агар корҳои ноодилона идома ёбанд, онҳоеро ҳам барканор хоҳад, ки баъди "поккориҳо"-и ахир дар мақомоти додситонии Ӯзбекистон мондаанд.

4 август 2017, 11:48

Лунгин филми наваш дар бораи ҷанги Афғонистонро дар Тоҷикистон навор мегирад

Павел Лунгин, коргардони шинохтаи рус қисматҳои асосии филми ҳунарии “Братсво” (Бародарӣ)-ро, ки аз ҷанги Афғонистон қисса мекунад, дар Тоҷикистон навор хоҳад гирифт.

4 август 2017, 10:36

Додситонӣ: Маҳмадиев баъди суҳбат бо “Абу-Усомаи Норакӣ” ба Сурия рафтааст

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе як сокини пойтахтро барои 15 сол равонаи зиндон кардааст. Ба иттилои Додситонии кулл, ӯ қасд доштааст ба Сурия биравад ва дар ҷангҳо иштирок кунад.

4 август 2017, 10:11

Раиси Агентӣ: Нисбати мансабдорони соҳиби душаҳрвандӣ фишор нест (ВИДЕО)

Ҷумъа Давлатов, раиси Агентии хизмати давлатии назди Президенти Тоҷикистон мегӯяд, нисбати мансабдорони соҳиби душаҳрвандӣ дар мақомоти давлатӣ фишоре нест.

4 август 2017, 09:53

Барои Бузургмеҳр Ёров боз 17 соли зиндон талаб карданд

Додситон бар пояи моддаҳои “таҳқири оммавии Президент” барои вакили дифоъ -- Бузургмеҳр Ёров 5 ва барои “қаллобӣ” 12 соли зиндон талаб кардааст. Аммо бо таваҷҷуҳ ба ин ки Ёров дар гузашта барои 25 сол равонаи зиндон шуд ва ҳадди ниҳойии ҳабс дар Тоҷикистон 30 сол ё ҳабси абадро ташкил медиҳад, хостори дар маҷмӯъ 30 сол аз озодӣ маҳрум кардани ӯ шудааст.

Бойгонӣ

«    Август 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!