Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 11 декабр 2017, 14:16
/ Материалы за 08.08.2017
8 август 2017, 22:34

ВИДЕО: Филми ВКД дар бораи қатли Кенҷаев, Латифӣ... ва ҲНИТ-у Эрон

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон имрӯз, 8-уми август иттилоъ дод, ки омилони қатли Сафаралӣ Кенҷаев, собиқ раиси Шӯрои олӣ ва раҳбари Ҳизби сотсиалистӣ баъди 18 сол ошкор шуданд.

8 август 2017, 16:23

ВКД: Сокини Санҷит сокини Фурудгоҳро бо дос задааст

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 33-солаи рустои Санҷити ноҳияи Нуробод хабар додааст. Ӯ дар захмӣ кардани як сокини дигари ноҳия муттаҳам мешавад.

8 август 2017, 15:42

Тағйирот: Сардорони милиса бо розигии Президент таъин шаванд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи мақомоти милисаро имзо кард.

8 август 2017, 14:31

Хоҳари генерали зиндонӣ: Аз ҳоли ӯ хабар надорам...

Хоҳари Ғаффор Мирзоев, яке аз фармондеҳони замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, ки ба ҳукми абад маҳкум шудааст, гуфта, ки аз ҳолу аҳволи ӯ хабар надоранд.

8 август 2017, 14:04

ВИДЕО: Вақте хоккейбозҳо занозанӣ мекунанд...

Душанбеи 7 август дар Сочи миёни хоккейбозони рус ва Канада занозанӣ шудааст.

8 август 2017, 11:01

Садамаи пурқурбонӣ дар шимоли Тоҷикистон: Ронанда ноболиғ ва маст будааст

Дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар вилояти Суғд 4 нафар ҳалок ва 2 кас захмӣ шудааст. Ин садама шаби 4 ба 5 август дар ноҳияи Зафаробод ба вуқӯъ пайвастааст.

8 август 2017, 10:52

Муаллими қарздори шогирдони медалдор: Роҳкироямро намедиҳанд...(АКС)

Олимҷони Пираҳмад, омӯзгори фанни риёзиёти литсей-интернати Тоҷикистону Русия «Ҳотам ва П.В», мегӯяд, хароҷоти сафараш бо шогирдон ба олимпиадаҳои Бразилия ва Ҳиндустон боиси қарздории ӯ гардидааст.

8 август 2017, 10:26

Рӯзноманигор аз “рӯйхати сиёҳ” берун шуд. Метавонад ба телевизион баргардад

Миёни 56 сокини ноҳияи Чилонзори шаҳри Тошканд, ки аз “рӯйхати сиёҳ”-и мақомоти ҳифзи ҳуқуқ берун шуданд, хабарнигор Хайруллоҳ Ҳомидов ҳам ҳаст. Бино ба хабарҳо, акнун ӯ метавонад ба кори худ дар телевизион ҳамчун шореҳи варзиш идома диҳад.

8 август 2017, 09:54

Наҷотовҳо: Кӯдакамонро наҷот диҳед

Тоҷиддин Наҷотов, сокини ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, барои наҷоти духтараш-Силсиламоҳ Наҷотоваи 6-сола, ки мубталои бемории дил мебошад, аз ҳамватанон кӯмак мехоҳад.

8 август 2017, 09:17

Изҳороти мақомот ва Шӯрои уламо алайҳи “бой без правил”

Мақомоти давлатии Тоҷикистон ва Шӯрои уламои кишвар “бой без правил”, ё худ муҳорибаҳои омехтаро қобили дастгирӣ намедонанд.

8 август 2017, 08:54

Э.Раҳмон курсии №1-ро дар Саридораи геология ба Файзуллозода Заробиддин дод

Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҳукумати Тоҷикистон Ҷумъазода Мурод Холро аз вазифаи Сардори Саридораи геологияи назди ҳукумат озод кардааст.

8 август 2017, 08:23

Маҳкумшудаи собиқ аз ҷайби сокини Хистеварз 2000 сомониро рабудааст

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 35-солаи вилояти Хатлон бо иттиҳоми дуздӣ хабар додааст.

8 август 2017, 07:41

Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз

СЕШАНБЕ. 7-уми август - 219-умин рӯзи сол. То поёни сол 146 рӯзи дигар монда.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!