Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 24 октябр 2017, 03:30
/ Материалы за 09.08.2017
9 август 2017, 16:52

Эътироф: “Барқи тоҷик” беасос мардумро қарздор кардааст

Мирзо Исмоилзода, раиси ширкати “Барқи тоҷик” эътироф кард, қисми зиёди қарз аз ҳаққи барқ, ки масъулини ширкат ба мардум нисбат медиҳанд, асос надорад.

9 август 2017, 16:49

Боздошти гумонбар дар куштори ҳамсар ва хоҳари ӯ: Маст будааст...

Дар шимоли Тоҷикистон як ҷавони 32-сола бо иттиҳоми куштори ҳамсар ва хоҳари завҷааш дастгир шудааст.

9 август 2017, 16:33

Масъулин ва тоҷирони бозори “Султони Кабир” 8450 сомонӣ ҷарима шудаанд

Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 35 нафар аз масъулин, тоҷирон ва савдогарони бозори “Султони Кабир” дар Душанберо ҷарима бастааст.

9 август 2017, 14:25

Насрин Парвизӣ “тамоми моҷаро"-и “16 ҳазор вожаи пешниҳодии Эрон”-ро шарҳ дод

Масъули Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ хабарҳои ахир дар бораи напазируфтани 16 ҳазор вожаи пешниҳодии Эронро барои истифода ё корбурд дар забони тоҷикӣ шарҳ додааст.

9 август 2017, 13:49

Дуруст бинависем: ТАВОНОБАХШ - ТАВОНБАХШ

Шумори иштибоҳоте, ки ба забони мо дар натиҷаи бетаваҷҷӯҳи ба "ҳиссаи нутқ" (яъне ба кадом ҳиссаи нутқ: исм, сифат, феъл ва...) нисбат доштани калимаҳо ба вуҷуд меояд рӯ ба афзоиш дорад ва ин хатар ба беху буни забонамон таҳдид мекунад. Дишаб аз пахши огаҳиҳо (таблиғҳо)-и бозаргонӣ (реклама) батакрор калимаи "тавонобахш"-ро мешунидам: "Ин гиёҳҳои дармонии тавонобахшро пайваста истеъмол намоед". Комилан равшан аст, ки манзури гӯянда дар ин ҷумла на "тавонобахш", балки "тавонбахш", "қувватдиҳанда", "муқаввӣ" мебошад. "Тавоно" сифат аст:

9 август 2017, 12:18

Ҷилавгирӣ аз қочоқи беш аз 550 телефони "Samsung Galaxy"

Хадамоти гумруки Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ дар роҳи мошингарди “Конибодом- Хуҷанд” аз дохили як сабукрави “Опел – Зафира” 553 телефони мобилии тамғаи “Samsung Galaxy” ёфт шудааст.

9 август 2017, 10:59

$1,3 млн қарзи ширкатҳои интернетии Тоҷикистон аз "Қирғизтелеком"

Ширкатҳои таъминкунандаи интернети Тоҷикистон "Телеком Технолоҷӣ" ва "Сатурн Онлайн" аз ширкати қирғизии "Қирғизтелеком" 1 миллиону 349 ҳазор доллар қарздор шудаанд. Дар ин бора мудири ширкати "Қирғизтелеком" Нурлан Мадаминов иттилоъ дод.

9 август 2017, 10:15

Шоҳиён: Шояд 7%-и мардум рӯзнома хонад, дигар ҳама ТВ тамошо мекунанд

Маҳмадсаид Шоҳиён, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон мегӯяд, аксари мардум дар кишвар шабакаҳои телевизиониро тамошо мекунанд ва қисми хеле кам рӯзномаҳо мехонанд.

9 август 2017, 10:00

Э.Раҳмон: Идро ба тӯй ё зиёфат табдил додан хоси мардуми қадимаву фарҳангии мо нест

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Хуросони вилояти Хатлон гуфт, мардум набояд, дар Иди саиди Қурбон, ки ба наздикӣ фаро мерасад, ба хароҷоти беҳуда роҳ диҳанд.

9 август 2017, 09:30

Оянданигарии равандҳои муосири минтақа ва ҷаҳон

“Озодагон” авохири моҳи сипаришуда матлаби журналист Салими Аюбзодро бо номи “Нигоҳ ба оянда. Баъд аз 30 сол бо Тоҷикистон чӣ хоҳад шуд?" нашр кард ва аз ҳамаи донишмандон, соҳибназарон, таҳлилгарони тавонои тоҷик дар саросари олам, ҳамчунин устодону муҳаққиқони Академияи улум ва донишгоҳҳои кишвар даъват кард, ба ин баҳс ҳамроҳ шуда, назароти оянданигарии худро рӯйи саҳфа биёранд. Чанде аз донишмандон паём доданд, ки ба ин баҳс ҳатман доман хоҳанд зад ва нахустин шуда, файласуфи шинохта Ҳафиз Бобоёров матлаби худро унвонии “Озодагон” ирсол намуд.

Бойгонӣ

«    Август 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!