Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 19 ноябр 2017, 15:47
/ Материалы за 12.09.2017
12 сентябр 2017, 18:27

Баррасии Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 дар дидори Э.Раҳмон ва Ҳ.Ҳаҷҷар

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 12 сентябр дар мулоқот бо Бандар Ҳамза Ҳаҷҷар, президенти Бонки исломии рушд аз тавсеаи ҳамкориҳо бо ин созмон изҳори қаноатмандӣ кардааст.

12 сентябр 2017, 17:46

Ҳамовозии Мирзиёев ва Руҳонӣ: Хасм набудему равобити ҳасана ҳам надоштем...

Ҳасан Рӯҳонӣ, президенти Эрон, гуфтааст, равобити Эрону Узбакистон ҳеч вақт хасмона набуд, аммо равобити самимона ҳам надоштанд.

12 сентябр 2017, 16:54

Дипломати тоҷик қаҳрамони мусобиқаи тенниси рӯи миз дар Теҳрон

Як дипломати тоҷик қаҳрамони мусобиқаи тенниси рӯи миз миёни сафоратхонаҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ эълон гардидааст.

12 сентябр 2017, 16:13

Назарзода муҷозот шуд, дигарон барои ислоҳи камбудиҳо муҳлат гирифтанд

Раҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон сардори Раёсати ақибгоҳи ин кумитаро муҷозот кардааст.

12 сентябр 2017, 16:04

“Боми ҷаҳон”-намоиши аксҳои Абдураззоқов дар Порис (АКС)

Дар маркази фарҳанги ACTISCE-и пойтахти Фаронса намоиши аксҳои рассом ва аккоси шинохтаи тоҷик Ниссор Абдураззоқов зери унвони “Тоҷикистон-боми ҷаҳон” доир мегардад.

12 сентябр 2017, 15:52

Писарони Шербеков пеш аз пайвастан ба ДИИШ падарро номусалмон гуфтаанд

Шариф Шербеков марди узбектабор, сокини 61-солаи деҳаи Қизилнишони ҷамоати деҳоти “20 солагии Истиқлол”-и ноҳияи Қубодиён дар ҷануби Тоҷикистон аст, ки дар фикри тақдири фарзандону набераҳояш мебошад, ки ба нақли мақомот дар Сурия қарор доранд.

12 сентябр 2017, 15:34

Барои Фирӯз Холмуродзода 17 соли зиндон талаб шудааст

Айбдоркунандаи давлатӣ барои Фирӯз Холмуродзода, корманди пешини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 17 соли маҳрумият аз озодӣ талаб кардааст.

12 сентябр 2017, 15:06

Алиев гуфт, имконоти ҳамкорӣ бо Душанбе истифода нашудаанд

Илҳом Алиев, раисиҷумҳури Озарбойҷон мегӯяд, имкониятҳои зиёди ҳамкорӣ бо Тоҷикистон феълан истифода нашудаанд.

12 сентябр 2017, 15:06

“Путин номзадиашро ба мақоми президентӣ моҳи ноябр эълон мекунад”

Барномаи роҳбурдӣ ё стратегияи маъракаи интихоботи президентии Владимир Путин тақрибан омода буда, аз ду марҳила иборат аст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсантъ" бо такя ба манбаъҳояш аз Кремл хабар медиҳад.

12 сентябр 2017, 14:19

Пайдо шудани ҷасади як ҷавонзани тоҷик дар Маскав

Дар кӯчаи Краснодарскаяи шаҳри Маскав ҷасади як ҷавонзани 23-сола пайдо шудааст. РИА Новости мегӯяд, ин ҷавонзан шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.

12 сентябр 2017, 11:34

4:2. Пирӯзии мунтахаби футзали Тоҷикистон бар Аморати муттаҳидаи Араб

Яккачини Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстона бо тими миллии Амороти муттаҳидаи Арабро бо пирӯзӣ ба анҷом расонд. Ин дидор, ки 11 сентябр дар доираи омодагии мунтахаби Тоҷикистон ба мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2018 дар шаҳри Шарҷа баргузор шуд, бо ҳисоби 4:2 ба поён расид.

12 сентябр 2017, 11:23

СММ амалиёти зидди мусулмононро дар Мянма поккории қавмӣ хонд

Комиссари олии СММ дар умури ҳуқуқи инсон Зайд Раъд ал-Ҳусейн амалиёти хушунатборро дар аёлати Ракхайни Мянма зидди мусулмонони қабилаи роҳинҷа маҳкум кард. Ӯ ин амалиётро "номутаносиб" ва натиҷаи ҳамлаи шӯришгарон дар моҳи гузашта номид.

12 сентябр 2017, 10:43

Болоравии қурби рубл дар Тоҷикистон

Қурби рубли Русия дар Тоҷикистон боло рафта, имрӯз, 12-уми сентябр 1000 рубл дар нуқтаҳои мубодилаи асъори Душанбе ба ивази 154 сомонӣ фурӯхта мешавад.

12 сентябр 2017, 10:31

СММ амалиёти зидди мусулмононро дар Мянма поккории қавмӣ хонд

Комиссари олии СММ дар умури ҳуқуқи инсон Зайд Раъд ал-Ҳусейн амалиёти хушунатборро дар аёлати Ракхайни Мянма зидди мусулмонони қабилаи роҳинҷа маҳкум кард. Ӯ ин амалиётро "номутаносиб" ва натиҷаи ҳамлаи шӯришгарон дар моҳи гузашта номид.

12 сентябр 2017, 10:25

Чорбоғ: Ноболиғ бо зарби корд ҷавони 22-соларо кушт

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти писарбачаи ноболиғ хабар дод, ки дар қатли ҷавони 22-сола муттаҳам мешавад.

Ба қафо | Ба пеш

Бойгонӣ

«    Сентябр 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!