Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 20 сентябр 2017, 01:43
/ Материалы за 14.09.2017
14 сентябр 2017, 17:05

Тоҷикистон аз рӯи шумори занҳо дар парлумон аз Русия пешсаф аст

Русия аз рӯи нишондоди ҳузури занҳо дар парлумон миёни кишварҳои ҷаҳон дар зинаи 100-ум мақом гирифта, баъди Бритониёи Кабир, Олмон, Озарбойҷон, Қирғизистон ва Тоҷикистон қарор дорад. Ин нуктаро Олга Голодец, ноиби сарвазири Русия дар ҷаласаи шӯрои ҳамоҳангсозии назди ҳукумати ин кишвар иброз доштааст.

14 сентябр 2017, 16:05

Раиси ноҳияи Дарвоз гуфт, даргузашти сардори фурудгоҳ ба омадани Президент вобастагӣ надорад

Саидбурҳон Абдураҳмонзода, раиси ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон гуфтааст, раиси фурудгоҳи Хоруғ аз бемории қалб даргузашт. Қаблан, расонаҳои маҳаллӣ навиштанд, Дилдор Мақсудшоев, сардори фурудгоҳи Хоруғ 13 сентябр замоне ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳурро аз ноҳияи Дарвоз ба Душанбе гусел мекарданд, аз боди чархбол ба санге бархӯрда дар роҳ ба беморхона ба ҳалокат расидааст.

14 сентябр 2017, 14:29

ВИДЕО: Моҳона чӣ қадар пули барқ месупоред?

Хабарнигори “Озодагон” аз раҳгузарон дар кӯчаҳои Душанбе пурсид, моҳона барои истифодаи хизматрасонии нерӯи барқ чӣ қадар пул месупоранд?

14 сентябр 2017, 14:14

Сабринаи 13-сола дар Душанбе пайдо шуд

Сабрина Раҷабова, сокини 13-солаи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе дар роҳ ба мактаб бедарак шудааст.

14 сентябр 2017, 11:59

Мизони меҳмоннавозӣ: Тоҷикистон мақоми 96-ум гирифт

Тоҷикистон дар раддабандии мизони меҳмоннавозӣ “Passport Index” мақоми 96 гирифтааст.

14 сентябр 2017, 10:35

Cабти 2 ҳодисаи қатли падар аз сӯи писар дар 2 рӯзи охир

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон тайи ду рӯзи гузашта ду ҳодисаи қатли падар аз сӯи писаронро ба қайд гирифтааст.

14 сентябр 2017, 10:16

Хуҷанд: Ҷилавгирӣ аз интиқоли як тангаи соли барориши 1796 ба Русия

Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз боздошти як мусофири хатсайри “Хуҷанд-Маскав” хабар дод, ки қасд дошта, сиккаи арзиши таърихию фарҳангидоштаро ғайриқонунӣ ба хориҷи кишвар интиқол бидиҳад.

14 сентябр 2017, 09:34

Гадоев гум шуду оилааш пароканда

Босумбой Гадоев, сокини ҷамоати Тоғояки ноҳияи Спитамен буда, соли шашум аст, ки дар ҷустуҷӯи ҷиноӣ қарор дорад. Ин мард ҳамагӣ 34 сол дошта, аз соли 2010 рӯ ба муҳоҷират овада, пас аз як соли дар ФР қарор доштан ба намозхонӣ шурӯъ кардааст.

14 сентябр 2017, 08:57

Дар Душанбе бо 51000 сомонӣ пойгаи аспдавонӣ баргузор мекунанд

Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи кушоди пойгаи аспдавонӣ доир мешавад.

14 сентябр 2017, 08:43

Фармони №934-и Президент. Даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиш

Эмомалӣ Раҳмон зери фармони даъвати тирамоҳии ҷавонон ба саффи қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон имзо гузоштааст. Ин формон таҳти рақами 934 чоршанбеи 13 сентябр дар сомонаи Президенти Тоҷикистон нашр шудааст.

14 сентябр 2017, 08:15

Таърихи имрӯз: Мавлуд, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз

ПАНҶШАНБЕ. 14-уми сентябр - 257-умин рӯзи сол. То поёни сол 108 рӯзи дигар монда.

Бойгонӣ

«    Сентябр 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!