Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 17 декабр 2017, 05:30
/ Материалы за 06.10.2017
6 октябр 2017, 17:24

Ҷоизаи сулҳи Нобелро ба “Ican” доданд

Корзори байналмилалии маҳви силоҳҳои ҳастаӣ – “Ican” барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2017 гардид.

6 октябр 2017, 15:35

АКС+ВИДЕО: Қадрдонӣ аз медалдорони Бозиҳои V–уми осиёӣ

Имрӯз, 6 октябр дар шаҳри Душанбе дар як маросим аз варзишгароне, ки медалҳои Бозиҳои V–уми осиёӣ дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размиро ба гардан овехтанд, қадрдонӣ шуд. Ин бозиҳо аз 16 то 27 сентябр дар пойтахти Туркманистон – шаҳри Ишқобод сурат пазируфт.

6 октябр 2017, 14:37

Дабири кулли НАТО: "Ҷанги сард бо Русияро намехоҳем"

Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг гуфт, ҳеч гуна таҳдиди бевоситаеро аз тарафи Русия намебинад. Вале қайд кард, ки муносибатҳо баъди ишғоли Қрим ва нооромии шарқи Украина ба таври ҷиддӣ бад шудаанд. Вай ин суханҳоро дар суҳбат бо хабарнигори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар шаҳри Брюссел баён дошт.

6 октябр 2017, 14:05

Шарҳи Вазорат дар бораи надодани иҷозатнома ба ДОМ-и Оқохон

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон тасдиқ кардааст, ки расман барои фаъолияти Донишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказӣ дар Хоруғ, ки аз ҷониби Бунёди Оқохон сохта шудааст, иҷозат надодаанд.

6 октябр 2017, 10:53

Саидҷалол Комроншоҳро шикаст дод ва соҳиби Ҷоми Президенти Тоҷикистон шуд

Саидҷалол Саидов, паҳлавони номдори тоҷик ғолиби 5-умин Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷудо гардид. Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар додааст.

6 октябр 2017, 09:51

Шаби хунин: Марди 71-сола зану духтарашро корд заду худро ба дор кашид

Маъмурини милиса фоҷиаи хунинро, ки шаби 4 ба 5-уми октябр дар оилаи марди 71-сола дар ноҳияи Бохтар рух додааст, таҳқиқ доранд.

6 октябр 2017, 09:29

Даъвати “Суғдсинамо”: Дар рушди синамои миллӣ саҳим бошед!

Дар Душанбе намоиши филмҳои ҳунарии Муассисаи давлатии “Суғдсинамо” шурӯъ мешавад.

6 октябр 2017, 09:03

Табрикоти О. Раҳмон ба падараш: Аз дастархон то қавли фарзандон (ВИДЕО)

Озода Раҳмон, раҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон тариқи як навори видеоӣ падар, устод ва роҳбаладаш-Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистонро бо 65-умин солгарди мавлудаш шодбош гуфтааст.

6 октябр 2017, 08:05

Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз

ҶУМЪА. 6-уми октябр - 279-умин рӯзи сол. То поёни сол 86 рӯзи дигар монда.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!