Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 17 декабр 2017, 05:38
/ Материалы за 11.10.2017
11 октябр 2017, 16:48

Хонандаи муттаҳам дар ҳамлаи ду ҳамдарсаш ҳангоми боздошт талош кард, рагҳояшро бибурад

Саидкомрон Саидвоҳидов, хонандаи колеҷи ҳуқуқии шаҳри Тошканд бо айби ҳамла ба ду ҳамдарсаш боздошт шуд. Яке аз зарардидаҳо дар ҷои ҳодиса кушта ва дувумӣ дар бемористон бистарӣ шуд. Саидвоҳидов, ки аз ҷои ҳодиса фирор карда буд, дар ҳамон рӯзи фоҷиа боздошт шуд. Вай ҳангоми боздошт талош кард, ки рагҳояшро бибурад.

11 октябр 2017, 16:16

Танзи сиёсӣ: Тахтабанд дар моварои ду арсаи бениҳоят

Фикр мекунед, чӣ умумияте метавонад мо тоҷиконро бо парайа ном қабилаи сокини ҷангалистони Амазони Амрикои Ҷанубӣ пайванд бидиҳад? Оре, ҳама инсон ҳастем, дар як сайёра зиндагӣ мекунем, аз як ҳаво нафас мекашем ва бисёре аз умумиятҳои дигар. Вале агар пурсида шавад, чӣ ҳаст, ки моро дар ду қутби муқобил қарор медиҳад, посухи Шумо чӣ хоҳад буд? Медонам, медонам, мегӯед ин чи ҳамоқату чи беинсофист, ки моро, миллатеро бо чунон таъриху фарҳанги куҳану пурғановат бо чунин қабилаи нимаурёну нимаваҳшӣ дар як радиф мегузорӣ, қиёс мекунӣ? На, на, комилан роҳат бошед, азизон, биеӯд, аз рӯи одат зуд ба “умқ" ба “гузаштаи дури пурифтихорамон” фуру наравем. Мо фақат мехоҳем лаҳзае дар истгоҳи “Имрӯз”-амон таваққуф намоему роҷеъ ба як падидаи наве, ки дар забони ширину пурғановату малакутиамон ба зуҳур омада, суҳбат кунем.

11 октябр 2017, 15:01

Боздошти як корманди “Бонки Эсхата”: 27000 сомониро “ба манфиати шахсиаш” сарф кардааст

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон як корманди филиали “Бонки Эсхата” дар шаҳри Душанберо боздошт кардааст.

11 октябр 2017, 14:33

Р.Эмомалӣ бозори “Шоҳмансур”-ро баст: Фурӯшандаҳо бо ҷои нав таъмин шаванд

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, имрӯз, 11-уми октябр бо имзои як қарор фаъолияти “Бозори Шоҳмансур”-и пойтахтро қатъ кардааст.

11 октябр 2017, 12:37

Ҷазо-иловаи меъёри нав ба қонун дар бораи ВМКБ

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 11-уми октябр ба қонун “Дар бораи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон” тағйирот ворид кард.

11 октябр 2017, 12:12

Сабукӣ барои сарбозон: Аз рухсатӣ то озодии пеш аз муҳлат

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо қабули тағйирот ба қонун “Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ” ба сарбозон баъзе сабукиҳоро ироа кард.

11 октябр 2017, 11:02

10 рӯзи даъвати наваскарон: Кӣ пешсаф?

Вазорати дифои Тоҷикистон аз иҷрои 46 дарсади нақшаи тирамоҳии даъвати наваскарон тайи 10 рӯзи аввал хабар дод.

11 октябр 2017, 09:47

Аз заминҳое, ки давлат молиёт меситонад, ушр дода мешавад ё не?

Маркази исломии Тоҷикистон ба суоли як корбари сомонаи марказ дар мавриди додани ушр аз заминҳое, ки молиёт пардохт мешавад, посух додааст.

11 октябр 2017, 09:33

Содиқов баъди 10 соли фирор дар Маскав боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуд

Мақомоти пулиси Русия Муродалӣ Содиқов, як шаҳрванди 46-солаи Тоҷикистонро, ки дар пайгарди байналмилалӣ қарор доштааст, боздошт ва ба Ватан истирдод кардааст.

11 октябр 2017, 08:53

Мунтахаби футболи Тоҷикистон Непалро шикаст дод

Мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар даври чоруми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 яккачини Непалро шикаст дод.

11 октябр 2017, 08:26

Изҳори миннатдории Э.Раҳмон ба В.Путин барои авфи шаҳрвандони Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви ИДМ, ки дар шаҳри Сочи баргузор шуд, бо Владимир Путин, президенти Русия мулоқот кардааст.

11 октябр 2017, 08:06

Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз

ЧОРШАНБЕ. 11-уми октябр - 284-умин рӯзи сол. То поёни сол 81 рӯзи дигар монда.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!