Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 18 октябр 2017, 18:06
/ Материалы за 13.10.2017
13 октябр 2017, 17:28

Консерти ройгон ва озоди ситораҳои тоҷику аврупоӣ дар Душанбе

Ситораҳои санъати тоҷик дар поёни Ҳафтаи фарҳангии Аврупо дар Тоҷикистон дар маркази Душанбе консерти ройгон баргузор мекунанд.

13 октябр 2017, 16:10

Ҷузъиёти тирпаронии корманди ҳукумати Хоруғ сӯи наздиконаш барои мерос

Вазорати умури дохили Тоҷикистон тирпарронии маргбори 6 октябр дар деҳаи Поршневи ноҳияи Шуғнонро шарҳ дод.

13 октябр 2017, 15:30

Мулоқоти раиси ВМКБ бо соҳибкорон: Аз фиреби ҳукумат то мардум

Шодихон Ҷамшед, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мегӯяд, таҷрибаи солҳои охир нишон медиҳад, ки бархе соҳибкорон ҳукуматро фиреб медиҳанд.

13 октябр 2017, 14:09

Вазири нақлиёт дар арафаи зимистон: Техникаи кам дорем...

Худоёр Худоёрзода, вазири нақлёти Тоҷикистон дар пасманзари роҳбандиҳои зимистони гузашта, ба намояндагони мардумӣ дар парлумон оиди омодагиҳояш ба зимистони оянда ҳисобот дод.

13 октябр 2017, 12:03

Собиқ беҳтарин футболбози ҷаҳон Президенти кишвараш шуд

Ҷорҷ Веа, беҳтарин бозигари ҷаҳон ва барандаи туби тиллоӣ дар соли 1995 президенти Либерия интихоб шуд.

13 октябр 2017, 11:18

Шӯрои уламо паҳнсозии акси мурдаҳоро дар интернет нодуруст хонд

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бознашр ва паҳни акси афроди вафоткардаро дар интернет номақбул хондааст.

13 октябр 2017, 10:01

Ҳабибулло Беков даргузашт (ВИДЕО)

Ҳабибулло Беков, овозхони шинохтаи фалак даргузашт.

13 октябр 2017, 09:25

Tcell ба донишҷӯён кумак мекунад, то “шуғли рӯъёӣ” ёбанд

Ширкати Tcell дар доираи дастгирии соҳаи маориф барои донишҷӯёни донишгоҳҳои бузурги кишвар семинарҳо мегузаронад. Семинарҳо барои дарёфт ба кори сазовор аз сӯи Зарина Ғазарян, менеҷери шӯъбаи идоракунии лоиҳаҳои стратегии Tcell гузаронида мешаванд.

13 октябр 2017, 08:27

Шукурҷон Зуҳуров: Дар баробари роҳи пулакӣ бояд роҳи алтернативӣ ҳам мавҷуд бошад

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон мегӯяд, дар баробари роҳи пулакӣ, бояд роҳҳои алтернавтивӣ низ мавҷуд бошанд. Ҷаноби Зуҳуров ин нуктаро 11 октябр зимни қабули созишномаи қарзӣ миёни Тоҷикистон ва Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вобаста ба лоиҳаи “Беҳтар намудани роҳи автомобилгарди Душанбе- Қӯрғонтеппа” иброз дошт.

Бойгонӣ

«    Октябр 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!