Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 19 феврал 2017, 16:59
17 феврал 2017, 15:29

Тоҷикистон ба Бозиҳои зимистонаи осиёӣ 4 варзишгар мефиристад

Тоҷикистонро дар VIII-умин Бозиҳои зимистонаи осиёӣ 4 варзишгар муаррифӣ мекунад.

16 феврал 2017, 16:04

Рақибони мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон 17 март муайян мешаванд

Рақибони тими ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол (U-23) дар даври интихобии мусобиқоти Осиё-2018 рӯзи 17 март муайян мешаванд. Ин мусобиқа аз 15 то 23 июл баргузор мешавад.

9 феврал 2017, 17:11

Варзишгари тоҷик дар даври аввал ҳарифашро беҳуш сохт (АКС+ВИДЕО)

Сайдо Самадов, варзишгари ҷавони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии “WEF PROFFIGHT-13 “AKHMAT EVOLUTION”, ки аз ҷониби федератсияи ҷаҳонии куштиҳои миллӣ “Кулатуу эртаймаш ММА” дар Бишкеки Қирғизистон баргузор шуд, ба мақоми аввал расид.

9 феврал 2017, 16:25

Бепулӣ “Равшан”-у “Хайр”-ро аз Лигаи олӣ маҳрум сохт

Федератсияи футболи Тоҷикистон тими “Равшан”-и Кӯлоб ва “Хайр”-и Ваҳдатро аз ҳаққи ширкат дар мавсими нави лигаи олии футболи Тоҷикистон маҳрум кардааст. Дафтари матбуоти ФФТ мегӯяд, ин тасмим дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи федератсия гирифта шудааст.

8 феврал 2017, 15:48

“Истиқлол” бозигарашро аз тими Булғористон “иҷора” гирифт

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе Нуриддин Давронов, собиқ нимҳимоятгарашро аз дастаи “Дунав”-и Булғористон барои бозӣ дар ҳайати даста то охири моҳи июл ба иҷора гирифтааст.

7 феврал 2017, 17:01

Зодаи Тоҷикистон сармураббии бошгоҳи “Балтика”-и Калининград шуд

Игор Черевченко, футболбози пешини тими миллии Тоҷикистон, сармураббии бошгоҳи “Балтика”-и Калинингради Русия шудааст.

3 феврал 2017, 15:51

Мақоми сеюми Мутриба дар озмуни “Зеботарин шатранҷӣ”-и АвруОсиё

Мутриба Ҳотамӣ, шоҳмотбози тоҷик мақоми сеюми озмуни “Зеботарин шатранҷӣ”-и АвруОсиёро ба худ ихтисос дод.

3 феврал 2017, 09:53

Футболбози тоҷик то охири ин мавсим дар Қазоқистон мемонад

Давронҷон Эргашев, ҳимоятгари мунтахаби футболи Тоҷикистон қарордодаш бо дастаи “Тараз”-и Қазоқистонро тамдид кард.

31 январ 2017, 11:53

Универсиадаи зимистона: Варзишгарони тоҷик дар лижаронии куҳӣ қувва меозмоянд

Тоҷикистонро дар Универсиадаи зимистонаи Алмаатои Қазоқистон се варзишгар намояндагӣ мекунад.

26 январ 2017, 14:43

Эмомалӣ Раҳмон Президенти Кумитаи миллии олимпӣ боқӣ монд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бори сеюм Президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар интихоб гардид.

25 январ 2017, 16:05

"Рейтинг"-и гурзандозҳо: Дилшод Назаров боз дуюм шуд

Дилшод Назаров, гурзандози тоҷик, барандаи медали тиллои мусобиқоти олимпии Рио-2016 дар раддабандии ҷаҳонии IAAF Hammer Throw Challenge миёни гурзандозон дар зинаи дуюм ҷой гирифтааст.

23 январ 2017, 15:52

Ҷаҳонгир бо “Динамо” хайрухуш кард

Ҷаҳонгир Эргашев, ҳамлагари дастаи мунтахаби Тоҷикистон ва яке аз ҷавонтарин легионерҳои тоҷик “Динамо”-и Брести Белорусро тарк кардааст.

19 январ 2017, 09:23

Даъвати футболбози тоҷик ба Баҳрайн

Нозим Бобоҷонов, нимҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон карераашро дар дастаи “Баҳрайн” идома медиҳад.

17 январ 2017, 15:08

Мақоми аввали шоҳмотбози тоҷик дар Ҳиндустон

Фаррух Амонатов, шатранҷбози шинохтаи тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии “Delhi International Open-2017”, бо дарёфти 8,5 имтиёз мақоми аввалро соҳиб гардид.

9 январ 2017, 11:44

Як голи беҷавоби футболбозони тоҷик ба дарвозаи мунтахаби Юнон

Яккачини ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол (U-18) дар XXIX-умин мусобиқаи байналмилалӣ барои гиромидошти хотираи аввалин ноиби президенти Федератсияи байналмилалии футбол Валентин Гранаткин мунтахаби Юнонро шикаст дод.

Ба қафо | Ба пеш

Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!