Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 23:28
25 август 2014, 12:34

Ҷавоби расмии Нусратулло Салимзода, вазири тандурустӣ, ба матлаби "Озодагон"

Биёед, таҳлил ва шарҳи воқеаҳоро дуруст ва ҳақиқати ҳолро ба хонандаву мардум воқеъбинона баён намуда, ҳам хонанда ва ҳам мардумро гумроҳ насозем, то ки боиси якдигарнофаҳмиҳои шаҳрвандони ҷомеаи имрӯза нагардем

25 август 2014, 11:28

Номаи муҳоҷирон ба сафир... баъд аз иддаои Каромат Шарифов

Ҳудуди 150 муҳоҷири тоҷик, ки дар бозори “Садовод”-и Русия машғули коранд, бо ирсоли номае ба сафири кишвар дар Маскав, Имомуддин Сатторов, иддао дар мавриди поймол шудани ҳуқуқашон аз сӯи корфармоёнро рад кардаанд.

22 август 2014, 10:43

Талаби истеъфои вазири тандурустӣ аз сӯи шарҳнависон

Фармони Нусратулло Салимзода - вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар мавриди додани имтиёз ба донишҷӯёни баъзе аз шаҳру навоҳии кишвар ҳангоми дохил шудан ба Донишгоҳи тиббӣ бо вокуниши сахти корбарони “Озодагон” рӯбарӯ шудааст.

14 август 2014, 15:46

Сайидзода: Ба косташавии ахлоқ худамон гунаҳкор ё интернет?

Омори ҷустуҷӯҳо дар Интернет, ки аз ҷониби тоҷикистониён сурат гирифтааст, мутаассифона, баёнкунандаи он аст, ки ҳамватанони мо дар Интернет бештар ба дунболи тамошои аксҳо ва намоишҳои дорои мазмуни робитаҳои ҷинсӣ будаанд.

13 август 2014, 10:51

Насли Раҳмон, шукрона, мардикор ё зулмоту каммасраф?

Давлатмардони кишвари ман азбаски натавонистанд ба раияташон рифоҳу арзонӣ биоваранду шароите фароҳам кунанд, ки дар он метавон хуб зиндагӣ кард, зеҳнияти аввомро бо каммасрафиву парҳез аз исроф банд карданд.

12 август 2014, 13:07

Пешниҳоди таъсиси “Маркази шаҳватсанҷӣ” барои “муллоҳо”

Вобаста ба вазъияти баамаломада Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ва Шӯрои уламои Маркази исломиро зарур аст, бо ташкили “Маркази шаҳватсанҷӣ” вазъиятро зери назорати худ гиранд.

11 август 2014, 11:58

Суол: “Ободиҳое, ки ҳукуматдорон мекунанд, аз кисаи худашон аст?”

Як хонандаи “Озодагон” дар робита ба “маслиҳат”-и Бонки ҷаҳонӣ барои истифода аз таппак дар фасли сармо ва ҳангоми камбуди нерӯи барқ дар Тоҷикистон назари худро фиристодааст.

7 август 2014, 15:40

Матни номаи 21-саҳифагии Шӯҳрат Қудратов қабл аз боздошташ

Матни комили номаи Шӯҳрат Қудратов, вакили боздоштшудаи Зайд Саидов – соҳибкор, вазири собиқи саноат ва раҳбари зиндонии ҳизби Тоҷикистони нав тоза ба забони тоҷикӣ тарҷума ва дастраси мо шуд.

7 август 2014, 10:30

Ошӯрмо Аловатшоева барои наҷоти зиндагияш 84 700 сомонӣ мехоҳад

Ошӯрмо Аловатшоева, духтари маъюби тоҷик, барои пардохти маблағи ҷарроҳияш, ки метавонад, зиндагии ӯро дар ин синни ҷавонияш ранги дигар бахшад, аз ҳамватанони хайрхоҳи худ талаби кумак кардааст.

5 август 2014, 10:18

Хонанда: “...агар ин аҳволро бинанд, дар бораи Ватану ҳукумати мо чӣ фикр мекунанд?”

Дар пайи зиёд шудани шикояти сокинони шаҳри Душанбе аз сари вақт тоза нашудани партовгоҳҳо дар пойтахт, яке аз корбарони “Озодагон” низ бо ирсоли нома ба унвони хабаргузорӣ, аз мақомот хостааст, ба мушкили онҳо расидагӣ кунанд.

29 июл 2014, 11:28

Сӯгномаи Луқмон Бойматов дар ҳаққи Ҷонибеки Акобир

Бегумон даргузашти бародари бузургворамон -- Ҷонибек Акобиров гарди ғам бар чеҳраи фазлу адаб пошидааст.

18 июл 2014, 15:25

Номаи Додоҷони Атовулло ба модараш: “Танҳо ин дарё медонад, ки ташнаи дидор будан чист”

Модари ҷон! Ҳамон паррандае, ки пойҳояш обила бастаанд ва аз дилаш хун мечакад, манам. Шинохтӣ?

14 июл 2014, 18:36

Сухангӯи собиқи президент: “Чаро худамонро бо хаёлбофиҳо хушҳолу хотирҷамъ мекунем?”

Мо бояд бипазирем, ки бо тамоми пешрафтҳои дурахшону мусбате, ки дорем, дучори бемориҳои гуногуне шудаем. Ҷомеаи мо ниёз ба дармон ва таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба масъалаҳои иҷтимоӣ дорад.

14 июл 2014, 10:34

Аз сокинон хостаанд, фитри рӯзаро ба имоми деҳаашон диҳанд

Чанд рӯз пештар дар як деҳаи Файзобод мусофир шудам. Қабл аз намози таровеҳ раиси маҳалла эълон кард, ки тибқи амри ҳукумат ҳамаи сокинон бояд маблағи фитри рӯзаи худро ба домуллои деҳа бидиҳанд. Ӯ гуфт, дар маҷлиси ҳукумати ноҳия гуфтаанд, ки ин фармон аз “боло” аст.

11 июл 2014, 17:42

Видеои Бахтовар Сафаров, муҳоҷире, ки аз ошёнаи 10 афтодааст

Яке аз наздикони Сафаров баъд аз зуҳри ҷумъа ба “Озодагон” видеои суҳбати ӯро дастрас намуд ва гуфт, ниёзмандии Бахтовар барои дарёфти кумак ва табобат воқеист.

Ба қафо | Ба пеш

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!