Бахшҳо

Раиси Шӯрои ҷавонон: "Ношукрӣ аз шароити имрӯза беинсофист"

Имрӯз, 23-юми май дар Тоҷикистон соли 16-ум аст, Рӯзи ҷавонон ҷашн гирифта мешавад. Ба муносибати Рӯзи ҷавонон дар гӯшаву канори кишвар маросимҳое бо ширкати ҷавонон баргузор хоҳад шуд. Илҳомҷон Ҳамидов, раиси Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз мушкилӣ ва бурду бохти ҷавонони имрӯза бо “Озодагон” суҳбат кард.

Озодагон: Феълан фазои фаъолияту озодии ҷавононро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Илҳомҷон Ҳамидов: Фазо комилан озод аст. Дар Тоҷикистон, ки аз ҷумлаи ҷавонтарин мамлакатҳои Осиё маҳсуб мешавад, фаъолияти густурда ва пурсамари ҷавонони мо бараъло мушоҳида мегардад. Имрӯз ҷавонони тоҷик аз ҳамсолони 10 сол қаблии худ пурра фарқ мекунанд-онҳо нисбатан ҷаҳондидаанду донишҳои хуби соҳавӣ доранд. Қиёси фазои озодии ҷавонон дар даврони муосир бо шӯравӣ аз замин то осмон аст, вале Шумо озодиро чӣ гуна мефаҳмед, ин мавзуъи баҳси дигар. Озодӣ дар ҷойи ҷамъиятӣ якдигарро лату кӯб кардан нест, озодӣ ҳамеша фаъолияти ҳукуматро сиёҳ гуфтану дидан нест, озодӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ гаравидан иртибот надорад, озодӣ иҷро накардани қарори ҳукумат нест. Дар чаҳорчӯбаи қонун озодона зистан озодист. Бубинед, дар шароити муосир ҷавоне, ки воқеан Ватани худро дӯст медорад ва ободию тараққиёти онро мехоҳад, ҳатман аз таҷрибаи ҷаҳонии пешбурди иқтисодиёт воқиф мегардад. Фаъолияти бештар аз 250 созмонҳои ҷамъиятии ҷавонон гувоҳи он аст, ки фазо ва шароит муҳайёст, вале афсӯс, на ҳамеша аз ин имкониятҳо пурсамар истифода бурда мешавад.

Озодагон: Метавонед аз намунаи дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол дар соҳаи илму фановарӣ ёдовар шавед?

Илҳомҷон Ҳамидов: Тоҷикистон 22 сола шуд. Сол нест, ки дар ин самт дастовард надошта бошем. Ҳамарӯза дар ин ё он кунҷи олам олимони тоҷик дар конфронсҳои ҷаҳонӣ баромад мекунанд, донишҷӯён пайи ихтирои нав ҳастанд. Кулли дастовардҳоро наметавон ёдрас шуд, вале агар таҷрибаи соҳибистиқлолиро гӯем, дар нахустин рӯзҳои он таъсиси сохторе, ки сиёсати давлатиро дар соҳаи ҷавонон пеш мебарад, аз гомҳои устувор дар ин самт ва дарки амиқи масъулияти он буд, ки ҷавонон метавонанд нерӯи созанда бошанд. Фаъолияти 16-солаи сохтори ҷавонон нафаронеро чун И.Ҳ.Раҳимов (директори Раёсати сиёсати иҷтимоии котиботи кумитаи ҳамгироии Иттиҳоди иқтисодии ЕврАзия), А.Қ.Латипов (муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон), А.Қ.Раҳмонов (раиси кумитаи ТВ ва радио), Д.Ш.Саидов (раиси кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ), М.Неъматов (раиси кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ), У.Давлатзод (муовини вазири рушди иқтисод ва савдо) ва дигаронро рӯйи кор овард. Ин нафарон мисоли барҷастаанд, ки ҳама чиз дар дасти худи мост. Дар зарфи чанд соли охир таваҷҷуҳи ҳамсолони мо ба илм чунон зиёд гаштааст, ки аз як ҷониб, мо ифтихор мекунему аз ҷониби дигар, аз гаравидани нафарони тасодуфӣ ба илм нигаронӣ. Хушбахтона, нишондоди синну солии миёна дар илм ба ҷавоншавӣ кӯшиш дорад, ҳарчанд ҳанӯз ҳам камбудиҳо ҳастанд. Таъсиси корхонаҳои наву замонавӣ дар гӯшаю канори ҷумҳурӣ барои ҷавонон ҷойҳои нави корӣ муҳайё мекунанд. Ихтироъкорон ҷавони мо, ки дар Донишгоҳҳои миллӣ, техникӣ ва технологӣ бо коркарду истеҳсоли навгониҳо дар соҳаи илм ва фанноварӣ машғуланд, намунаи барҷаста ҳастанд. Маҳсули эҷоди ин ҷавонон аз ҷониби президенти кишвар низ борҳо баҳои баланд гирифтааст.

Озодагон: Шароити имрӯза барои рушди ҷавонон дар соҳаҳои илм чӣ гуна аст? Оё метавонем гӯем, ки асосҳои рушди илм аз омӯзишгоҳҳои мактаби миёна сар карда, то макотиби олӣ ва академияи хурди фанҳо ба талаботи ҷаҳони муосир ҷавобгуй аст?

Илҳомҷон Ҳамидов: Не, наметавонем. Шояд қисман ҷавобгӯ бошад, вале пурра не. Ин асосҳо дар мактаби миёна, олӣ ва академияи хурди фанҳо аз ҳамдигар хеле фарқ мекунанд. Президент низ борҳо таъкид карда буданд, ки вақти миқдоран омода кардани мутахассисон гузаштааст ва барои мутобиқ будан ба талаботҳои ҷаҳони муосир сифатан кадр тайёр намоем. Хеле афсӯс, ки дар баъзе ноҳияҳои кишвар мақомотҳои давлатии татбиқкунандаи сиёсати давлатии ҷавонон барои фаъол сохтани нерӯи ҷавон ба таври ҷиддӣ машғул нестанд. Бинобар ин, ба зеҳни ҷавонон гурӯҳҳои бегонапараст, моҷароҷӯ ва ҷиноятпеша таъсир мерасонанд. Ба ҳар сурат, шароит барои рушди илм натанҳо аз ҳукумати кишвар, балки роҳбарони дигар ҳам иртиботи қавӣ дорад. Барои мисол, вақте ки Нуриддин Саидов (вазири маорифи имрӯза) ректори ДМТ таъин гардид, корҳое, ки ӯ дар 2 сол анҷом дод, донишгоҳ дар таърихи 65-солааш надида буд. Бе муболиға ва хушомад, Нуриддин Саидов Донишгоҳи миллиро ба гулистон табдил дод. Кош чунин роҳбарон зиёд бошанд. Дар масъалаи ҷалби ҷавонон ба илм имкониятҳои фаррох муҳайё шуданд. Бо пофишории Маҳмадқул Каримов (муовини ректор оид ба илм) шумораи аспирантон аз 70 ба 288 нафар расонида шуд. Илова бар ин, бештар аз 300 нафар унвонҷӯёни хориҷию ватанӣ ҳам ба кори илмӣ машғуланд. Дуруст, ки миқдор нишондиҳандаи сифат буда наметавонад, вале шумо андешед, ки ҳамаи ин аспирантон ҳар моҳ 545 сомонӣ идрорпулӣ мегиранд, 1 маротиба ба хориҷа аз ҳисоби донишгоҳ фиристода мешаванд, мақолаҳои илмиашон дар маҷаллаи «Паёми ДМТ», ки статуси байналмилалӣ дорад, ройгон нашр мешавад. Хобгоҳи замонавӣ дар ихтиёри онҳост. Фишурдаи кори илмиро ҳам донишгоҳ нашр мекунад. Дар сурати пеш аз муҳлат ҳимоя намудани рисолаи номзадӣ ба аспирант 5 стипендия ва ба роҳбари ӯ 2 маош мукофотпулии ҳавасмандкунӣ муқаррар шудааст. Боз даҳҳо имтиёзҳо ҳаст, ки аспирантон аз онҳо бархӯрдоранд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, аз шароитҳо ношукрӣ кардан аз рӯйи инсоф нест. Ин танҳо таҷрибаи ДМТ аст. Чунин мактабҳои олӣ дар кишвар мо беш аз 40 ададанд. Ҳамаи онҳо барои ҷалби ҷавонон ба илм заҳмат мекашанд.


Озодагон:
Чаро ҷавонони тоҷик ба илм, бахусус ба илмҳои химия, физика, биология ва ғайра камтар таваҷҷух дорад?

Илҳомҷон Ҳамидов: Агар гӯем, ки ин илмҳо камдароманд ё престиж нестанд, хато мекунем. Медонед, илмҳои номбурдаи Шумо дар муқоиса бо илмҳои гуманитарӣ хеле каманд. Як шохаи илмҳои ҷомеашиносӣ даҳҳо илми дигарро дар бар мегирад. Рушди илмҳои гуманитарӣ ҳам аз манфиат холӣ нест, зеро илмҳои бунёдӣ бе ҷомеашиносӣ ҳеҷ буда наметавонанд. Онҳо мисли ангуштони як панҷаанд. Ба ҳар сурат, яке аз омилҳои ин шояд он бошад, ки ҳанӯз на ҳамаи ҷавонон ҳадафи худро дар зиндагӣ муайян кардаанду ҳамчун шахсият ташаккул ёфтаанд. Бархурдор набудан аз имкониятҳои ҳифзи иҷтимоӣ, соҳиби ихтисос ва шуғли мувофиқ ҳам сабаб мешаванд.

Озодагон: Кӯшишҳои соҳаҳои марбут ба ҳукумат дар маҷмуъ барои рушди илм миёни ҷавонон чӣ гуна аст?

Илҳомҷон Ҳамидов: Манзури Шумо академияи илмҳо бошад, илм дар он ниёз ба ҷавоншавӣ дорад. Ман ҳамеша дар баромадҳои худ мегӯям ва боз ҳам такрор мекунам, ки аз ҷавонҳо набояд тарсид. Ба мо имконият диҳед, то донишу қобилият ва ҳунару истеъдоди худро ба маъраз гузорем. Дар сурате, ки ҳудуди 2 миллион шаҳрванди кишвар ҷавон аст, пас, ҷавононро дастгирӣ мебояд. Мефаҳмед, ин як стереотип аст, ки академик бояд пири мӯйсафед ва бо айнакҳои калон-калон бошад. Ёд дорам, худи ман дар кӯдакӣ чунин мефаҳмидам, вале ҳоло ки болиғ ҳастаму бо илм сару кор дорам, мефаҳмам-ин як шаблони боршуда аст. Аз ҷониби дигар, илм саросемагиро намепарастад. Танҳо таҳлил ва пажӯҳиши амиқ натиҷаи дилхоҳ ба даст меорад. Фарзан, мо бо Заҳрулло Раҳмонов, ки дар арсаи ҷаҳонӣ нуфуз доранд ва Абдуҷаббор Раҳмонов-ҷавонтарин академики тоҷик фахр мекунем. Мукаррама Қосимова, Маҳмаисуф Имомов, Акбар Турсун, Худоӣ Шарипоф, Асадулло Саъдуллоев, Иброҳим Усмонов ва даҳҳо тани дигар роҳнамои илми мо-ҷавононанд. Вале баъзе истеъдодҳое ҳастанд, ки бо суръати кайҳонӣ пеш мераванд. Чунин ҷавононро «ту ҷавонӣ» гуфта, пеши по задан аз ақл берун аст. Фикр мекунам, яке аз ҳадафҳои умдае, ки чанд соле қабл аз ҷониби Роҳбари давлат дар мавриди таҷдиди академияи илмҳо сурат гирифта буд, ҷавон намудани илм дар Тоҷикистон арзёбӣ мегардад. Агар манзури Шумо вазорати маориф бошад, дар ду соли охир кӯшишҳо дар самти ҷавон намудани ҳайати мушовара ва дигар кормандони масъули он ба назар мерасад. Имрӯз аз ҳисоби роҳбарони зерсохторҳои вазорат ва мудирони раёсати шуъбаҳо қариб нафароне нестанд, ки номзад ё доктори илм набошанд. Аз ҷониби Ҳукумат қабул шудани низомнома оид ба омода намудани мутахассисон аз рӯйи PhD қадаме пеш дар ин самт аст.

Озодагон: То ҷое маълум аст, яке аз мушкилоти илми муосири тоҷик камбуди маблағ арзёбӣ мешавад. Кӯшишҳо барои ҷалби бештари маблағгузорӣ, дар маҷмуъ, сармоягузорӣ ба илм то куҷо бобароранд?
Илҳомҷон Ҳамидов: Маблағ яке аз муҳимтарин унсур дар пажӯҳиши илмӣ аст. Хосатан, нақши он дар илмҳои бунёдӣ ба назар мерасад. Қисми калони буҷаи давлатро ҳамасола маблағҳои илм ва маориф ташкил мекунанд. Маҳз ҳамин дастгириҳост, ки ҳамасола номзадҳои илм зиёд мегарданд. Баъдан, дар назди марказҳои илмӣ-таҳқиқотии мактабҳои олӣ барои дарёфти сарпарастон тадбирҳо андешида мешаванд. Аммо ҷоиз аст таъкид кунем, ки созмонҳои байналхалқӣ барои маблағгузории илм камтар таваҷҷуҳ мекунанд. Бештари озмунҳо ва сарпарастиҳо дар илм характери дохилӣ доранд.

Озодагон: Имрӯз метавон аз донишу пажӯҳишҳои илмии донишҷӯёни тоҷик фахру ситоиш кард?

Илҳомҷон Ҳамидов: Чаро не. Ихтирои мошини электрикӣ ва гаҳвораи худкори донишҷӯйи тоҷик магар ба ситоишу ифтихор намеарзад? Албатта меарзад. Шояд шумо гӯед, ки ин ҳамаро дар кишварҳои дигар кайҳо сохта ва ҳатто ба истифода додаанд, набояд шароити моро фаромӯш кард. Таъсиси стипендияҳои президентӣ ва дигар ҷоизаҳо барои донишҷӯён аз тарафи ҳукумат маҳз ба хотири он аст, ки ин нерӯи созанда бештар хонад ва донад.

- Масалан, як нафар аспиранти донишгоҳ дар кадом шароит метавонад имрӯз фаъолият бубарад? Ба ин манзур, ки аз ӯ пеш аз ҳама чӣ талаб карда мешавад: маблағ, донишу фаросати ҷустуҷӯӣ ё танҳо маҳсули кор? - Ҳама муҳим аст, вале пеш аз ҳама донишу хоҳиши кори илмӣ кардан. Медонед, кори илмӣ дониш, фаросат, таҳлил ва муҳимтар - сабрро мехоҳад. Агар Шумо ба илм оед, дар 1 рӯз натиҷа намегиред. Барои ҳамин ҳам баъзеҳо илмро ҷойи тасодуфӣ ё сарироҳӣ дониста, мехоҳанд дар 20 рӯз номзади илм шуда, дар 25 рӯзи дигар доктор бошанд, аммо чун ба маҷрои он ворид мешаванду аз кори илмӣ огоҳӣ меёбанд, зуд «мегурезанд». Вақте ки ман ба навиштани кори илмӣ шуруъ намудам, фарзанд доштаму дар 2 ҷо кор карда, аз ҳарду беш аз 1000 сомонӣ мегирифтам, дар ҳоле ки он замон стипендияи аспирант ҳудуди 350 сомонӣ буд. Дар вуҷудам хоҳиш буд, ки мегуфт-ту бояд муҳимтар аз ҳама кори илмӣ кунӣ, вале шароити оилавиамон ҳам беҳбуд мехост. Дар нимароҳ мондам-куҷо равам? Сӯйи пул ё илм? Сӯйи ном ё номбардор? Ба хулоса омадам, ки дар ҷавонӣ бояд аз паси ном давам, то фардо ном барои ман кор кунад. Аз баҳри ҳама кор баромада, рисола навиштам. Акнун пушаймон нестам ва мехоҳам корро дар ин самт идома дода, рисолаи докторӣ нависам.

Илҳомҷон ҲАМИДОВ, раиси Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, муовини декани факултети журналистика оид ба илм, номзади илмҳои филологӣ, дотсент. Дар 23-солагӣ рисоли номзадӣ ҳимоя карда, дар ихтисоси худ ҷавонтарин номзади илм дар Тоҷикистон аст. Муаллифи 7 китоб, 30 мақолаи илмӣ ва беш аз 250 мақолаи публитсистӣ буда, Аълочии матбуот, фарҳанг, узви ИЖТ, барандаи ҷойизаи ба номи Отахон Латифӣ, ба номи профессор В.Асрорӣ, кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар соҳаи журналистика. Иштирокчии конфронсҳои байналмилалии ҷавонон дар ИМА, Русия, Украина, Қирғизистон, Туркия ва Олмон. Инчунин, дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон 2 китоб таълиф кардааст.
Мӯҳр
Овози сагон кам накунад ризки гадоро гуфтаанд. Инхо холо кадри Истиклолият ва Озодиро намедонанд, барои хамин хар чи гуфтан мегиранд. Парво накун Илхомчон ту хакро гуфтаи!!!

РАХИМ
устод хак аст, дар як кишваре ки дируз мардумонаш аз панчаи чанг рахои ёфтанд, ин муваффакиятхоро кам шуморидан нишони аблахист.

Илхомчон Хомидов ту магар шарм намедори, ки чунин суханони бечон мезани. Магар аз шароити имрузае, ки дар асри 21 зиндаги мекунанд дигарон ва мо дар аввалхои асри 20.Магар ин беинсофи нест, ки 2200000 чавонони точик дар Руссия чун бесохибон мегарданд. Ва шумо дар бораи АБДУЧАББОР РАХМОНОВ гуфтед, ки гуё АКАДЕМИК БУДАСТ ё шидаст. (ин суханони бе тахамул обу руи туро рехтанд агар бо обу ру боши)

Журналист
Гап нест Илхомчон Хамидов. Натарсида и гапхора мегуй, кандода бзан! Ин мардуми бахили мо кай мефахмида бошад, ки и бача хакай ва дар бораи тачрибаи донишгохи худуш гап мезана. Курен намебинен донишгох обод мешава. Чизера гуфтаст, ки дидааст охир. То шамол нашава, барги дарахт намечунба меган, вале ма ба ин бача офарин мегум. Кандоша зана. И хама мардум ай бахилию номарди ва нотавонбиниша хар гап меган. Ободира гуфтан даркор, сиёхира ислох кунан. Номарду ночавонмард зиёдай. Буху бугард.

Аз тарики телевизион таи чанд руз аст,ки хамин Илхом-чонро намоиш дода истодаанд. Даже противно смотреть.

Комрон
Илмхои дакик дар мукоиса бо илмхои гуманитари каманд? Рав аз бучулбозиат намон.

Дуруг нагу додар. Аз нигохи Шумо баринхо фазо КОМИЛАН ОЗОД АСТ. ДАВРАИ ГУЛОМДОРИ ГУЗААСТУ ГУЛОМИИ ШУМО КАЙ БА ОХИР МЕРАСАД МАН НАМЕДОНАМ. айбро намедони ин гуна гап мезани акалан бигу ки аз нигохи ман , аз назари ман ФАЗОИ ФАЪОЛИЯТ ДАР ТОЧИКИСТОН ОЗОД АСТ. ин гапи дигар. дастовардхо бале, зиёданд, аммо конеъкунанда нестанд... хар касро мисли худатон набинед, додари азиз. хохиш мекунам бо дигар чавонон мукоиса кунед, баъд фикратонро гуед. Дар замоне, ки дар дигар кишвархо рафтаву дидаед.

Афсус
Имрӯз ҷавонони тоҷик аз ҳамсолони 10 сол қаблии худ пурра фарқ мекунанд-онҳо нисбатан "ҷаҳондидаанду донишҳои хуби соҳавӣ" доранд. Бовар кунед хами бача рост мега! факат калимахо "ҷаҳондидаанду донишҳои хуби соҳавӣ"-ро бо аломати нохунак мегуфт боз дурусттар мебуд. Дар ДМТ 80% чавонон аз руи китоб дуруст матни точикиро хонда наметавонанд. Ин хама афсона аст.

Точикбача
Э ошно дар кучо хондай ки Точикистон 20 сола шуд. Мебахши тура рохбари илмит ки буд??????????

Чун марҳами нуш бош чун неш мабош,
Хоҳи, ки зи ҳеҷ кас газандат нарасад.
Бадгую бадомузу бадандеш мабош.
Ҳамаи он нафароне, ки фикри худро иброз доштанд бо бовари мегуям ҳама ҷавонанд. Лек афсус ҷавонони болаёқату донишманди ин миллат зиёд аст дар баробаш нотавонбину ҳасуду бахил кам нест. Ҳамин гуна ҷавонон ношукрии ҳамон солҳои 90 карданд хостанд шароитҳои хубу зиндагии арзандаро вале ба рузҳои сахту нангин ру ба ру шуданд. Гузаштаро ёдовар шуда ояндаи некро бояд сохт. Сангзании якдигар нишони ҷавонмарди нест. Шароитсозандаи ҳар шахс худи уст.

I am
Лаганбардори хуб буден мухтарам Хамидов!

ЧеЛоВЕК
Офарин ака. Рости гап, аз мусохибаатон ва хамаи ин комментхо шод шудам. Ин аст озодбаёни. Дар хакикат, кишвар камбудии зиёд дорад, вале дар доираи камбудихо онхоро ошкоро гуфтед. Ин худ пешрави аст. Ман Шуморо медонам-вобаста ба шакли фаъолияти ВАО сухан мекунед. Ин мусохиба хам истисно нест. Мо бо Шумо барин чавонхо мефахрем. Умедворем, ки оянда аз шахсиятхои баруманди Точикистон мешавед. Ба комментхои бародарон ахамият надихед - яке аз хасуд мегуяд, дигаре аз дард, сеюми аз бекори. Камбудии мо хам ин аст, ки пешравии хамдигарро дида наметавонем. Чаро чунин бошад? Намефахмам. Шумо корро гуфтед, коре ки ба чашм намоён аст. Худатон хам зиёд кор мекунед. Хулоса, ба пеш ака!

И ба фикрам шоширди Неъматов аст. Неъматов як умр мр3-барин гап мезана мо варзишгарон бошем сарсону саргардон гаштемю

рохгузар
Ого касали ку нести, гап зан аз сахифаи асоси номатро бардоранд ё мехохи реклама шаваи

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)