Бахшҳо
28 май 2013 12:30Тоҷикистон / Сиёсат

Суоли мақомот аз модари Додоҷони Атовуллоҳ: Ӯ дар куҷост?

Хонаводаи Додоҷони Атовуллоҳ, журналист ва сиёсатмадори мухолифи ҳукумат, дар рустои Шӯрчаи ноҳияи Панҷакент мегӯянд, рӯзҳои охир зери фишори мақомот қарор доранд.

Ба қавли онҳо, се рӯз пеш як нафар бо наворбардор ба хонаи онҳо омада, худро дӯсти Додоҷон муаррифӣ намудаву хона ва модари 82-солаи журналистро ба навор гирифтааст. Наздикони Атовуллоҳ гуфтанд, “дертар маълум гашт, ки ин нафар корманди Телевизиони “Симо”-и шаҳри Панҷакент ва исмаш Ғайбулло будааст.”

Ғайбулло, корманди ТВ “Симо”, дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, ӯро касе супориш надода ва танҳо хостааст, аз модари Додоҷони Атовуллоҳ дуо бигирад. Аммо Додоҷони Атовуллоҳ мегӯяд, аз ин қазия огоҳ аст ва Ғайбулло ба ӯ гуфта, ки “супориш аз “боло” буд ва маҷбур ин корро кардааст”.

Аз сӯҳбати пайвандони Додоҷони Атовуллоҳ маълум шуд, ки рӯзи 27-уми май намояндагони мақомоти Панҷакент низ ба хонаи онҳо омада буданд ва аз модараш пурсидаанд, ки бори охир кай писарашро дидаасту бо ӯ дар тамос ҳаст ё не ва айни ҳол Додоҷон дар куҷо зиндагӣ мекунад.

Намояндагони мақомот иброз намудаанд, ки боз хоҳанд омад. Ба қавли пайвандони Атовуллоҳ, ин гуна тафтишу пурсишҳо аз соли 1992 мунтазам сурат мегиранд, вале дар ин авохир бештар шудааст.

Ин нигаронии хонаводаи Додоҷони Атовуллоҳ дар ҳолест, ки ахиран ӯ дар телевизони “К+” (Қазоқистон) навори тӯи арӯсии писари раисиҷумҳури Тоҷикистонро ба намоиш гузошта, дар як навори дигар аз президент Раҳмон хост, то ба истеъфо биравад.


Дар акс: Додоҷони Атовуллоҳ, раҳбари созмони сиёсии "Ватандор" (Акс аз Фейсбук)
Мӯҳр
Насим
Хамаи суханхои Дододжон Атовуллоев рост ва хак аст! Ман тарафдори Дододжон мебошам! Фикр кунед хамватанон дар давоми 20 сол Точикистон оё пешрафт. баракс рузторуз вазъи зиндагии мардуми мо бадтар шуда истодааст! Ман метарсам ки Дододжон хам зиндони нашавад. Охир бас будагис пули халкро хурдан!! То рафт одамон аз Точикистон умедашонро канда истодаанд.

Хамнаво
(ба устод Додочони Атовулло)
Дил ба суи шахри гамхо мекашад.
Гах ба майдони аламхо мекашад.
Авчи тууфони хаводисро нигар.
Киштии моро ба мачро мекашад
Мавчи хунни лолазоронро бубин.
Бод сад теге ба сахро мекашад.
Тобути ин кавми худкушро магар.
Рухи Сомони ба фардо мекашад?
Шахриерон шахрро гум кардаанд.
Аклашон бар торикихо мекашад.
Як савобе нест дар аъмолашон
Зиндаги бори гунаххо мекашад.
Дидаясти шохро.ки бехае.
Шахкули хайли гадоро мекашад?
Ваъдаи Рогун ба гуш ин кавми зор.
Хасрати шабхои ялдо мекашад.
Рушани нашнохтиям.во дарег.
Торики бар торикихо мекашад.
Як замоне даррасид.эй одамон.
Одамият ранчи хархо мекашад.
Хомаи айеми имрузат.Ватан.
Хатти нангине ба фардо мекашад.
Михано. бар лобалои сад бало.
Зиндагони аз чи моро мекашад?

беном аз Кулоб
Содик ин Додочон рост мегуяд бас аст охир спектакл ё лухтакбози!!! оли ту навори чи хел дар рох ба хона омаданашро надидаи ! чи писари президентам гуфта тамоми роххоро бояд банданду аз руи харакити 200км/соат раванд?! а дигарон а чор мошин зиёд бояд набарад?! Содик оли ту ягон чизро намедони бе худа гап назан!

Be Vatan nest gharibe, ki kunad yodi Vatan,
Dar Vatan budai be yodi Vatan beVatanast.

eee gum kunen ami odama. boboi sangak zinda shudai bgensh dilash mekafad.az soli 92 gurexta raftai to hozira metarsa biya ba tojikiston..pomirihora axmak kard neki..jangi pomira ami dodik doxt. bechora pomira padstavit kard.

sad foiz odami uzbakistonai.ba mo tojikon jang darkor nest.20 solai vatanut nameoi az tarsi ami hukumata bo ba hamin hukumat jang mekuni?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)