Бахшҳо

Туркҳо Отатурк доранд, эрониҳо -- Хумайнӣ. Мо кӣ дорем?

Халил ҚАЮМЗОД

Хонандаи гиромӣ, дуруд!

Биёед, дар бораи миллат ва фарҳанги тоҷик як баҳси солиму созанда биороем.

Оё мо ҳамчун миллат метавонем сарҷамъ бошем, ё хайр?
Оё мо метавонем барои обрӯи миллатро ҳифз кардан аз Сухан ба амал гузарем?
Оё аз дасти мо коре бармеояд?
Оё бо суханбозию шиорпартоӣ метавон миллатро ба пешрафт бурд?

Медонед, барои чӣ имрӯз Сухан қадру манзалати худро аз даст додааст? Ба фикри ман, Сухан аз ҳад зиёд шуд. Шумо чӣ фикр доред? Шакарро камаш хуб мегӯянд дар урфият. Ба гумонам, рост мегӯянд.

Мо бояд намуна бошем, то ки сухани мо вазну таъсир пайдо кунад. Сухан он вақт метавонад тақдирсоз бошад, ки онро бо амал бипайвандем.
Магар мешавад бо гуфтани дасти ман то ба ситораҳои осмон мерасад дастони мо дар воқеъ ба ситораҳо бирасанд? Магар аз Сухан хаста нашудаем мо?

Пас, чаро бо ин ҳама сухандонӣ мо аз бӯҳрони сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ баромада наметавонему натавонистем? Чаро ба дарди муҳоҷирон дармон намебахшем? Онҳое, ки морову давлати моро мехӯронанду мепӯшонанд. На суханони мо! Чаро ин ҳама сухандониҳо миллати моро аз нашъаҷаллобӣ, оҷиз будан дар назди хориҷиён наҷот дода натавонистанд? Чаро ин ҳама сухандониҳои мо моро ба мақсад расонда натавонистанд? Чаро…Чаро…Чаро?

Мо фарҳанги ғанӣ ва қадим дорем мегӯем, аммо дар бораи Самарқанду Бухоро ҳарфе намезанем. Мисле, ки агар ин корро бикунем, моро намефаҳманд ва ё девона мешуморанд. Баъд аз гузаштани чанд даҳсолаи дигар мо дигар ҳаққи даъво карданро ҳам аз даст медиҳем. Имрӯз узбакҳо бо фарҳанги тоҷикӣ мардуми оламро тасхир мекунанду мо ҳанӯз дар тӯфони суханбозӣ мечархем.

Миллати тоҷик миллати шаҳрнишин буд аз қадим, на миллати кӯҳистонӣ. Замони муборизаи фархангҳо даррасид. Кӯҳ дар Тоҷикистон ҳам кӯҳ асту дар Ҳиндустон ҳам ҳамон.

Чаро ин ҳама суханбозиҳои мо аз даруни мо як фидоӣ бароварда натавонист? Ягон нафар аз мо намехоҳад ва наметавонад ҷони худро барои миллат қурбон кунад. Дар мо ҳама чиз то ба ҳадди ифрот расидааст. Аввал Сухан, баъд дин, сиёсат, ҳокимият, ғорат, фиреб, номардӣ, танбалӣ, ҳасуд, нодонӣ, бечорагӣ…

Чаро туркон тавонистанд Отатуркро бипарваранд, эрониҳо Хумайниро, вале мо ҳеч касеро? Ё ҳасту хомӯшанд? Ҳануз бедор нашудаанд, то мардумро аз камдонишию камфарҳангӣ наҷот бидиҳанд? Шахсиятҳое мисли Хумайнӣ ва Отатурк дар қалби мардумашонанд ва бо гузашти ҳар ҳукумате акси онҳо ва номи онҳо, гуфтаҳои онҳо муҳтараманд

Миллати бечораем!?
Мӯҳр
nom
Агар Фирдавси, Хайём ва дигаронро тоҷик мешиносем, чаро Хумайниро хам рахбар нашиносем? Чӣ гуфтед?

Шамс
Халили Қаюмзод барои ман дар қатори бузургтарин рузноманигорони чирадасти воқеъбин ва ҳақталоши миллати тоҷик аст. Дар даҳсолаҳои охир чунин мақолаи актуалиро нахонда будам. Навиштаҳои ззебои муаллиф дар рухияи банда як такони ҷиддиро ба бор овард. Ташаккур ҳамватани азиз!

Ватандуст
Мо миллати бечора нестем. Ба мо хам ХУДО чунин пешвои муаззамро додааст - Эмомали Рахмон. МО бояд хозир ба кадраш бирасем, ки баъд дер нашавад.

Ватандуст,
bale vatandust.mo tojikon avalo xudo bad emomalii rahmon dorem ki ba'di chandsolaho ba kadrashon merasem.

Бкрдикул
Худуш-туппа-тугри-гуптай-хами-енди-тожик!Ха

Дар бораи Отатурк маълумот кам дорам аммо дар бораи эрону Хумайни гуфтанихо дорам. Ман 5 сол дар Эрон зиндаги кардаам. Бо эронихо зиёд хамсухбат шудаам. Эрон такрибан 80 миллион чамъият дорад ва бо боварии комил мегуям ки 50-60 миллионаш аз Хумайниву аз мамлакати исломи сохтаашон норозианд ва норохатанд. Ё ин ки мардуми афгон хамеша мегуянд ки : - чаро миёни мардуми афгон касе мисли эмомали Рахмонов пайдо нашуд ки мардумро аз чанги бародаркуши начот дихад. Халил, бо мардум биштар сухбат кун ва даруни дили мардум даро баъд макола навис, ин хел бехтар аст.

Чавоншери Майманаги
Иронихо хело пешрафтаанд моро намешавад на ба иронихои худи Ирон ва на бо 5 миллион иронихои кишвархои гарб баробар кард.Ин мардум фарханги бузурги шахри дошта,дар Ирон наздики 68 фисади ахоли дар шахрхо зиндагони доранд.Хамчунин кариб 10 шахри калони миллионер дорад аз чумла якаш Шероз хаст.Мо чи хамаги 32 фоизи ахоли шахрнишин асту шахри миллионер то хануз надорем.Чомеъа ва андеша дехоти аст.Худи фарханги шахри низ то соли 1924 Бухорои Шарки надошт,фарханги аврупоиямон бошад соли 1992 бо кучиши рустаборон аз байн рафт ва шахрнишинонамон айни замон хамон дехнишину чорвопарварони денишини дируз пешанд.Чун андеша дехотист,табиист,ки он бисёр андешаи танг мешавад ва ин аъмоли "шахри" бошад бегуфту гу ба андешаи миллии озодофикири ва андешахои пешкадами гарбишарки таъсири халокатбори худро мерасонад ва на гарби мешавему на шарки дар охир.Танхо риштаи махалро бо андешахои танги махалу манфиати минтакаву кучаву гузар пеш гузошта аз хама дастовардхои муосир бенасиб мемонем.Имруз кушиш бояд кард,ки истехсолоти саноати ва кишоварзиро ба рох монд.Ислохотхои гузашта дар ин бахшхо кишварро ба боди фано бурданд.Бо фуруши молу коло ва бозорсози агар кишвар мешуд Афгонистон дар сад соли охир мешуд.Хамон автомашинахои чипу ладаю мерседесхо замони шурави ва солхои 40-ум ва 50-уми асри пор дар афгонистон хазорон буданд,лекин чун истехсолот надоштанд чизе нашуданд.Дарвокеъ фуруши молу колохои пастсифати хоричи бе тавлидоти саноатии худи хамон кишвар тибки кавонии байналмилали хамчун як шакли гуломии хамон кишвари бе саноат арзёби мегардад.Бояд ислохот гузаронида саноату кишоварзиро бардошт ва барориши моли худро ба ро монд.Ин корро намешавад,ки бешуурона,ба таври стихияви анчом дод.Бояд барномахои планхои 5 сола чун Ирон,Чин ва ё замони шурави тартиб дод ва амал кард.Бадии кор дар он хаст,ки бархе аз ба ном сиёсатмадорону иктисодчиёни мо имруз иктисодиёти бозоргони гуфта,хусусигардониро дар назар доранд,лекин иктисоди бозоргони асло чунин нест ва набуд!Танхо вакто,ки истехсолот чори гашт халк аз мардикори озод гашт ва бучаи кишвар на 2 миллиард.балки лоакал 25-30 миллиард доллар гашт он гох метавон ба дигар масъалахои фарханги,сиёси ва дигар корхои созанда руй овард.Дар акси хол чун кишвархои чахони саввуми кораи африкои чун тавлидкунандаи кувваи кории арзон ва бехукук барои олами империядорон боки хохем монд.Аллакай кор ба хамин ахвол рафта истодааст.Таърифу тавсифхои зиёди беаклона низ аз кашшоки,сафоди сусти сиёси,фарханги ва чахонбинии танги миллати мо,ки уро ба бардаги хидоят карда истодаанд манша мегирад ва дар чунин холат муддати дароз боки мондани андеша хам миллат ва хам давлатро ба вартаи нобуди хохад кашид!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)