Бахшҳо
14 июн 2013 14:40Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Сайёфи Мизроб: "Лӯлиҳоро дигар тоҷик нанависед..."

Ҳумайрои БАХТИЁР

Сайёфи Мизроб, сардабири нашрияи “СССР”, дар маҳфили навбатии “Муколамаи тамаддунҳо”-и Иброҳим Усмонов (рӯзи 13 июн) пешниҳод кард, ки дигар миллати лӯлӣ ё ҷӯгиҳоро “тоҷик” нанависанд. Дар ҳоле ки ба қавли сардабири “СССР”, маҳз бо айби лӯлиҳо дар Русия обрӯву эътибори тоҷикон камтару камтар мешавад.

Сайёфи Мизроб дар ин маҳфил, ки бештар дар бораи худшиносии миллӣ сӯҳбат мекард, афзуд, “бигзор, мақомот онҳоро лӯлӣ нависанд. Охир, онҳо аз ҷӯгӣ будани худ ор надоранд”.

Аммо Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ, ки низ дар ҳамин маҳфил иштирок дошт, гуфт, чанд лӯлӣ наметавонад ба нуфузи миллати тоҷик таъсири манфӣ расонад. “Агар мо 60 дарсади шаҳрвандонро бо зиндагии шоиста таъмин бикунем, пас, даҳҳо ҳазор лӯлӣ ва ё ҷӯгӣ ба мо, чеҳра ва худшиносии мо таъсире нахоҳад дошт”,-афзуд ӯ.

Раҳбари ҲНИТ дар идома афзуд, "дар Русия "сиган"-ҳо ҳам ҳастанд, ки ба имиҷи русҳо ҳеч таъсир намерасонанд. Дар Аврупо романиҳо ҳастанд, ки онҳо ҳам ҳеч таъсире намерасонанд. Вале чун имиҷи мо дар маҷмӯъ комил нест, дарди худкамбинӣ дорем, мехоҳем айби худамонро бар дӯши чанд лӯлӣ гузорем.”

Оқои Кабирӣ аз артиши Шӯравии пешин мисол оварда ва гуфт, он замон мағруртарин мардум тоҷикону чеченҳо буданд ва назди касе сар хам намекарданд: “Имрӯз чеченҳо ғурурашонро ҳифз кардаанду мо тоҷикҳо не. Зеро чеченҳо дар дохили кишвари худ ғурурашонро ҳифз карданд, вале он ғурури тоҷик дар дохили Тоҷикистон ҳифз нашуд.”

Ӯ ин суолро ҳам дар миён гузошт, ки вақте тоҷик дар ватанаш мағруру худшинос нест, аз тарафи мақомоту ҳамватани худ ғурураш поймол мешавад, пас, чӣ гуна метавонад дар Русия боғурур бошад?

Бо ин ҳама, дар охири маҳфили "Муколамаи тамаддунҳо" Сайёфи Мизроб изҳор дошт, ки ҳоло ӯ дарди худро фаҳмидааст ва он ҳам маҳалчӣ будани ӯст. “Аз ин пас ман дигар маҳалчӣ не, миллатчиям. Мо он замон пеш хоҳем рафт, ки агар иштибоҳ ва норасоии худро дарк карда, барои ислоҳи он талош кунем. Аксарияти мо маҳалгаро буда, миёни мардуми тоҷик ҳамоно ақидаҳои ҷудоиандозӣ миёни миллат вуҷуд дорад”,-таъкид дошт ӯ.


Дар акс: Сайёфи Мизроб, сардабири нашрияи "СССР"
Мӯҳр
Бародарони гироми ба чугиву лули гуфтан проблемаи миллати точик хал намешавад. ин амри вокеист, ки касе, ки дар Точикистон зиндаги мекунад, новобаста ба миллаташ аввал уро хамчун точик мешиносанд. Шумо Акои Мизроб ба гуфти худатон газета доред. Ман ягон маротиба дар хамин газетаи шумо ягон чизи даркориро надидаам ва намедонам ки барои чи шумо фаолият доред. Агар ин кадар дилатон ба точикон месузад гиред маводхое ки хисси миллиро баланд мебардорад чоп кунед. Кори шумо факат танкид асту касеро гунахкор кардан, ика псимисти хам бас будагист.

Шурави
Ин кадар Сайёфро сахт нагиред, табрик гуед, ман як пешравиеро дар ин андешааш ёфтам, Сайёф камтар аз чомаи махалагароияш кушиши баромадан кард. Газетаи уро аз рузхои аввали чопаш мехондаму махалгароияшон маро дар хайрат мегузошт, ки чаро дидаву дониста сиёхи ба хама аёнро ба хотири махал бе ягон далел сафед мегуяд. Дилам аз хафтаномааш монд. Як мусафедеро дида будам, ки ба хотири номи СССР газетаро харидааст, аммо баъди камтар мутоилаъ асабони шуда дар хайрат (муллифонро дашном карда) монда буд. Хамин гуна бисёр хафтаномахонхоро вохурдам, ки новобаста аз махалашон хама ба Сайёфу хафтаномааш хушгу набуданд, аз хондани ин хафтанома даст кашидан, хайратовараш ин буд, ки чи хел шахс бо ин пешонии "борик" дар Ленинград касб омухтааст. Окибати кораш ин шуд, ки Сафвати хаммаслакаш даст гуруснаги заду СССР-ш ССР шуд.
Ба лулихо часпиданаш аз чи бошад, модоме аз кудакиаш бо онхо ва тарзи хаёти лулиха шинос аст, ё онхоро хам дар сарсону саргардонии миллат гунахгор карданист, ки гуяд 2 миллион точикро овораю бехонаю дар, дар таххонахою чангалхои Россия умр бурданро лулихо ёд додан, ё сар саздани чанги Точикистонро ба гардани онхо бор карданист?? Чаноби Сайёф мисли он саргумкардае, ки барои муйхояш гиря мекунад, монанд шудаст.

Сайёф, охир гурури точикро бо хамин махалгароиятону кутохандешии генетикиатон нест кардед, боз шарм надошта хавои дахан мебарори??? Аму бечора лилихо аксариятоашон аз махали худатон, мумкин дар кудаки бо онхо хокбози хам карда боши, дар нест кардани гурур лилихо хеч айбе надоранд, боз киргизхои Мургобро дар ноудабарории хукумат гунахгор кун, аз як кунч ба дигар кунч паридану гунагоркобиро бас кунед.

Сабур
Хар як миллат вобаста ба чахонбини,театршиноси,тамадуншиноси,худши

Бародарони азиз тез нашавед, хамаи гуфтахои Сайёфи М ро хо бад бошаду хо нек дар тарозуи акл бар кашед ва чи хостани муалифро хуб фикр кунед бад изхори акида кунед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)