Бахшҳо

Шарти Меҳмон Бахтӣ барои ба суд накашидани Тутубалина

Меҳмон Бахтӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар як ҳамоиши зиёиёни тоҷик дар Душанбе пешниҳод кардааст, ки алайҳи Олга Тутубалина, муҳаррири нашрияи “Азия Плюс” ба додгоҳ шикоят набаранд.

Меҳмон Бахтӣ 22-юми июн, дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, ахиран раҳбарони иттиҳодияҳои эҷодию илмӣ дар ҷаласаи муштарак матлаби Олга Тутубалина, таҳти унвони “Неинтеллигентно об интеллигенции”-ро муҳокима карданд ва “ман пешниҳод намудам, ки ба додгоҳ муроҷиатнома набарем.” Раиси иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шарти ин пешниҳодашро дар он гуфт, ки “агар Тутубалина аз зиёиёни тоҷик узрхоҳӣ намояд.”

Ин дар ҳолест, ки қаблан Меҳмон Бахтӣ дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” аз азми қавӣ барои ба додгоҳ кашидани Тутубалина хабар дода, дар шарҳи он афзуд, ки “Вақте вай моро мебахшед, «гуҳ» мегӯяд, чӣ зиёиён бояд хап шинанд? Як нафаре, ки эҳтимол чени нохуни пойи беҳтарин зиёиёни тоҷик хидмат накардааст, ҳамаро ҳақорат кардааст. Вай на танҳо зиёиёни тоҷик балки миллатро таҳқир кардааст. Тасаввур кунед, ки ҳамин хел одам дар ягон кишвари дунё, аз ҷумла Қирғизистон, Туркманистон ё Гурҷистон мебуд ва нисбати зиёиён ҳамин гапро мегуфт, зиёиён вайро пӯст мекарданд ё буз мекашиданд.”

Олга Тутабалина дар матлаби “Неинтеллигентно об интеллигенции” бозгашти шоири тоҷик Бозор Собирро аз Амрико ба Ватан баррасӣ карда, аз суханони Владимир Ленин, асосгузори давлати Шӯравӣ, ки гуфтааст, "Зиёиён на мағз, балки наҷосати миллатанд" кор бурдааст ва таъкид кардааст, ки ин суханонро метавон на танҳо нисбат ба Бозор Собир, балки нисбт ба бисёре аз зиёиёни дигар кор фармуд.

Ин изҳороти Тутубалинаро бархе аз зиёиёни тоҷик таҳқири миллат ва тамоми қишри зиёӣ хонда, изҳор дошта буданд, ки аз болои муаллиф ба додгоҳ муроҷиат хоҳанд кард.
Мӯҳр
Мухтарам Мехмон Бахти!
Олга Тутубалина аз худаш ин Макол-ро набаровардааст. Балки гуфтааст, ки Дохии Пролетархои Чахон ин гапро гуфтааст.
Сони, вакте, ки гап дар бораи Зиеиен меравад, на танхо миллати Точик ва Зиеиени Точикро танкид кардааст, балки ба Зиеиени кулли чахон тааллук дорад. Чи, Зиеи танхо дар точикистон аст, е ин ки дар дигар давлатхо Зиеиро ба дигар ном мебаранд?
Сони, Мухтарам Мехмон Бахти: Сухан дар бораи устод Бозор собир меравад... як маротиба аз хакикат дур нашуда, хамчун зиеии сарсупурдаи миллати точик кору рафтори устод Бозор Собирро тахлил кунед, ба гуфтахои Дохии Пролетархои Чахон магар рост намеояд???

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)