Бахшҳо

Бе “тағо” ва пул ба мактабҳои олӣ дохил шудан имкон дорад?

Дар арафаи мавсими дохилшавии довталабон ба макотиби олӣ “Озодагон” миёни устодон, депутатҳо, намояндагони аҳзоб ва довталабон суол гузошт, ки оё бидуни тағо ва пул дохилшавӣ ба макотиби олӣ имконпазир аст?

Марҳаббо Ҷаборова, депутат

Албатта имкон дорад. Мутаасифона, вақтҳои охир сару садоҳо дар бораи пулу тағо доштан миёни мардум паҳн шудааст. Аммо ман фикр мекунам, ки ин сару садоҳо овозаи беасос аст. Пештар ман ректори Донишкадаи забонҳо будам вақте, ки падару модарон назди ман омада мегуфтанд, ки мо шароит надорем, пул надорем. Ман дар ҳайрат мемондам, ки барои чӣ онҳо дар бораи пул гап мезада бошанд. Агар довталаб дар давоми як моҳи охири мактаб нею аз аввали таҳсил нағз хонда омодагӣ бигирад, албатта метавонад, ки ба дилхоҳ макотиби олӣ дохил шавад. Барои ҳамин бояд падару модар аз аввал нисбати фарзандонашон дар таҳсили макотиби миёна ҷиддӣ муносибат кунанд.

Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ҲСДТ

Тавре мушоҳидаҳо гувоҳӣ медиҳанд бидуни додани пора ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ дохил шудан имконият надорад ва аз дастгир намудани устодон худдорӣ мекунанд. Вале дар ҳамаи ин корҳо худи роҳбарони донишогоҳҳо бевосита сару кор доранд ва пушту паноҳи онҳо дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳаст. Албатта сатҳи дониши хатмкунандагони зинаҳои марбута дар замони истиқлол хеле паст шудааст ва маълум аст, ки хатмкунандагони донишгоҳҳо аз рӯи касбу корашон кор намекунанд, зеро музди маошашон ва дигар кафолатҳои иҷтимоӣ таъмин нагардидааст. Муносибатҳои корупсионӣ низ дар ин соҳа ҳаст ва чунин ба назар мерсад, ки гуё дар сатҳи хеле баланд мувофиқа шудааст. Бино бар ин ҳам мақомоти давлатӣ ва ҳам роҳбарияти соҳа вонамуд, мекунанд, ки гуё фасод ва пора набошад. Аммо аз рӯи мушоҳида маълум аст, ки бе пора дохил шудани довталаб ба донишгоҳ имкон надорад.

Хикматулло Сайфуллозода, сухангӯи ҲНИТ

Ман ба ин боварам, ки дар ҷо-ҷое ва дар баъзан аз факултаҳо афкори омузгорон, устодони донишогоҳҳо ва ё донишкадаҳо, дар ин масъала тағйир хӯрдааст. Мутаасифона, дар ҷомеа фазо тағйир нахӯрдааст. Яъне ба ҳамон воқеият таваққуф дорем, ки дигар ҳеҷ чизе тағйирпазир нест , ҷуз пардохти маблағ. Ва ҳамон фарзанд, бародар ё хоҳари худро тибқи ҳамин вокеияти рӯз омода намесозему доимо думболи пардохт ё пайдо кардани пул мегардем. Ман намегӯям, ки нест, ҳаст ва ҳамин ду паҳлӯи масъала бо ҳам рабт дорад. Вале комилан ба ин бовар ҳастам, ки агар ҷавоне ё хоҳаре дониши комили масъаларо дорад ва як гуна аз худ ҷасорати баҳсро дар ҳамон маҳдуда, рӯ ба рӯ дар супоридани имтиҳон ё ширкат дар озмун дорад, метавонад баҳс кунад, ӯ аллакай ҷои хешро дорад. Ман чунин таҷрибаро дорам ва шоҳид ҳам ҳастам.



Фурқат Талбов, устоди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон

Бале! Ман фикр мекунам, ки бе пул ва бе ягон воситаҳои иловагӣ ба монанди тағобозӣ ҳам ба дилхоҳ донишгоҳ дохил шудан мумкин аст, агар ба шарте, ки довталаб саводи кофӣ дошта бошад. Баъзан мешавад ҳолатхое, ки мутаасифона довталабон саводи казоӣ надоранд ва даъво ҳам мекунанд, ки мо дохил шуда натавонистем, бе пулу бе тағо дохил шуда намешавад. Масалан, Донишгохи тиббиро бигирем, дар ин донишгоҳ пулу тағо умуман лозим намешавад, ва агар довталаб ба худ боварӣ дошта бошаду исбот карда тавонад, ки ӯ босавод аст, аз имтиҳонҳои тестӣ гузашта ва соҳиби номи донишҷӯи донишгоҳи тиббӣ мегардад. Боъзан мешунавем, ки мегӯянд дар Донишгоҳи тиббӣ барои дохилшавӣ 10-12 ҳазор доллар лозим аст, ин асос надорад ва аз воқеият ҳам дур аст.

Назири Нусрат, журналист

Ба назари ман, ҳоло чунин шароит ҳаст, ки бидуни ба истилоҳ “тағо” ё “шапка” ба дилхоҳ донишгоҳ ё муассисаи олии таълимӣ дохилшавӣ қариб ғайриимкон аст. Мушкил ин аст, ки дар аксар ҳолат барои дохил шудан имкон намедиҳанд. Ин қабл аз ҳама, ба иродаи комиссияи қабул ва раҳбарияти аввали донишгоҳҳо вобаста аст. Агар Шумо хеш, ҷӯра ё шиноси наздики ректор ё проректор ё кадоме аз масъулини комиссияи қабул ҳастед, ё бевосита ба ягон масъули донишгоҳ иртибот доред, фарзандатон барои дохилшавӣ мушкил надорад. Дар акси ҳол, ё бояд шинос пайдо кунед, ё дар ҷустуҷӯи маблағи шартнома бошед. Аммо мисолҳое ҳам ҳастанд, ки ягон-ягон довталабон комилан ва ба маънои томаш буҷавӣ таҳсил доранд. Як чунин донишҷӯро дар Донишгоҳи тиббӣ медонам, ки соли 2011 дохил шуд: Бидуни ҳеч гуна пора, шинос ва ё воситабозӣ. Ба қавле, «таваккал ба Худо» гуфта, ҳуҷҷат супорид. Довталаби дигареро медонам, ки аз имтиҳоноти аввал-иншо аз адабиёти тоҷик, гузашт, аммо натавонист аз имтиҳони тестӣ гузарад. Сабаб ин буд, ки номаш ба рӯйхати «буҷавиҳо» ворид буд, аммо шиносе ё дастгире надошт. Ин дар ҳоле буд, ки дар ин бахш барои як ҷой 6 нафар мубориза мебурданду аксаран шинос ё фарзанди касе буданд. Ба ин маънӣ, ҳоло давлат иддао дорад, ки барои таҳсили ройгон шароитро фароҳам кардааст, қонунгузорӣ ҳам меъёрҳоро танзим намудааст. Чунин ҳам ҳаст. Аммо омилҳои дигар, ки аз онҳо болотар ном бурдем, имкониятро маҳдуд мекунанд, ё умуман имкон намедиҳанд.

Аъзам Хуҷаев, коршинос

Ҷои бисёр афсус аст, ки имрӯз барои дохил шудан ба донишгоҳҳо дар Тоҷикистон пул додан ба як чизи оддӣ ва маъмулӣ табдил шудааст. Аз ин кор на пулдиҳанда хиҷолат мескашад ва на пулгиранда эхсоси гуноҳ мекунад. Аз гуфтугуҳои хиёбонӣ чунин бармеояд, ки имсол барои дохил шудан ба ин ё он факултет аз ҳоло нархҳоро маълум кардаанд. Аммо дар канори ин як чароғи нимрӯшани умед ҳам мушоҳида мешавад ва он ин аст ки ҷавононе низ ҳастанд, ки ғурурашон иҷоза намедиҳад дониш бо пул бихаранд ва фақат бо омӯзиш ва хондан ба донишгоҳ мераванд ва хушбахтона ин теъдоди ангуштшумор то ҷое муваффақ ҳам ҳастанд. Бале, агар дониши комил бошад, метавон бе пардохти пул ҳам ба донишгоҳ дохил шуд, агарчи ин кор хеле душвор аст. Вале аз он ҷо ки пул додан эътимоди бештаре барои дохил шудан эҷод мекунад, бадбахтона аксар аз ин масир қадам бармедоранд.

Тасвира, довталаб

Не боварӣ надорам. Дар мо ин маъмулӣ шудааст, ки ҳар куҷое равед, бе тағо ва бе пул корат тамом намешавад. Дар мактабҳои олӣ низ ҳолат ҳамин гуна аст. Шояд довталаб сад дар сад ба талаботи муассисаи таълимӣ ҷавобгӯй бошад, аз имтиҳон гузарад. Лекин баъзе аз омӯзгорон барои пул кор кардан махсус ба довталаб саволҳое пешниҳод мекунанд, ки ҷавоб дода натавонаду маҷбур шавад маблағ пешниҳод кунад. Масалан савол медиҳанд, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ чанд нафаре вафот кардааст, номҳояшонро номбар кун ва маълум, ки довталаб ба ин ҷавоб дода наметавонад ва аз дигар роҳҳо истифода мебарад, то аз имтиҳони дохилшавӣ гузарад.
Мӯҳр
Мехронаи Зохир
чавоби имтихони супоридаам

шухрат
Шоирони хозирузамона аз акидаи худ ба рафти коркунони давлати Точикистон гуфтаанд! Бе пул суханат аз сар надорад, Холе мо дорем саг надорад. Яъне ика харом хур сари вазифа омадай хамаша бурда франсияда сар додан дар кор худатонм

Ассалом Бародарон Ва хохарони гироми Бародари ман дар донишгохи ба номи Носири Хусрав имтихон супорид 180 балл гирифтааст бе таго бози вале вайро нагузарондаанд. Агар холо хам вакташ бошад илтимос дасгири кунед тел.+79068184539.

Анас чон
Бале дуруст бисёр суханхоеи оли!

шахбоз
Салом

Одил az Kulob,

Асалому алейкум ман касби духтуриро дуст медорам ба ман малумот дихед дар бораи тест малумот дихед чанд хол кади ба инуситет дохил шудан мумкин аст илтимос

акидаи ман хамин аст ки барои дохил шудан ба донишгоххои оли ягон гуна таго ё пул лозим нест агар саводи кофи дошта боши Иншооллох дохил хохи шуд.Акидахое хастанд ки мегуянд то шинос надошта боши дохил шуда наметавони лекин ин дуруги махз аст мехоханд чавононро дилшикаста кунанд. Чавонон бояд инкадар зудбовар нашаванд.Ман хамчун як довталаб инро ваъда медихам,ки саводи кофи дошта боши дохил мешави

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)