Бахшҳо
22 июл 2013 15:38Тоҷикистон / Сиёсат

Насиҳати Ҳукумов ба журналистони тоҷик ва Додоҷон

Амонуллоҳ Ҳукумов, раиси ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, дар нишасти хабарии 22-юми июл журналистони тоҷикро як навъ насиҳат кард ва онҳоро ба ҳамкорӣ хонд. Ӯ гуфт, ҳар як хабарнигоре, ки ба манофеи худ ва гуруҳаш кор мекунад, оянда надорад.

Оқои Ҳукумов, ки чанде пештар писараш -- Рустам Ҳукумов бо нашрияи “Имрӯз Нюз” баҳси додгоҳӣ дошт, афзуд, “ман бо Ғоиб Қаландаров рафиқ будам, дар тарбияи ҳамин одам калон шудаам. Ӯ пеш аз раиси телевизион буданаш хабарнигори рӯзномаи “Правда” буд. Як матлабаш дар газета чоп мешуд, хонаи ҳамон котиби райком месӯхт. Ман вақте ба Душанбе омадам, шароит надоштам ва дар хонаи ҳамин одам меистодам. Ӯ доимо коргарҳояшро таъкид мекард, ки қалами журналист бояд бисёр тез бошад, лекин барои манфиати миллату ватан кор кунад, на яктарафа бинависад.”

Раиси кунунии ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон дар идомаи суханаш аз журналисти маъруф Отахон Латифӣ ҳам ёдовар шуда, гуфт, “Отахон Латифӣ барои таҳияи як матлаб рафта дар Ёвон ду моҳ пахта чидааст. “Иштибоҳ кардан лозим нест. Барои як обрӯ зиёд шавад, як сенсатсия шавад гуфта хонаи як одамро сӯзондан кори хуб нест. Мо бояд бисёр дурандеш бошем. Фикр намекунед, ки ҳамин як одам дилсӯзи ҳамин миллат асту ҳамаи мо не? Як Атовуллоеви касофат тариқи телевизион баромад карда мегӯяд, Раҳмонов Узбакистонро ин хел гуфту он хел гуфт. Агар ҳамин гапҳо дуруст бошад, мо ҳам розӣ ба ҳамин гапҳо. Лекин як гапҳои қабеҳи бофтаро аз ким-куҷо пайдо карда мегӯяд...”

Амонулло Ҳукумов хитоб ба хабарнигорон гуфт, дари онҳо ҳамеша ба рӯи журналистон боз аст ва барои таҳияи гузоришҳои хуб кумак хоҳанд кард.
Мӯҳр
МУХОЧИР
АВВАЛ фАРЗАНДИ хУДАТРО ТАРБИЯТ ДЕХ КИ НАШАЧАЛОБИ НАКУНАД, БАЪД МАРДУМРО НАСИХАТ КУН!!

Бародарон инсонро бад кардан хело осон аст.
Биёед аз руи акл як чанд дакика фикр намоем:
1 Дар кадом давру замон шахсе ки кудратманд аст истифода намекунад аз вазифааш??
2. Агар Шумо мебудед дар чои Хукумов ё Рахмонов чи кор мекардед?
Мавзеи Кизилкалъаро агар касе донад дар ончо синаи кухро шикофта зеёда аз 100 гектар бог намудааст Хукумов магар ин боиси дастгири нест??? Кариб ки 500 нафар шахрвандони хамон мавзеъ бо чои кор таъмин гардидаанд. Ё мавзеи дигар Палвонтугай ба 50 оила хона сохта медиханд барои обод кардани як пораи ватан.
Ман намегуям, ки Хукумов тиллои аст аммо аз руи инсоф бояд корхое, ки у барои ин мардум кардааст нодида нагирем... Магар дар ТОчикистон кам хасанд пулдорхо мисол биёред,, ки кадомаш чунин корхоро анчом додааст.
Фикр мекунам, ки мардуми точик гаправ хастанд мисоли зинда: То вакте, ки президент Рахмонов дар бораи танзими анъана ва расму оинхо дахон накушод ягонтои мо дар фикраш набудем ва маблаге ки бо хазор машакат аз Руссия меовардем пешкаши "Мулло" хо мекардем. Ё хамин гап хам нодуруст аст.
Акнун имруз Додошка барои "Озодфикрон" ду шахсеро ки дар хакки мардуми точик агар бади карда бошанд хам хубиашон кам нест паст мезанад ва баъзеи мо дастгириаш мекунем. Аз таърих бояд огох бошед, ки дилхох хукуматдор барои туйи фарзандаш аз 7 руз сар карда то як мох туй медод. Худи ШУМО магар конунро вайрон накардаед дар маъракахоятон ё намояндаи чамоатро мехаред ё "Шиносе" хаст, ки поддержка мекунад дилхохи моро...
Боз як чизи аз хама мухим ба назари ман чи аз порашавии хукумати имруза кадоми мо фоида ба даст меорем ин суолест басо ачиб фикр кунед бештари бародарон дар мухочирати мехнатианд баъди пошхурии давлати тинчи имруза ба ки пул равон мекунанд ва .........
Магар давлати абаркудрати Шурави ягон камбуди дошт ?? чунин "Озодфикрон" ба монанди ДАДОШКА порааш намуданд ачибаш ин аст, ки у имруз аз давлат берун асту боз мехохад давлате ки бо сад азоб тинч шудааст ва сахми хар яки мо дар тинчу обод кардани ватан хаст бо гапи ДАДОШКА бояд порааш кунем!? магар бо пуле ки аз руссия овардем хонаамонро акалан обод накардаем ё дарахте нашинондаем бояд гапи ДОДОДЧОНРО гирем ва навнихоламонро решакан кунем???
Бародарон ин фикри шахсии ман аст аммо....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)