Бахшҳо

Зоиров: Президент амалиёти Хоруғро “террори давлатӣ” эътироф кунад

Раҳматилло Зоиров, раҳбари Ҳизби сотсиал-демократҳои Тоҷикистон бо пахши як муроҷиатнома аз президент ва ҳукумати кишвар даъват намудааст, ки бо дарки масъулияту мардонагӣ амалиёти низомии 24-уми июл дар Хоруғро “террори давлатӣ” эътироф кунанду фармондеҳони амалиёт муҷозот гарданд.

Зоиров дар муроҷиатномааш ба президент, парламент ва ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, замони баҳогузории воқеии ҳаводиси Хоруғ фаро расидааст: “Мутмаинам, ҳаводиси моҳи июли соли 2012 дар Хоруғро ба ҷузъ як амали тарҳрезишудаи террори давлатӣ, чизи дигар номидан мумкин нест."

Зоиров, ки ҳамзамон раҳбари консорсиюми юридикии Тоҷикистон аст, таъкид мекунад, ки тайи солҳои охир ҳукумати Тоҷикистон бо баҳонаи мубориза бо терроризм, даст ба террори давлатии густурда болои аҳолии кишвар мезанад.
Зоиров бо такя ба ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ ташреҳ медиҳад, террори давлатӣ ин боздоштҳои ғайриқонунӣ, кушторҳо, гаравгонгириҳо, шиканҷа ва қатли шаҳрвандон бе тафтишоту додгоҳ аз ҷониби мақомотҳои қудратӣ мебошад. Бо зикри чанд асноди дигари байналмилалию илмӣ Зоиров амалиёти Хоруғро намунаи барҷастаи террори давлатӣ арзёбӣ мекунад.

Раҳбари Ҳизби сотсиал демократҳои Тоҷикистон пешниҳод мекунад, ки 24-уми июл, рӯзи ёдбуди зарардидагон аз фишору зӯровариҳои ғайриқонунӣ эълон гардад. Зоиров аз парлумон хостааст, ки бо Кодекси ҷиноии Тоҷикистон тағйирот ворид шаванду амалиёти ғайриқонунии ҳукумат ва мансабдорон алайҳи аҳолии осоишта ба банди терроризм ворид гарданд.
Мӯҳр
шунидани чунин суханхо гуворост бародарон))ман ин одамро чандин сол аст ки мешиносам зодаи узбакистон аст як хоин ва чосус беш нест ман ба гапхоям сад дар сад кафилам

Абдулло
Амалиёти Хоруг якумин попиткаи ахзоби зиддихукматии Точикистон буд, ки номувафакона ва мисли харвакта аз хисоби як мнени надоштани групахо барбод рафт. Мулохо ва хизбхао гонкаи президентиро барвакт пеш аз Эмомали сар карданд. Амалиёти дуюм Додшкаи бесару по буд, ки аз сабаби бемантик сенария доштанаш тоже барбод рафт. Амалиёти сеюм тела додани Зайд Саид ба гунох на нокомии у буд. Ин хукматро Худо баъди хазор сол ба халки точик барои бунёд шудан додааст. Токат кунен 50 соли дигар лозим, ки шуморо мардум шиносад. Ягон резултати истений кунен охи. Факат чигелу алда мекунен, ки Хукумат бесохиб нест. Намемонатона, ки халка тов тийен. Дахсолаи оянда хамин Хукумат давлати Шуравиро дарс медихад. Обод, ки шуд, шумо хам пир мешен, ё боакл мешен бас мекунен. Омин. Чони хама ай шумо халос.

хакикат
Шарм намедори рахматкло хайфи аму хукукшиносит хайфи аму лидерит т лидер не т як шатони мочарохохи

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)