Бахшҳо

Эмомалӣ Раҳмон ба миллат боз чӣ хизмат карда метавонад?

Ёқуби Саид, рӯзноманигор

Бидуни шубҳа, президенти кунунии Тоҷикистон барои ин кишвар хидмат карда аст. Ҳам мухолифон ва ҳам мувофиқон бар хизматҳои ҷаноби президент қоил ҳастанд. Агарчи ҷаноби президент адои вазифа кардааст, аммо инро баъзеҳо ҳамчун хизмат қабул кардаанд. Бигзор чунин бошад. Ҳоҷат ба номбар кардани хизматҳои президент нест.

Хидмати президент дар марҳалаи кунунӣ ин аст, ки ба интихоби мардум арҷ бигзорад. Таъмини 100 дарсадии шаффофияти интихоботи президентиро таъмин намояд. Ва агар мардум нафари дигареро ба роҳбарии кишвар пазируфт, ҷаноби Раҳмон зимоми кишварро ба нафаре, ки аз ҷониби мардум интихоб шудааст, бисупорад. Ин хизмате хоҳад буд, ки то абад дар хотираи мардуми тоҷик маҳфуз мемонад.

Раҳматилло Зоиров, раиси ҲСДТ

Беҳтарин хизмате, ки Эмомалӣ Раҳмон барои миллат метавонад анҷом диҳад ин аст, ки пурра ба истеъфо равад. Имконияте ҳаст, ки ба ҷои вай дигар одам биояду имкониятҳояшро истифода кунад. Яъне президенти имрӯза алакай қобилияти худро пурра истифода кардааст.

Бобоҷони Қаюм, раиси шӯъбаи ҷавонон ва варзиши ҲНИТ

Хизмати дигаре, ки президент метавонад дар ҳамин марҳилаи то интихобот анҷом диҳад, ин ба вуҷуд овардани ҳамгароӣ ва рақобати солим байни неруҳои сиёсӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳукумат мебошад. Яъне дар ин марҳила президент аз роҳбарии ҲХДТ истеъфо диҳад ва амалан ҳамаи неруҳои сиёсиро дар ҳукумати худ ҷалб намояд. Фазои сиёсии ҷомеаи мо баъди расидан ва сулҳ дар ҳоли ҳозир ниёз ба як раванди ҳамгароӣ дорад, ки президент метавонад бо ин кор ҳамин равандро оғоз намояд.

Хизмати дигари президент метавонад ин бошад, ки дар интихоботи оянда аз як номзади ҷавон ва тавоно ҳимоят кунад ва кишвару ҷомеаро аз зери бори маломатҳои интихоботҳои ғайри шаффоф, ҳукумати авторитарӣ ва ғайра берун барад. Ба назари ман бо ин хизматҳо президент метавонад, ҳатто ба символи минтақа табдил ёбад ва аксарияти мушкилоти кишвари мо бо ин роҳ ҳалли худро меёбанд.

Бахтиёр Сатторӣ, фаъоли ҳуқуқи башари муқими Маскав

Дар оғози истиқлолияти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кам кор накард. Ҳоло низ ӯ ба унвони шахси аввали кишвар метавонад барои эҳтироми воқеӣ ба конститутсия довталабона ба истеъфо равад. Бо ин амал тамоми раисони ҷумҳури наслҳои ояндаи кишвар, ки болотарин мақомро доранд, ба дунболи пайгирии қавонин хоҳанд буд.

Амир Қарақулов, раиси ҲАТ

Он кас боз метавонанд бисёр хизматҳои шоистае барои миллат анҷом диҳанд. Дар вохуриҳое, ки дар минтақаҳои мамлакат гузаронидаанд, дар бораи нақшаҳо бисёр хубу равшан ва неку аён сӯҳбат кардаанд. Мардум ҳам ба хубӣ инро дарк, қабул ва эътироф карданду эътимод пайдо карданд. Ман боварӣ дорам, ки боз хизмати шоиста барои миллату ватани худ мекунанд.

Усмон Солеҳ, раиси шӯъбаи таблиғоти ҲХДТ

Корҳои бисёре ҳаст, ки метавонад анҷом диҳад, минҷумла кам кардани сатҳи камбизоатӣ, ки акнун 38 фоиз асту дар 7 соли пешомад ин барнома комилан ҷомаи амал мепӯшад. Ғайр аз ин боз дар мавриди бунёди иншоотҳои нав ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ метавонад иқдом намояд. Бояд дар ҳудуди 300 ҳазор ҷои нави корӣ таъсис дода шавад ва дар сурати шароити мусоид фароҳам омадан ва ризояти Бонки ҷаҳонӣ сохтмони Роғун навбати якумаш ақаллан ба анҷом расонида мешавад.

Дар сиёсати байналхалқӣ ҳам бо ташаббусҳои раҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон мақому манзалати Тоҷикистон боз дар арсаи ҷаҳонӣ баландтар мешаваду мустаҳкам мегардад. Имсол дар масъалаи ҳамкорӣ дар соҳаи об дар Тоҷикистон як форуми калони байналхалқӣ баргузор мешавад. Мо дар барномаи пеш аз интихоботии номзади ҳизби худ нақшаҳои зиёде дорем, ки ман боварӣ дорам амалӣ мегардаду сатҳу сифати зиндагии мардум ҳам боло меравад.

Абдулло Давлатов, раиси Иттиҳодияи тоҷикони Русия

Беҳтарин хизмате, ки болои хизматҳои дигараш Эмомалӣ Раҳмон метавонад ба миллат кунад, ин вафо кардан ба ваъдаҳои додааш ва гузаронидани интихоботи шаффоф ва воқеӣ мебошад!


Мӯҳр
Сафина
Бехтарин хизмат ба миллат. " Давай Рахмон, до свидания ! "

Магар Хизби халки демократи танхо як кадр дорад чи? Дар ин ин 20-сол дигар кадр тарбия накарда аст чи? Агар мард бошад хуб мешуд кадри дигарро пешбари кунад ва чомеаи мутахидгаштаи ТОчикро боз хам мутахидкунад.

курбонали
Албат заминои фурухтагиёмона ба хитой ба хдмон бозмегардонанд.

талбанда
Чаноби усмонов дар назар дорад сесад хазор чои кори холи Талбандахони назди светафорхо ва истгоху бозорхо худо хохад то охири сол се чанди дигар боз хаминхел чои кори таъмин мекунад

ман хам хамчун як шахрванди Точикистон наметавонам хомуш нишинам якчанд хизматхои президентро гуфта мнгузарам ;1.манъи чавонони то 18 сола дар маросимхои дини 2.,бетарафи ба манъи румоли милли ва исломи дар донишгоххо 3.боз гардонидани донишчуени хоричие ки дар талаби илми дин буданд ва либоси мактаби ва дар телевизюнхо факат ва факат таърифи президент агар танкид шавад дигар он шабакаро мебанданд ва манъи занон аз масчид ва бастани масчидхо дур кардани олимхои хакики ва воизон аз минбари ислом ва манъи фурухтани дискхои мавъизахои ин олимон ва умуман ва агар боз президент шавад аз ин хам бадтар чизхоро интизор шудан мумкин аства албатта хизмати шоистае хам кард факат барои ба дахони мардум мухр залан буду халос аз кабили эълони соли имоми Аъзам ва ин чашн ва сохтмони Рогун аммо аксияхо кучо шуд хуллас гуфтанихо бисер аммо комилан бовари надорам ки ин суханхои ман руи чопро бинад бахар хол бо гумони нек равона мекунам ва умед дорам ОЗОДАГОН дар хакикат ОЗОД аст саломат ва сарбаланд бошед.

Гуфтӣ, ки кори халқ ба сомон шавад, нашуд,
Кишвар зи адлу дод гулистон шавад, нашуд.
Ҳар ҷо ситамкашест, раҳад аз бало, нараст,
Ҳар ҷо, ки золимест, ба зиндон шавад, нашуд.
Гуфтӣ, зимоми кор чу дар дасти мо фитод,
Бисёр мушкилот, ки осон шавад, нашуд.
Гуфтӣ ба ҳукми ақлу шариат аз ин сипас,
Кишту замину об зи деҳқон шавад, нашуд.
Гуфтӣ, маҷоли ҷилва ба ноҳақ намедиҳам,
То ҳақ чу офтоб намоён шавад, нашуд.
Гуфтӣ, хилофи расму куҳан дар замони мо,
Мизон-рутбаи донишу имон шавад, нашуд.
Гуфтӣ, ба рағми хоини худкома баъд аз ин,
Даврон ба коми ходими Тоҷик шавад, нашуд.
Кохи ситам, ки кунгура зи чарх бурдааст,
Миллат дар интизор, ки вайрон шавад, нашуд.
Озода шуд забуну ҷафо диду дам назад,
Бар бӯйи он ки вазъ дигарсон шавад, нашуд.
Халқе бад-он умед, ки бемори мамлакат,
Дарвеш аз давои ту дармон шавад, нашуд.
Марди газофаиву ба гуфтор беамал,
Пиндоштӣ, ки кор ба сомон шавад, нашуд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)