Бахшҳо
29 июл 2013 10:57Тоҷикистон / Сиёсат

Ректори Донишгоҳи тиббӣ: Ставкаи дохилшавиро то 25 ҳазор $ баровардаанд

Убайдулло Қурбонов, ректори Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон мегӯяд, афроди алоҳидае дар мавриди фасодкорӣ зимни қабули донишҷӯён ба донишгоҳи тиббӣ сару садоҳоро паҳн мекунанд ва имсол ставкаи дохилшавиро ба ин муассиса ба 25 ҳазор доллари амрикоӣ баровардаанд.

Қурбонов мегӯяд, ин кори дасти манфиатхоҳоне ҳаст, ки мехоҳанд зимни маъракаи қабули донишҷӯён ба донишгоҳ пул кор кунанд: “Агар довталаб 25 ҳазор доллари амрикоӣ дошта бошад, метавонад 5 маротиба донишгоҳро хатм намояд. Он маблағеро, ки ба ин нафарони манфиатхоҳ медиҳанд, метавонанд тариқи шартнома ба буҷаи донишгоҳ гузаронанд ва беягон мушкилӣ қабул хоҳанд шуд.”

Қурбонов таъкид намуд, ки аксари онҳое, ки ба миёнаравон пул медиҳанд, бо дониши худ, беягон мусоидати миёнаравон дохил мешаванд: “Ин миёнаравон вақте мебиёянд ва мебинанд, ки номи довталаб дар рӯйхати донишҷӯён аст, дарҳол занг мезананд ва мегӯянд, ҳамаи корҳо ҳаланд. Бисёранд, қиссаҳое, ки довталабон дохил намешаванд ва волидонашон назди ман омада мегӯянд, мо ба фалону фалон ҳамин қадар пул додем. Аммо мо намедонем, ки ин нафарон кистанд. Баробари ин вақте довталабон намегузаранд, ин миёнаравон ба ҳар зудӣ пули онҳоро намегардонанд. Чунин қиссаҳо бисёранд.”

Дар ҳамин Қурбонов афзуд, ки имсол донишҷӯёнро 200 нафар бештар қабул мекунанд: “Дар маҷмуъ 1410 нафар бояд қабул шаванд. Айни ҳол 3675 довталаб ба донишгоҳи тиббӣ ҳуҷҷат супоридааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 500 нафар зиёдтар мебошад.”

Ба иттилои Қурбонов аз 1410 нафаре, ки бояд қабул шаванд, аллакай 133 нафарашон тариқи квота дохил шудаанд. Ҳамин тавр имсол барои як курсии донишҷӯӣ дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон се довталаб сабқат хоҳанд кард.

Мӯҳр
Ман низ бо Донишгохи тибби алокаманди дорам, зеро бародару хохарам он чо тахсил мекунанад, аз хак хечгох берун рафтан даркор нест. Бародару хохари ман бе ягон пора ба ин донишгох дохил шуда, бо бахои хубу аъло тахсил доранд. Рахмат ба Шумо Убайдулло Курбонов, ки Донишгохро ба муваффакиятхои назаррас ноил гардондед. Худованд ёру мададгоратон бошад!

Тенч
Курбонов буху бгард мо бо Шумоем

Донишчуи ДДТТ
Курбонов бехтарин ректор аст. Мо бо Шумоем устод

Хакчу
Аввалан салом арз медорам ба хайати кормандони сомонаи Озодагон. Худованд калами Шумо хамеша тез ва забонатон бурро бошад. Аммо як чизро мехохам ба самъи Шумо расонам, ки вакте сухан бе далелхои исботшуда ва бемантик аз дахони одами мебарояд, бидонед, ки хатман ба нишон намерасад ва пас мегардаду самт мегирад бар гардани Шумо.
Чихати нигаронкунанда он аст , ки чаро мо мебинем,ки як нафар пок кор мекунад хатман аз пайи бадном кардани у мешавем. О бародаро ман аз аклу заковат ва истеъдоди хамин мард огахи дорам ва ба 100 дар 100 чой доштани шаффофият дар ин донишгохи бонуфуз шубхае надорам ва кафолат низ дода метавонам. Ба Худо ин мард хакчуст ва тарафдори шахсони босавод аст. Боши Курбонов мо бо Шумоем!!!!!!

довталаб аз н.Исфара
дуруст аст , ки дар вохури бо довталабон , яъне санаи 18.07.2013сол баргузор гардида буд, ректор дар назди мо касам хурд, ки ман аз довталабон пул талаб намекунам, ва он пуле , ки миёнаравхо мегиранд ба донишгох намеояд. дар охир ба хамаи мо хитоб карда гуфтанд, ки ба ин фирефрахо дучор нашавед ва миёнаравхоро асло истифода набаред

Дар хамаи сохахои Точикистон ришвахури хаст ва инро хама медонад

устод аз шумо як чи пурсам дар донишгоҳи тибби ба таври бучави дохил шудан мумкин аст

Dilafruz
Salom donishjuyoni donishgohi tibbi suoli manro posuxi durust dihed,ki dar haqiqat bo savod doxil shudan mumkin ast, shumo chiguna doxil shuded?Man Dilafruz xatmkunandai sinfi 11-i soli 2015 posuxatonro intizoram!

Хар инсоне ки дар хакки ректор Курбонов суханхои ночо мега маълум мешава ки дар вай шуури инсони нет. М[left][/left]о донишчуен хамеша пуштибони ректор хастем

ин гапхо хамааш дуруганд хама чой дар точикистон хозир через аст пулат набошад гарчанд савод дори дохил шуда наметавони имтихони тести хам дуруг аст
Дар тест донишгохи тибби супорида довталабон ба донишгохи
аграри дохил шуданд бо чашми худ дидам се хамсинфе ки дар як синф мехонданд имтихони тести доданд лекин дутои он ки бо алохон буданд аз тест нагузаштанду ин як нафар ки дониши соз надошт лекин падараш сум дор буд гузашт хамаш дуруганд барои пушондани айни худ ду се камбагалро кабул мекунанд

Бале бисёр хам дуруст кайд кардан

Салом мухтарам Убайдулло Курбон ман донишчуйи ДМТ факултети тиббию-фарматсевти шуъбаи тибби ташхис мебошам. Ман мехохам, ки тахсилро дар Донишгохи тиббии Точикистон идома дихам. Ман перевод гирифта метавонам е не?

оё ман метавонам хучатхрямро ба ддтт супорам

Чаро, намешудаст бо савод дохил шул?! Албатта мешавад, агар саводи кофи бошад, вале хастанд шахсоне,ки дар муассисаи таьлимиашон муаллимхои бо саводи оли будаги нест!!

Dilafruz,
Салом ман мехостам фахмам саволхои тест хар сол иваз мешавад.Лутфан басаволам чавоб гардонед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)