Бахшҳо
29 июл 2013 12:57Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

САВОЛИ ШУМО БА ВАЗИРИ НАҚЛИЁТ

Низом Ҳакимов, вазири нақлиёти Тоҷикистон, изҳори омодагӣ кард, ки ба ҳама саволи хонандагони торнамои “Озодагон” посух мегӯяд.

Номи Ҳакимов борҳо дар робита ба вазъи роҳҳои кишвар, нақби “Истиқлол” ва ҳамчунин масъалаи “Тоҷик Эйр” вирди забонҳо шудааст.

Низом Ҳакимов 4-уми октябри соли 1962 дар ноҳияи Ленин (ҳозира Рӯдакӣ) ба дунё омада, соли 1983 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо тахассуси иқтисодчӣ (баҳисобгирии бухгалтерӣ) ва соли 2007 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Осимиро бо ихтисоси муҳандис-сохтмончӣ (роҳҳои автомобилгард ва бандарҳои ҳавоӣ) хатм кардааст.

Оқои Ҳакимов тӯли солҳои 2001-2011 директори иҷроияи Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо буд. Вай моҳи феврали соли 2011 бо амри раисиҷумҳури Тоҷикистон ба курсии вазири нақлиёт нишаст ва то ҳол дар ин вазифа кор мекунад.

PS: Саволҳои худро ба Низом Ҳакимов дар зери ин матлаб бинависед.
Мӯҳр
Мӯҳтарам Низом Ҳакимов, ташаккури зиёд, ки омода шудед, то ба суолҳои хабаргузории маҳбуби «Озодагон» посух бигӯед. Банда аз Шумо чанд суол дорам ва умедворам, ки ба онҳо посухҳои муфассал хоҳед дод:
1. Мехостам бидонам, ки айни замон теъдоди лоиҳаҳои муштараки иқтисодии Тоҷикистону Афғонистон бахусус дар соҳаи нақлиёт ба чанд мерасад? Аз шумораи умумии лоиҳаҳо кадоме ба таври суръатнок ва кадоме ба кундӣ амалӣ мешаванд ва чаро?
2. Умуман, аз нигоҳи Шумо, ҳамчун вазир, лоиҳаҳои муштарак байни Тоҷикистону Афғонистон аз кадом ҷиҳат манфиатноканд ва оё мушкилоте дар самти амалисозии онҳо вуҷуд дорад?
3. Маълумот медодед, ки лоиҳаи тарҳи роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон дар кадом сатҳ қарор дорад? Ҷонибҳо барои амалӣ кардани ин тарҳ чӣ ӯҳдадориҳо гирифтаанд ва кадом ҷониб омодагии бештар нишон медиҳад? Дар умум, ин тарҳ дар ҳоли амалӣ шудан ба ин се кишвар чи манфиат мерасонад?
4. Ба таъкиди коршиносон, Ӯзбекистони ҳамсоя ҳатто тайёр аст тарҳи роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистонро «сиёҳ» кунад. Ба назари Шумо, оё он кишвар барои ин кор қодир аст?

Мӯҳтарам вазир, дар хабарҳо омадааст, ки ба наздикӣ як ҳайати тоҷирони вилояти Қундуз ба Кобул рафт, то дар мулоқот бо Ҳомид Карзай мавзӯи аз тариқи бандари Шерхон гузаштани роҳи оҳани миёни Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистонро ба миён гузорад. Ба фикри Шумо, ин тасмим то куҷо воқеъбинона менамояд? Дар ҳоле, ки тариқи бандари Шерхон миёни Тоҷикистону Афгонистон роҳи мошингард вуҷуд дорад.

Мавлон
Мухтарам Вазир,
Коргарони шумо чигуна бо моҳонаи 200 Сомони кор мекунанд? чи корхоро шумо ба анчом расонидед ки онҳо ба фасод даст назананд?

Adolat
мухтарам вазир - аз руи инсоф ба халк гуед ки сохиби ширкати пулчинак аст ва читавр хукумат бо ин ширкат контракт бастааст
фахмонед ки пули ин ширкат чинда ба кучо меравад

чаро пулчини дар вилояти Хатлон несту факат дар рохе ки ба шимол меравад? ин магар сиесати хирадмандонаи хукумат аст?

точик
мухтарам вазир щумо ба мо мархаматкарда гуед ки бо хамин тарзи тамири рохои маркази шарх чи хел мо тараки мекунем , наход дилатон ба халки точик насузад дар ин ъавои гарм дар пробкахо ки сабаби асосиящ тамири рохо мебошад !!!!!!!!!!!!!!!, наход рохе ки дарозиящ буду щуд 1 км нест тамираш ба фикрам аз 6мох гузашт холохам ба поён нарасидааст , ,,,,,,,,,,,,,,,???????????????????????

Саъдӣ
акаи вазир, барои чӣ як гушаи роҳро мекананду мепартоянду боз як гушаи дигари роҳро мекананду муддати дароз валангору беҳаракат хоб ва дар натиҷа мардум азият мекашанд. Мақсад роҳҳои Душанбе аст, ҳама ҷо кандаву хароб, ин чи маънӣ дошта бошад? Охир намешавад, ки як участкаи муайянро таъмиру тармим карда боз дигар самтро оғоз намоянд то ки ҳаракати нақлиёт ва халқ халалдор нагардад. Ташаккур.

Мухтарам Вазир! Хамин роххои дохили дар нохияи Ванч сохиб доранд? Ё онхо дар тавозуни вазорати шумо нестанд? Манзур рохи байни марказ (Рохарв) ва чодахои Ванчи боло мебошад. Ин роххои Ванчи боло 6 мохи зимистон ва 3 мохи тобистон махкаманд. Ба истиснои се мохи тирамох.
Оё ягон чорачуи мешавад?

Салом мухтарам вазири наклиёти ЧТ Низом Хакимов.
Ба ШУМО ва хамаи кормандони вазорат тансихати ва барори корро таманно менамоем,чунки тамоми фасли сол хамаи роххои каламрави Чумхуриро нигохубин менамоед ва дар хама холат омодаед,ки роххои кухсори мамлакатро аз офатхои табии эмин нигох доред ва равуои доимии наклиётро дар тамоми фасли сол дар худуди мамлакат таъмин намоед. Савол чунин аст:
Дар вазорати Шумо чи гуна кор даромадан мумкин аст?Оё чои кори холи хаст ё не?Бештар хатмкунандахои кадом донишгоххо дар ин чо ба кор кабул мешаванд.маош чи кадар аст?
саломат бошед.

Cалом мухтарам вазир. Шумо тасмим надоред, ки як рузи кории худро ба хайси ронандаи такси, старекс, автобус, троллейбус ва ё ин ки хадди акал хамчун мусофир дар автобус сипари намоед. Дар ин холат Шумо хохед донист ки вазъи хизматрасонии наклиёти чамъияти дар шахр дар кадом холат карор дорад ва мардум чи мехоханд. Суоли дигарам ин ки накбе, ки дар Айни хаст кай ба талабот чавобгу мешавад? Вай феълан накб нест, гуристону чох аст. Каблан сипосгузорам.

Салом чаноби вазир.
Саволхо.
1. Чаро роххои дохили ш.Душанбе тули 1 сол мешавд ки таъмиро сар карданду лек то хол аз таъмин набаромаданд. Дар тули як сол мардуми Хотой 100км рохро таъмир мекард лек кормандони Шумо бошад 2 км роххо сах карда наметавонанд. Мисол дар назди вазорате ки Шумо дар он чо кор мекунед. Аз Садбарг то Танка.
2. Дар шартномаи АРС омадааст ки онхо бояд роххоро таъмр кунанд лек Рохо Душанбе Хучандро мебини хис мекуни ки 10 сол боз таъмирро надидааст.
3. Дар вакти пулакаи карданироххо гуфта будан ки агар мониш дар ягончо вайрон шавад кормандони АРС бояд то таъмиргоххо ройгон МЕбиеранд. Дар тулАН МУМКИН Ае ки мошини манд у шабу руз вай монд маня гон корманди АРС надидам. ИНРО ЧИ ТАВР ФАХМИДан мумкин аст?
4. Аз дасти бародари эрониро ба дод омадем дар тунели Аждахор даромада намешавад нафаскашидан намешавад чаро ин тавр аст? Кай мо аз ин ахвол халос мешавем?
5. Ое Худи Шумо охирон маротиба кай на накби Анзоб гузаштед ва чи таъсурот гузошт барои Шумо???
6. Чаро бади сохтани дуто Накб холо нархи рохкирои Хучанд Душабе. Душанбе Айни аз 100 то 150 сомони аст? Чаро ин нарххоро танзим намекунетон?
7. Рохкиро дар шахри Душанбе 1,6 аст хама ронандагон 2 сомони мегиранд инро бояд ки танзим кунад?
8. Ое бади истифода додани рохи Айни Панчакент ин роххо хам пулаки мешавад ми?
9. Чаро рохи Душанбе –Кулоб ва Душанбе помир пелаки несту Душанбе –Хучанд Пулаки шуд?
10. ДаР ШАХРИ Душанбе дар наклиет тамоман танзим нест. Кадом ронда кадом самте ки хохад хай мекунад БА ИН ЧИ ГУФТАНИЕД?
ХОХИШ ДОРАМ КИ ЯК МАРОТИ БА АЗ НАКБИ АЖДАХОР ГУЗАРЕД. Ба умеди нек аз Айни
Ҷумъв Ҷумъаев,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)