Бахшҳо

Видео аз бойгонӣ: Мулло Абдураҳим зидди Мулло Абдураҳим?

Навори видеоие тавассути як хонандаи торнамои “Озодагон” дастраси мо шуд, ки дар он суханронии Мавлавӣ Абдураҳим (Абдураҳим Каримов) дар бораи дини Ислом ва пайванди он бо сиёсат сабт ёфтааст. Ин суханронӣ моҳи январи соли 1992, ҳанӯз 21 соли қабл, наворбардорӣ ва дар яке аз бойгониҳо нигоҳдорӣ мешудааст.

Ин видео дар ҳоле дастраси мо гардид, ки тайи як моҳи охир номи Мавлавӣ Абдураҳим дубора рӯи забонҳо омадааст. Вай рӯзи чоруми июли соли ҷорӣ дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имомхатибон иштирок ва тақрибан ним соат суханронӣ кард. Оқои Абдураҳим, ки дар рӯбарӯи президент ҳарф мезад, аз он изҳори надомату пушаймонӣ кард, ки дар вақташ нафаҳмида, бо исломиҳо пайвастааст. "...Чи хеле ки Шумо гуфтед, Ҷаноби Олӣ, ман асосгузори Ҳизби наҳзати исломӣ дар собиқ вилояти Кӯлоб будам. Хато кардем. Аз ин мардуми бофарҳанг ва олиму уламо, аҳли зиё илтимос мекунам, ки ҳамон тавре ки мо хато кардем, дигар ба хатоӣ роҳ надиҳанд",-таъкид дошт ӯ.

Аз ин пештар ҳам, Мавлавӣ Абдураҳим дар чандин маҳфиле, ки бо ҳузури намояндагони Кумитаи дини Тоҷикистон дар манотиқи кишвар, аз ҷумла ноҳияи Мастчоҳ, баргузор шуд, иштирок карда, дар бораи ҳизб дар Ислом ва пайванди он бо сиёсат суҳбат кардааст.

Аммо дар наворе, ки ҳамакнун дастраси мо шуду мо ҳам дар ихтиёри Шумо мегузорем, дида мешавад, Мавлавӣ Абдураҳим чигуна дар бораи алоқамандии Ислом бо сиёсат ва махсусан фаъолияти Ҳизби Наҳзати Исломӣ суҳбат мекунад. Вай аз ҷумла дар суханронии худ мегӯяд, “ҳамаи мусулмонон, ҳамаи масҷидҳо, хусусан Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ман огоҳ ва водор мекунам, ки агар ягон инсоне гӯяд, ки Ислом ба сиёсат чӣ кор дорад? Худованд оятеро барои дар сиёсат дахолат кардан ва як гуруҳ бояд ба сиёсату фалсафаву руҳияти инсониятро ба корҳои дунёӣ вобаста гардонидан ва мардумро аҳамият додан, барои зинда гардонидани миллат ва талаби ҳаққу ҳуқуқи худ, ҳам оят омадааст ва ҳам ҳадис. Ин оят кадом аст? Худован дар Қуръон мефармояд (Астаизубиллоҳ) ”Валтакун минкум умматун ядъуна ила ал-хайри ва яъмуруна бил маъруфи ва янҳавна ъанил мункарӣ” (Оли Умрон. Оят - 104). Бояд дар мобайни шумо эй миллат як гуруҳе махсусе бошанд, ки мардумро аз нуқтаи назари сиёсӣ огоҳ кунад ва шумо аз майдони сиёсат берун бароварда дар як майдони беруҳу беҳуқуқ набошед. Як гуруҳ бояд мардумро ба сиёсат даъват кунад.”

Абдураҳим Каримов, ки ҳоло мударриси Донишкадаи исломист, дар гузашта намояндаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Кӯлоб буд. Дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ ба Афғонистон паноҳ бурда, баъд аз имзои Созишномаи сулҳ дар ҳайати сидарсадӣ вориди ҳукумат шуд ва муддате раёсати Кумитаи гумрукро бар уҳда дошт.


Мӯҳр
хусен
рузе мешудас ки як одам ошкоро гуяд ки хизб дар ислом нест ин хизбозиву найрангбози дар ислом нест ой мардум бедор шавед аз мулло абдурахим ибрат гиред шукри сулху ободии ватан кунед шукри ин сарзамину чоноби олли кунед ой мардум ба хатоги рох надихед кандоша занад мулло абдурахим марди мусалмон анахаминхел мешавад аз пушти ватанаш чонашро фидо мекунад зинда бод мулло абдурахим зинда бод чаноби олли

зехни
имруз дар оинаи нилгун гиря кунии парда косимовро намеги диги акы грия куни ду мох дар телвизион мода меша навбати ким.......

Ширин
Хушо ба холи касе, ки дар зиндагиаш хатояшро мефахмад ва ислох мекунад, бале ин марди худодод будааст. Мулло Абдурахим яке аз асосгузорони хамин хизб буд, чаро у аз хизби нахзат руй гардонд? Барой пулу мол?! Магар холо сардорони ин хизб пулу мол надоранд? Барой чи мулло Абдурахим аз хизбе, ки худаш яке аз асосгузоронаш буд истифода накард, ки ин гуна пулдору молдор шавад, вай чаро аз ин имконияти сарватманд шудан руй гардонд? Худ фикр кунед, ин талошхои мулло Абдурахим барой сарват набудааси, балки барой пешрафти мардуми точик ва чомеаи Точикистон будааст. Ва агар на, у метавонист аз ин руй нагардонаду мисли бисере аз сухангуени ин хизб аз номи Ислом гап зада аз хорича пул чамь кунаду ба манфиатхои худ истифода барад ва мардум ро ба парокандаги ихтилоф дучор кунад, то аз ин фоидае ба даст оварад. Аммо ин марди ватандуст аз ин имкониятхои но дуруст истифода накард ва хизмат ба ватану миллати худро болотар аз манфиатхои шахси худ донист. Дар охир гуфтаниям, ки хар ахборе, ки дар борай ин мард мехонед, аввал ба тарозуи кали худ бар кашед ва фирефтаи хар гуна дасисахо нашавед.

Чавоб ба азои ххдт
Бародар ту хато мекуни! ХНИТ ро аз пушти мулло Абдурахим шинохтанд, ин ро хама медонад. Турачонзода, Химатзода, Абдуллой Нури хорича ба хорича мегаштанду пул чам мекарданд ва дар хорича хонаву дар гирфта айшу ишрат мекарданд, чангро мулло Абдурахим мекард. Ватке мулло Абдурахим ба хатоги худаш коил шуду чанг ро бас кард, дигар хочагони хоричии он муллохо сармоягузориашон ро Кам карданд. Дар охир Хизби нахзат бе мулло Абдурахим шикаст хурд ва то имруз калонхои ин хизб касди бе обру кардани мулло Абдурахим ро доранд вале иншоолох ба максадашон намерасанд. Зеро ин мард дар миени мардум хеста гуфт: бубахшед, ман хато кардам, вакте кас хато карда бахшиш мепурсад, уро хам Худо ва халки Худо мебахшад, ва дигар дар бораи ин хатоги гап задан дуруст нест ва хар ки гап мезанад худ айб чую фитнагар хаст. Бино бар ин душманони ин мард иншоолох ба максадашон намерасанд.

нимат
хусен, Шукри Аллох кун на чаноб.Маънои чаноби оли чист?оё медони?Ба номи Худо шармам меояд аз дидори чунин мардони хушомадгуй.

100 дар сад дуруст кард модоме муло нури хама пулхоро азони худ кард барои вазифа хамаро худаш фурухт госницаи вахш аз у аст детски мир хонаи дакадангашро намеги фарзандояш хама малумоти оли гирифтанд муло абдраим бечора чи кор кунад бад меган е мард бош е дар хизмати мард дуруст кард дар пеши чаноби оли икрор шуд сад рахмат ба чаноби оли ки уро бахшид

Умед
Дустони азиз, онхое,ки ин кадар ришу фаш мегуянд, охир буз хам риш дорад! Шумо одамхоро ба ришу фашашон нигох карда бахо медихед? Чаро раиси хизби нахзат риш надорад? Охир бас будагист ин тангназарихо ва ин бемаърифатихо!!! Мо хама мусалмон хастем ва набояд якдигарро такфир кунем. Дар кучо мулло Абдурахим аз дини мубини Ислом руй гардонидааст, ки шумо уро инкадар номусулмон мегуед?! Магар факат аъзоёни хизби нахзат мусулмон хастанд?! Охир кадоме аз ин бузургворони хизби нахзат барои мову шумо намуна шуда метавонанд? кадоме аз онхо?! кадоме аз онхо метавонад барои манфиати чомеа шуда аз бахри манфиатхои шахсии худ гузарад?!

сафарали
мулло абдурахим зинда боши худо нигахбонат бошад ки хамаро коил карди марди мусалмон будаи то инвакт номатро шунида будаму худатро надида будам хакики марди часуру хакики ватан дуст будаи хечвакт саратро хам накун дар пеши ин номусалмонхо инхо барои ду танга пул ватанашонро мефрушанд агар хизбиё мусалмон мебудан еронихоро намедаровардан ошуро барпо кунанд бад худашонро мусалмон мехисобанд инхо ошкоро худашон худонро гуфтанд ки мо шиа хастем мо мардуми точикистонро фиреб медихем амо мардуми точики холо хам бесавод ин хизбиёро намефахманд бар гапи хар бесаводу найрангбоз ахмияднадихед ман худам шахсан мегуям ки шумо мавлави абдурахим марди босаводу ватандуст хастед ин сагхои дар бадари пулу мол чам кун худашонро ба мулло абдурахим баробар мекунанд аз пушти муло абдурахим шумо нони хурданатонро ёфтед аммо имруз шумо бесафодхо хаёл мекунед ки хело ба савод хастед иншоалох хеч вакт ба максади ватанро пароканда кадан намерасед зик нашевед хизбиё мо мулло абдурахимро дар барамон дорем мисли пештара нест ки шумо мардумро фиреб дихед ман худам шахсан мегуям ки чандин боро дида гихастам хамин хизбиё аз пушти мулло абдурахим медавиданд агар мард бошанд хезанду гуянд ки мо авалу охир аз пушти мулло абдурахим нони хурдан ёфтаем ва як тин пул ёфтагихастем аммо ин бесаводхо хеч вакт ин хел намегуфнд и н шиахо дар киёмат иншоалох чавоб мегуянд зинда бод мулло абдурахим худо нигах бонад мо хамавакт иншоалох дар бари шумо хастем худо нигахбонатон

р
Озодагон илтимос чоп кун. Ин чо хамааш гапи махал аст. Барои кисми зиеди точикон махал хам аз миллат ва хам аз хиссиети мусудмони боло аст. Тамом ва салом.

akbar
hizb shia ast in janjolho nishonai hamin ast

hizbiho shia shudagiyan in janjolho nishon medihad dar okhir tamosho kuned

саид
боби мулло зинда боши и гапой и одамо ай руйи бесаводишонай риш пиш бе ришам боши зинда боши

диловар
обо бобой мулло зинда боши ин беаклхо хечвакт ба акл намешаванд

Mullo Abdurahim zinda boshi chizera rushan kardike ki akle kase nagirifta bud yoki metarsid az obruyash lekin tonisti malades in fahmish ohista ohista dar zehni mullohoi kam savod yoki kam fahmi tarsonjak joi meshavad baad dar hama joi gap mezanan baroiki hakikatai
nest dar islom hizb va firkabozi fitnabozi inho hamaash az kufr dar baini muslmonon ovarda shudaast to zaif va parcha va nest shavand
hizb boi dodagi taslim shav shaitoni foida nadora
okibati bidat hamin fitna digar khubi nest

Ман ба солхои чанг кор надорам ки чикор кард,аммо ман худоро шохид мегирам,ки дар рузи киёмат,аз болои ин дуруя даъво дорам,зеро чанд сол пештар,анаахамин дуруя(Абдурахим) як гурухро барои кор ба казокистон бурда,шиносномахояшонро гирифта мегурезад,ман худам шохиди хол хастам,пас мо бо чикадар азобхо шиносномахоямонро пайдо кардем,агар касе аз наздикони у ин маколаро мехонад ба у бирасонед ман уро захрамро мечаконам,ягон руз.мллои дарбориа .

kulob
Durukghoi hizbiho dar haki bobi mullo naguzashtestai hama gapa istifoda burdestan inja mahalachigi khalos

Inson khato mekunad vakteki fahmid osloh mekunad joi aibash nest chi khatoyasha din gufta peshi mardum burdangirad in khato ast amo taasubi khatoi kalon dar baini musulmonon im rafta istodaast

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)