Бахшҳо

Пешниҳод: Таппаку шири гов ҳам Ид дошта бошанд

Абдулазизи ВОСЕЪ

Тоҷикистон ватани идҳост. Ҷиддӣ мегӯям. Дар ватани мо ид ҳамеша болои ид аст. Худо хоста бошад, ба наздикӣ шумораи онҳо боз якто зиёд мешавад: Иди картошка.

Яке аз муовинони раиси вилояти Суғд гуфтааст, онҳо дар фикри ташкили Иди картошка мешаванд. Ба қавли Аҳмадҷон Қобилов, чунин пешниҳод ба онҳо ироа шудааст ва онро баррасӣ намудаву сипас хулосаи худро хоҳанд гуфт: “Бо супориши ҳукумат охири моҳи оянда иди харбуза, асал ва кадуро мегузаронем, лекин иди картошкаро ягон бор нагузаронидаем. Як маслиҳат мекунем, кори мешудагӣ аст”. Ӯ ҳатто вақти ҷашнгирии иди картошкаро низ тахминан баён кард: “Ташкил кардан мумкин аст. Дар пеш Ҷашни сада аст. Дар ҳамон вақт картошка қариб, ки мепазад. Омӯхта бароем, шароит шавад, мегузаронем”.

Иди харбузаву асалу каду ва картошка ҳам хубанд, аммо ба назари ин ҷониб ба идҳои дигаре ҳам аз қабили Иди таппак, Иди бодиринг, Иди себи хубонӣ, Иди олуча, Иди шири гови зотӣ, Иди қаламфур, Иди гандум ва ғайраҳо низ сахт ниёз дорем. Бо чанд далел зарурати таъсиси чанде аз ин идҳоро баён мекунем ва умедворем, пешниҳоди мо мадди назари масъулин қарор хоҳад гирифт.

Таппак: Он месӯзад, мо гарм мешавем

Таппак барои бештар аз ними аҳолии кишвар, ки дар кӯҳистон зиндагӣ мекунанд, дар чор фасли сол манбаи гармӣ ва пухту паз аст. Махсусан ҳамасола дар ним соли бебарқӣ он мисли оксиген ба мардум зарур меояд.

Бо таваҷҷуҳ ба ин ва қавоиди ҳамаи идҳо барои Иди таппак ҳам таъсис додани намоишгоҳ ё «виставка»-и боҳашамате дар маркази пойтахт айни муддаост. Аз ин пештар бояд дар марказҳои шаҳру навоҳӣ чунин намоишгоҳҳо гузаронда шуда, гулчини таппакҳо интихобу ба марказ оварда шаванд. Мошин-мошин, трактор-трактор таппакҳои навъи аълоро аз тамоми гӯшаву канори кишвари азиз дар ин намоишгоҳ ба маъраз бояд гузошт. Таппаккунҳои беҳтарин ба мардум муаррифӣ шуда, аз сирри таппак ба ҳозирин маълумот диҳанд (зимнан дар боғҳои фароғатӣ гузарондани мусобиқаҳои таппаксозӣ низ ба манфиат хоҳад буд).

Чанд намуна аз таппакҳои беҳтарин ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҳадя карда шавад. Аз ин Ид бояд хеле бошукуҳ ҷашн гирифт: бо шиору овезаҳо. Ба хотири муассиртар шудани ид пешниҳод мекунем, намоишгоҳ зери номи «Таппак: Ӯ месузад, мо гарм мешавем» гузаронда шавад. Зимнан, мутахассисон муваззаф шаванд, барои афзоиши таппак роҳҳои зиёд кардани ахлоти говро биҷӯянд.

Бодиринг беҳтарин сарфакунандаи пул

Бодиринг сабзавоти хуб аст. Хушхӯр. Бо он дилхоҳ хӯрок бомазза мегузарад. Аз нигоҳи иқтисодӣ ҳам он ба оилаҳо манфиатовар мебошад. Онро метавон ба унвони ҳосили дуюм дар киштзорҳо парварид. Вақте истеҳсоли он зиёд шуд, табиист нархаш ҳам арзон мешавад. Табибон мегӯянд, он ба саломатӣ фоидаовар аст. Бодиринг пули шуморо сарфа мекунад. Бодирингро агар ҳар қадар зиёд ҳам истеъмол кунед ба дилатон намезанад, махсусан агар бо намак бихӯред. Аз ин рӯ имкон доред, ки равғану картошкаву нахуд, макарону ба монанди инҳоро нахарида, танҳо бодиринг истеъмол намоед. Тасаввур мекунед, дар як моҳи бодирингхӯриятон чӣ қадар маблағ сарф мешавад?

Рӯзи таҷлил аз Иди бодирингро метавон аз миёнаҳои моҳи июну июл ҷустуҷӯ кард. Маҳз ҳамин ду моҳи тобистон бозори бодиринг гарм мешавад.

“Молоко, шир-да биё”-бренди сол

Шояд мепурсед, ки Иди шири гов ба чӣ меояд?

Ин қадар содда нашавед. Ҳамаи мову шумо маҳз бо шири гов бузург шудаем. Бетафовутӣ нисбат ба он баробар ба ношукрӣ аз замони истиқлол аст. Таъсири ҳамин каллорияҳои шири гов аст, ки имрӯз дар сармои зимистону гармои тобистон тоқат мекунем. Гузашта аз ин мегӯянд, маззаи шири гови тоҷикӣ дар ҳеч гӯшаи дунё нест. Як дӯстам, ки масъулияти подабонии як фермаро дар кадом як рустои Русия дорад, ҳамеша шикоят мекунад, ки “шири говҳои инҳо маззае надорад. Садқаи шири гови худамон шавам”.

Шир нишони покӣ ва сафедӣ аст. Чизест, ки як фарёди «молоко шир-да биё» садҳо нафарро аз хоб бедор мекунад. Воқеан, пешниҳоди камина ин аст, ки ҳамин ҷумлаи “молоко шир-да биё”, ки солҳост нақши ҷеғи хуруси саҳарӣ дар шаҳрҳоро мебозад, “бренд”-и Иди шири гов эълон шавад. Дар доираи ҳафтаи “Иди шири гов” дар саросари кишвар маъракаҳои эҳтироми шири гов гузаронда шавад. Мисли солҳои Шӯравӣ ҳармоҳа говдушҳои беҳтарин муайян шаванд.

Ширчойпазҳои беҳтаринро аз гушаву канори ҷумҳурӣ кашф намуда, ба онҳо мукофотҳои сатҳи давлатӣ бояд дод. ТВ-ҳо вазифадор шаванд, ки аз хусусиятҳои шири гов пайваста барнома таҳия созанд. Таъини рӯзи эълони Иди шири гов беҳтар аст, бар дӯши мутахассисин вогузор шавад.

Ба ҳамин монанд, бояд мутахассисони соҳаҳои мухталиф дар мавриди хусусиятҳои беҳтарини қаламфуру гандум, олучаву қулфинай, тарбуз ва ғайраҳо маълумотҳо гирд оварда ва ба зарурати таъсиси идҳояшон таъкид намоянд.

Ин ҳама Идҳо чанд хубӣ доранд. Аввалан, вақте идҳо зиёд шуданд метавон фикри мардум ҳамеша ба чизе машғул дошт. Дигар, онҳо фурсати андешидан сари вазъи зиндагии худ ва фазои сиёсиро пайдо намекунанд. Саввум, мардуми соҳибҷоизаву соҳибмедал зиёд мегардад. Чаҳорум, мағзҳо дар гардиш медароянду рӯз аз рӯз ҷашнҳои нав ба нав пешниҳоду таҷлил мешаванд. Ва ниҳоят ТВ-ҳои кишварро ғами эфирпуркунӣ азият намедиҳад. Пас, зинда бод Идҳо!

Мӯҳр
Мавзуъ супер!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!
!!!!!
!!!!!!!!!!!!!!!!!!
Ба онхое, ки мегуянд журналист мавзуи чолиб наёфтааст, мархамат карда 1 мавзуи чолиб ва мухим пешниход кунанд. Охир ин мавзуъ худ аз худ ба вучуд наомадааст ку, онро намояндаи хукумат дар дахони журналист партофтааст.

ванчов
Иди 'Себи Ванчи'-ро аз ёд набароред' канд зан муалиф

Иди 'Себи Ванчи'-ро аз ёд набароред' канд зан муалиф

чуча
Агар маро мекоби аз Дангара мееби. чаро иди чучаро фаромуш кардед, Абдулазиз.Хатман иди чуча ва тухм яъне иди моро хам гуед ба кайд гиранд. Аз Дангара моро меебанд.. иди хубе мешавад..

Аз ванч
Чормагзшам тутшам... Ай ед наброре

мухочир
ЯК ОРЗУ ДОРАМ.ИДИ ИСТЕФОРО БЕНАМ.

ЯК ОРЗУ ДОРАМ.ИДИ ИСТЕФОРО БЕНАМ.

Rustam Rustamov,

Оқои Рустам,

як иди дигарро фаромӯш кардед. Иди куртаи "Чакан" ва рақси синаҷумбонӣ дар шиками гурусна!

in idhoro hukumatdoroni viloyati sugd sar kardan.aslan in idho az xujandiho ast.xair hej boke nest.bo hamin bahona yarmarkahoi xuroka meshavadu kame arzoni meshavad.in korhoro kosim kosimov sar kardu ba dushanbe yod dod.

Ин журналиста зебаш бозори шохмансурай ! Миенбанда мебандишаву картошкафуруши мекуна

Исфаринский
Одил,
Садкаи номи Одил шави.Агар одил боши чашмони куратро кушо афсонаи "КАДУШОХРО"бихон ва фаркиятеро аз он давлати КАДУШОХ ва Точикистонро кобчи меёби ё не...фаркияте нест..Ман хохиш мекардам як иди дигареро чашн гиранд.Иди хушомадгуён ва лагандбардоронро.Бигзор ин турфа хамон аз сахар то бегах байни худ оиди ки бехтару хубтар хушомадгуи мекунаду чаноби оли мегуяд мусобика кунад.Ба бехтаринхо лаганде,ки дар он хурок тамом шудааст хамчун тухфа диханд..хамчунин аз либосхои истифодашудаи мансабдорони баландтарин,аз чумла либосхои дар таги либос мепушидаро хамчун тухфа ба онхо диханд.Ба одил бошад хамчун ба намояндаи бехтарин шабхораваки президент бояд тухфа шавад!ТАЛАБ МЕКУНАМ.

Абдулазиз дар ҳақиқат одами бемаънӣ ва журналисти беистеъдод будаи. Садқаи тахаллуси Восеъ кунад туро. Хуб мешуд номатро аз паҳлуи номи ин шерамарди куҳистонӣ дур мекардӣ. Агар бо лаҳҷаи мардуми Восеъ гуем, "худо бгира гапои пучи бемаънита".

Ҳоҷибой Тоҷибоев
Офарин устод Абдулазизи Восеъ, ана инро мавзуи доғ ва танзи зебо мегуянд, хеле вақт шуда буд, ки нахандида будем, расо хандидем. Илтимос ба ғайр аз мақолаҳои расмиву хушку бемаъни хуб мешуд, ки қаламбадастони кишвар масоили мушкилии ҳаёти мардумро ба тариқи ҳаҷв ва танзомез ба гуши масъулин бирасонанд, ин албатта муассир хоҳад буд. Дар гузашта низ ин чизҳо буд, масалан дар давраи амирӣ шоир Абдураҳмон Мушфиқи проблемаҳои ҳалношуда ва ноадолатиҳоро ба шакли танз ба халқ гушзад мекард ва то ба имруз одамон навиштаҳои Мушфиқиро мехонанду механданд. Аз муаллифи мақола хоҳиш мекунем, ки мушкилии инсонҳоро ба ҳамин шева идома диҳанд. Як ҷаҳон ташаккур!

Маъруфчон
Як Икарус бошаду муаллифи хамин макола ва кадухурхои ба ин бекорхуча чавобнавиштаро бор кунию бурда дар ягон масчид груповой чилёсин куни савоби хамаша мегири. Ку марди сахие, ки дар арафаи иди Саиди Фитр хамин амали савоба ичро кунад. Боз хаминхо мусулмону аз гуру киёмат бохабар. Дар Рамазон як бор хатми Куръон кунен аз ин сиёхдилиатонро нишон додана.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)