Бахшҳо
02 авг 2013 13:23Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Суоли баҳсбарангези Сайфулло Сафаров ба Кабирӣ ва Зоиров

Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС), дар як нишаст дар қароргоҳи Ҳизби Наҳзати Исломӣ гуфт, ҳукумати кунунии Тоҷикистон, ки аз соли 1992 сари қудрат мебошад, ҳанӯз хидматашро ба поён нарасондааст. Ба ҳисоби оқои Сафаров, ин ҳукумат ҳадди ақалл даҳ соли дигар метавонад барои миллат хидматҳои дигареро анҷом бидиҳад.

Ин ҳарфҳоро Сайфулло Сафаров дар ҳоле рӯи забон овард, ки рӯзи 2-юми август бештари коршиносон дар нишасти “Демократияи номуваффақ ё бозгашт ба авторитаризм” дар қароргоҳи ҲНИТ сабабҳои инқилоб дар ҷаҳони арабро дарозумрии раҳбарон номиданд. Онҳо гуфтанд, ҳукуматҳои дарозумр чунин вазъиятеро ба вуҷуд меоранд, ки мардуми ба "ҷономада" ба хиёбонҳо бирезанд. Нишасти “Демократияи номуваффақ ё бозгашт ба авторитаризм” дувуми август дар қароргоҳи ҲНИТ дар Душанбе баргузор шуд. Дар кори он коршиносони дохиливу хориҷӣ ва намояндагони чанде аз сафоратҳо иштирок доранд.

Сайфулло Сафаров дар оғози сӯҳбаташ ба инқилоби баъзе кишварҳои арабӣ ишора карда ва дар идома дар бораи низоми феълии Тоҷикистон, ки бештар аз бист сол инҷониб зимоми қударатро дар даст дорад, низ сӯҳбат кард. Ӯ гуфт, “мо ин низомро интихоб кардаем ва дар ҳақиқат хидматашро карда истодааст. Ҳоло вақти иваз намудани он нарасидааст. Ин аз соли 1993 бояд 30 соли давом кунад.”

Сафаров дар ҳамин вақт ба тарафи Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва Раҳматулло Зоиров, раҳбари ҲСДТ, ки дар паҳлӯяш менишастанд, нигаристу гуфт, “агар Шумо демократияро қабул доред, пас, бояд онро ба ҷомеа, аз ҷумла давлат нишон диҳед, ки чигуна раҳбарият тез-тез дар 4 ё 5 сол иваз мешавад. Вале Шумо чанд соле ҳаст, ман медонам, онро накардаед, ба ин савол чӣ ҷавоб медиҳед? Ба оқои Зоиров низ ҳамин саволро доданиам, ки раҳбари ҳизби Шумо кай иваз мешавад?”

Ба гуфтаи муовини раиси МТС, аҳзоби сиёсӣ дар ҳоле метавонанд, дар бораи зуд-зуд иваз шудани раҳбарият ҳарф зананд, ки худ таҷрибаи онро дошта бошанд: “Ин танҳо савол мебошад, агар инро анҷом диҳед, сипас ҳақ доред аз дигарон, бахусус Эмомалӣ Раҳмон ё Ҳизби халқӣ-демократӣ иваз шудани раҳбарро пурсед ва ба ҳамаи мардум низ роҳеро нишон диҳед, ки мана мо кардем, Шумо низ кунед. Вале то вақте инро карда наметавонед, пас маълум аст, ки ин фарҳанги мо гашта, ҳамаамон чунинем.”

Муҳиддин Кабирӣ дар ҷавоб ба Сайфулло Сафаров гуфт, дар оинномаи ягон ҳизб давраи раисӣ маҳдуд нашудааст: “Ойинномаи тамоми аҳзоби сиёсӣ барои давраи раҳбарият маҳдудият надоранд. Маҳдудият дар мавриди сол ё то анҷуман вуҷуд дорад. Вале чанд бор раҳбар интихоб шудани як шахс наомадааст. Агар маҳдудияти чанд бор интихоб шудани раҳбар дар ойинномаи ҲНИТ вуҷуд медошт ва мо онро тагйир карда, давраи сеюм раҳбар интихоб мешудем, ин суол мантиқ дошт. Вале мо ҳоло давраи дуюми раҳбарияти худро ба поён нарасонидаем.”

Вале, ба гуфтаи ӯ, бино ба қонунҳои Тоҷикистон раисиҷумҳур танҳо барои ду давра ҳаққи интихоб дорад, ки риоя накардани он хилофкорӣ хоҳад буд: “Мо таҷрибае дорем, ки демократ асту номи демократӣ дорад, вале баъдан қонунгузориро барои тамдиди салоҳиятҳояш тағйир медиҳад. Ин алакай ошкоро нишон медиҳад, ки ин ҷониб пойбанд ба арзишҳои демократӣ нест.”

Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, то кунун се давра дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ иштирок карда, баранда шудааст. Қарор аст, ӯ моҳи ноябри соли ҷорӣ барои чорумин бор дар интихоботи президентӣ ширкат ҷӯяд.
Мӯҳр
Чонибек
респект устод кабири чавоби кутох мушаххас ва хело бо маъни! дар хакикат хам мардаки бо савод аст!

TJ
Ахсан Сайфулло Сафаров! Ва боз як чизи дигар ба он шахсоне ки зиди Эмомали Рахмон сухан менависанд. Рахмон пули сомони нест ки ба хама махкул бошад! Овоз дихед касе гузашт - гузашт. Холо маълумам нест ки Эмомали номзадии худро мемонад ё не! шумо холо худро хучкарда ба замин зада истодаед, дар тамоми опросхое ки дар Интернет гузашта истодааст, Эмомали Рахмон овози зиёд дорад) маълумаст Мужик обуру дора нисбате баъзе шахсиятхо. Агар зиндагии ту пеш наравад айби ин бечора чи?! Аз паи зиндагит шав хонаи худта обод кун. Хонаи турахам Эмомали биёя обод куна? И суханхо ба хаму одамое ки шикоят аз пешравии зиндагишон мекунан таъалук дорад!

Хатои мо дар он аст,ки фалсафаи сиёсии мо ба он асос ёфтааст, ки барои ҳақ баровардани камбудиҳои худ, камбудиҳои дигаронро мегӯем. Агар мафкураи "муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ" дар ин сатҳ бошад, войи ояндаи ин миллат.

C. Сафаров мегӯяд: "... ҳоло вақти иваз намудани он (ин низом) нарасидааст. Ин аз соли 1993 бояд сӣ сол давом кунад..."
Оқои Сафаров, шумо кадом низоро дар назар доред? Низоме ки мухолифини сиёсиро бо ҳар баҳона таъқибу зиндонӣ мекунад? Низоме ки кишварро сар то сар дар ботлоқи фасод, беназмӣ, бекорӣ, қашшоқӣ, ришваситонӣ, қимативу қаҳтӣ, дилсардии мардум аз оянда ғӯтондааст? Худоё, худат нигаҳ дорӣ!

Хитоб ба Кабирӣ, Зоиров ва дигар раҳбарони аҳзоби сиёсӣ. Ҷиҳати иштирок намудан дар пойгаи интихобот ҳатто кӯшиш ҳам накунед. Намегузаред! Намемонанд! Агар овоз гиред ҳам, овозҳоятонро ботил (бекор) мекунанд. Бигзор интихобот бе алтернатива гузарад. Мисли таъинот. Кани бинем, обруи байналмилалӣ то куҷо мерасад.....

Сайфуло Сафар ки масъули тахлилу тахкики такдири кишвару миллат аст фаркро байни институти хизбиву институти раисии чумхур набинад "ачаб хирадманд ва мухаккики хакии милат будаст хирадмандтарин вазифадори точик офарин ба аклу фитрати бузург.дигар асосе ёфтап натавонистаст бечора олими мухаккики асосии давлати хара хандаву бузу бозиш бигирад аз тафаккури чунин ашхос.

nur
салом хонандагони азиз, Ман сухани Исфандиёр хеле писандидам офарин, як муовини маркази стратеги аз конунхои ахзоби сиёси хабар надорад вокеан вой бар ахволи чунин чомеа, ин суханаш далолат ба бесаводии он шахс мекунад ва аз он бадтар хелехо кур курона он шахсро тахсин мекунанд чавонон хушёр бошед. фиреб нахуред хар суханро бо далел кабул кунед.

Мухочир
дар 20 сол ягон корро ба сомон нарсонид хукумати рахмон дар 10 соли дигар чи аз дасташ меояд

Рахмат Зохир,
Ана саводи шумо маълум шуд мухтарам раиси хизб!!!!! Махалчигиро аз миллатчиги бояд фарк кард!!! Баъд давои курси!!!! Хоки пои баддарин инсони точика буса мезанам лекин шумобарин ашхосхоро нахохам дар сиесати точик дидан!!!!!!!! Чоят иншоаллох холи хохад монд!!!!

Чаноби Сайфуло як масъалае гузоштанд, ки аз мантик тамоман дураст. Хукумат хануз хизмати худро ба анчом нарасонидааст Хукумат мисоли одамаст чаноби Сафаров бо гузашти замон одам пир мешавад аммо пирии худро кабул надорад то заонеки марг ба сурогаш наояд хох нохох чои пирон чои неруи чавон мешавад ин аз шумо вобаста нест дарди шумо факат хаминаст ки хамёнхои худро бояд то кафидан пур аз хакки мардум кунед вале ин мардум имруз бедор шудаст ин суханбозихои шуморо хуб мефахманд мардони Худо бояд рохбари халки мазлумгашта шаванд то аз зулми ин золимон рахо шаванд.

Азам
Бародарон, СС хамаи моро ахмак мекунад. Саволе ки он ба миен гузоштааст тамоман мантик надорад. Ба назари ман дар он чо артистхое кор мекунанд, ки вазифаагон мардумро ахмак намудан аст. Чаро СС дар бораи масоили зерин харф намезанад (баръакс чун гунг мегардад): (1) он фалокате ки давлат чоряки мардумро ба мухочирати мачбури овардааст, ва мардум имруз гуломи Русия гаштааст, (2) чаро хукумат таи 20 сол масалаи барку газро хал карда наметавонад (факат Узбекистонро дар инчо гунахгор насозед, дар инчо нотавонии хукумат бараъло дида мешавад!), (3) чаро хукумат дар дасти як оилае хаст, ки тамоми Точикистонро ба моликияти худ табдил додааст, (4) чаро ягон одаме наметавонад, ки дар Точикистон бо бизнес машгул шавад - хамин, ки кораш барор гирифт, уро мешинонанду юизнесашро кашида мегиранд, (5) чаро Точикистон заминашро ба Хитой медихаду хама хапу дам мегардад, (6) миллиардхои Талко ба кучо меравад ва ба фоидаи ки? Ва хоказо. Ин СС ба мардуми Точикистон хизмати хирси карда гаштаасту, шумо ранги рохгумзада

Усмон Усмонов
Ман фикр мекардам Сайфулло Сафаров, омузгор устод дар донишгох хастанду Хамчун муаллими сохиб маълумот, тарафдори хакикати демократ ва зудтар ободии Точикистон хастанд. Амо мебинам фикру фахмиши ин шахс дигар аст. Харчанд дарбораи ободии миллати Точикистон ва пешрафти иктисодиёту илму фархангу... бо у бахс кунандхам бефоидааст.
Сабаби обод нашудани Точикистон, чунин шахсони якраву бетачриба хастанд.
Барои чунин шахсони бехунару якрав, хатогихои давлат хакикат аст ва агар садхо хакикатро испот кунедхам боз бо як сухан, ки маънояш хакикат хасту амо маънии хакикаташро намедонанд боз бахс мекунанд ва боз худро доно фикр карда дар баъзе баромадхо ба дигарон писханда мезананд ва хамончохам аклашон намерасад, ки мардум ба онхо чи бахо медиханд.

Одам
Э одамон! э бародарон Сайфуллоро хам фахмед кадом одам, албатта кормандони хукумати Рахмон, мехохад ки вазифаро аз даст дихад, о ин бечораро шумо фахмед. Ин гапи у хушдор аст, яъне бояд ягон чора бинед вагарна ин мардак бо ин зудихо аз президенти рафтани нест, мегуяд Сайфулло. Шумо охир сиёсатро хам кам кам фахмед, баъзе вактхо сиёсатмадорон гапхое мезананд, ки чанд сол баъд дигарон мефахманд. Оимруз ин СС аз даруни хукумат ба шумо хабар додааст ки президент бо ин карибихо рафтани нест. Оё ягон каси дигар ин хел хидмат ба мардум мекунад? албатта не. Агар мегфт ки мо тибки конун кор мекунем ва г.. хайр мегфтем ки кани конун, вале вакте ошкор мегуяд холо 10 соли дигар лозим аст....Жириновский хам баъзе катхо сад грам менушаду як гапхое мегуяд ки камаш як хафта баъд мефахмед ки кадом сири давлатиро фош кардааст. Албатта инхо дар мачлисхои хукумат мешинанду гапхои Сарварро мешунаванд ва медонанд ки то кай аз вазифа рафтани нест. Хайр боз чи хел осон карда ба шумо фахмонад!

Ин суолро чӣ ҷавоб аст ту ҳам медонӣ...

-КАбири Сайфуллочон ин хел савол нате! охир ман чавоб намеёбам ба ин савол! о ин ду се муллои нимчасаводе, ки аз акиби ман мераванд ман аз раиси даст кашам дигар ин хизба ки рохбари мекунад?

точик
Дар кучо диданд ки демократия вучуд дошта бошад !охир чомеаи чахони он кадар гумроху нотавон аст, ки кушандаи як шахсро кайфар медихад аммо катли як миллатро ифтихор медонад ин дар мисолест ки дар мамлакатхои араб хар руз садхо бегунохон ба катл мерасанду он шахсоне, ки мардумро ба ошуб мехезонанд бе парвоёна дар аврупою амрико гашту гузор мекунанд .Биёед мо хам ба ошуб мехезем! аммо пас мебинед, ки чи мешавад окои Кабири ба Эрону Окои Зоиров ба Узбекистон панах мебаранду он шахсоне, ки дар майдонхо баромад мекунанд зери танку тупу лагад шуда душмани миллат шуда чони худро аз даст медиханд. Ин мардони шердиле, ки онхоро рохбари мекарданд хатто дар хаккашон ягон оят хам намебахшанд. Ин аст конуни зиндаги? аз Хабаргузории озодагон хохиш мекунам ки ин суханони маро дар ин торнома сабт кунанд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)