Бахшҳо

“Изҳорот”-и раиси ҲНИТ дар Хоруғ бар зидди Кабирӣ ва ҲНИТ

Асрор Булбулов, як сокини шаҳри Хоруғ, ки худро раҳбари Ҳизби Наҳзати Исломӣ дар маркази вилояти Бадахшон, муаррифӣ намуд, дар изҳороте Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ-ро барои барзиёд нишон додани аъзои ҳизб муттаҳам кард. “Изҳорот”-и Булбулов бегоҳи панҷуми август тариқи Шабакаи аввали Телевизиони давлатии Тоҷикистон пахш шуд.

Асрор Булбулов узвияти 3 ҳазор нафар аз ҲНИТ дар Бадахшонро дурӯғе беш надонист ва гуфт, ҳоло ҳамагӣ 38 узви пешини ҲНИТ дар ин минтақа боқӣ мондаанду халос. Аз ҷумла, ба гуфтаи ӯ, ҳоло раёсати ҲНИТ дар Хоруғ ҳамагӣ 5 узв дорад. “Ман ҳатто муовини худро надидаам. Фақат панҷ нафарро мешиносам. Дар ҳолатҳои даркорӣ ҳамин панҷ нафарро даъват мекунам",-афзуд Булбулов.

Асрор Булбулов гуфт, ӯ соли 2012 ба мақоми раиси ҲНИТ дар Бадахшон баргузида шуд ва ҳудуди як сол боз фаъолият дорад. Ӯ гуфт, онҳо мехостанд изофанависӣ дар мавриди аъзои ҲНИТ дар Бадахшонро ба Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ҳам бирасонанд. Аммо ба қавли ӯ, то кунун Кабирӣ аз ҳолу аҳволи онҳо хабар нагирифтааст. “Лекин ҷаноби Кабирӣ фурсате наёфтанд, ки моро хабар гиранд. Агар ба Бадахшон меомаданд, сари як миз нишаста ҳамаашроо мефаҳмондем. Аз дурӯғ чӣ фоида? Дигар бародароне ҳастанд, ки инро медонанд”,-илова кард ӯ.

Асрор Булбулов гуфт, ҳар чизе, ки эълон медорад, на танҳо мавқеи худаш, балки бародарони дигар низ ҳаст: “халқи Хоруғ бо наҳзатиҳо ҷангу ҷанҷол доштанд, ки ман фаъоличятамро қатъ кунам. Ман дар кӯча мешинам бародарон мегӯянд, Асрор корро бас кун. Ин ҳизб аз мо нест, балки бар зарари мост.”

Асрор Булбулов дар охир хитоб ба Кабирӣ гуфт, аз дурӯғу зиёд нишон додани сафи ҳизбиён на ба онҳо ва на ба Бадахшону Тоҷикистон фоида нест. Вай афзуд, агар ҳамаи мардуми бадахшон зидди наҳзатанд, вай рӯирост аз ҲНИТ даст мекашад ва мегӯяд, “чунин ҳизб даркор нест.”

То тобистони соли 2012 раёсати ҲНИТ дар Хоруғро Шерик Карамхудоев роҳбарӣ мекард, ки дар ҷараёни амалиёти низомии соли гузаштаи нерӯҳои давлатӣ боздошт ва ҳоло ба зиндон маҳкум шудааст. Як манбаъ дар ҲНИТ ба “Озодагон” гуфт, Асрор Булбулов ҳамагӣ як соли пеш ҳамчун иҷрокунандаи раиси бахши ҲНИТ дар Хоруғ таъин шуда, изҳороташ бо мувофиқа бо мақомоти интизомӣ омода ва пешниҳод шудааст.

Рӯзи чоруми июли соли ҷорӣ дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо рӯҳониён мавзӯи ҳазфи Ислом аз номи ҲНИТ садо дод. Рӯҳониён гуфтанд, Ислом ба ҳизб ниёз надорад ва аз ин рӯ бояд ҲНИТ калимаи исломро аз номаш берун кунад. Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ҳоло бо чиҳил ҳазор узв ҳизби умдаи мухолиф дар кишвар ҳисоб меёбад.
Мӯҳр
Мо як одат дорем ки ягон вокеае агар руй дод дар хол ба тахкири макомоти амният ва мудофиа мешавем. Илтимос бародарон ба худ савол дихед ки хизмати харби ки карзи мукадас аст ва аз хама мухим хифзи номуси модару хохар ба хар яки мо аст адо кардаем ё на

чахонгир,
ЧАХОНГИРИ АЗИЗ БАРОДАР МАН АСЛАН НА АЪЗОИ ХНИТ ХАСТАМ НА АЗ ЯГОН ХИЗБИ ДИГАР ЛЕКИН МАН БО ГУФТАИ ТУ РОЗИЯМ ДАР ХАКИКАТ ХАМИН ХЕЛ АСТ.... ЛЕКИН ДАР ТОЧИКИСТОН БОЯД БОЯД ДИГАР КАС ПРЕЗИДЕНТ ШАВАД....

Асроров хокеиятро гуфтааст. Афсус ки нафаре, ки вокеияти ХНИТ-ро баён мекунад аз сафи хизб ронда мешавад ва мусоидаткунандаи макомоти давлати номзугори мешавад. Пас аз ин хизб чигуна бовари кунем. Диламон аз ин хизб монд

мехкалон
хай дило дило диле хай дило дило дил

Ассалому алайкум! Офарин ба бародар Асрор Булбулов, ҳақиқатро аз Аллоҳ тарсида изҳор кардааст. Ҳама соҳибони хирад медонанд, ки ин ҳизб, кизб, яъне дуруғ аст. Вале мутаассифона то ҳол аъзоёни он инро дарк намекунанд, зеро ҷоҳиланд ва ё фанатик!

Офарин бародар, инҳо охир кур ва ношукранд!!!

Мискин аз ҳаво гап зада истодаӣ!!!!

muhammad
Ба бародар Чахонгир гуфтаниям ,ки аз руи кина нею азруи инсоф харф зан ,ту мегуи ки Кабири президент шавад дархол хохиши давлатхои Русу Араб дар точикистон хукумфармо мешавад. Бародар инсоф кани факту ракам дори барои гуфтаат? Хуб Рахмон Э магар точикистонро бепул ба Россияю Путин таслим накардааст ? Як пораи Точикистони азизро ба хитой арра карда ки дод? инсоф кун чура. Вактеки ба касе тухмат мезани акалан як далели хом биер. Барои ту як мисол далели одди тарафдори ах президенту хукумату мири шахр мекуни магар аз руи инсофаст рохи назди бозори ЗЕЛЕНИЙ ,ки ончо якмоха кораст ин максимум охир дуюм соласт мардум дар таги чангу хок мондааст. мархамат мард боши чавоб те бо далел.

badakhshon
bulbulov natars badakhshon hamrohi shumo na .......kurkgontepa

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)