Бахшҳо

Додоҷони Атовуллоҳ аз раҳоияш хабар дод

Додоҷони Атовуллоҳ, раҳбари ҷунбиши сиёсии “Ватандор”, ки шаби 19 ба 20-уми август, дар фурудгоҳи Тбилисӣ боздошт гардида буд, нисфирӯзи 20-уми август аз раҳоияш хабар дод.

Додоҷон дар саҳифаи фейсбукияш аз қавли монбеъ изҳор медорад, ки ӯро ҳабс нахоҳанд кард ва базудӣ озод хоҳад шуд. Ӯ шаби гузашта ҳангоми парвоз аз Прага ба Тбилисӣ боздошт шуда буд ва тавре худи ӯ иттилоъ дод, "боздошти ӯ бо дархости интерпол сурат гирифтааст ва айни ҳол интизори қарори ҳукумати Гурҷистон мебошад. “Гурҷистон як кишвари демократӣ аст, умедворам, маро озод мекунанд."-гуфта буд ӯ.

Ба навиштаи Додоҷон мақомоти тоҷик ӯро дар терроризм муттаҳам мекунад. Бо вуҷуд мақомоти гурҷӣ ба ӯ имкон додаанд, аз интернет истифода кунад.

Додоҷони Атовуллоҳ, журналист ва раҳбари ҷунбиши сиёсии “Ватандор”, рӯзи 15-уми июл дар фурудгоҳи Шереметевои шаҳри Маскав низ дар ҳоле, ки ӯ аз Прага бармегашт, боздошт шуда буд, аммо баъди чанд соат дубора ба Прага фиристода шуд.

Додоҷони Атовуллоҳ, муассис ва сардабири нашрияи “Чароғи рӯз”, аз мухолифони сарсахти ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунии Тоҷикистон мебошад, ки дар пайи ҷанги дохилии Тоҷикистон кишварро тарк карда, дар Русияву Олмон ба сар мебарад. Мақомоти Тоҷикистон ӯро дар таҳқири раисиҷумҳур ва ҳамчунин даъват ба сарнагунии низом муттаҳам медонанд. Бори охир Додситонии кулли Тоҷикистон соли 2011 нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноӣ боз намуда, аз Русия тақозо карда буд, Атовуллоҳро ба Ватан истирдод намояд.

Додоҷони Атовуллоҳ тобистони соли 2001 бо дархости ҷониби Тоҷикистон дар Маскав боздошт шуда, вале баъд аз якуним рӯзи ҳабс раҳо гашта буд. Он вақт созмонҳои журналистӣ ва ҳомии ҳуқуқи инсон аз боздошти ӯ шадидан интиқод карда буданд.
Мӯҳр
саид
худованд устоди азизиморо,ки чони худро барои озодии милати точик дарег надошт дар панохи амнаш нигох дорад ва худокунад ки ба зуди озодшуда мукобили ин рохбарони золиму хоин муборизаи худро идомадихад

Он бародар мегуяд,ки агар Додочони Атоуллох мард мебуд миёмад дар ватани худаш муборизаро барои озодии мардум мебурд ман аз ин бародар мепурсам, ки ин номардхо чандин чавонмардонро дар ватани худашон бегунох зиндони кардан ё инки ба хар макру хилахо ба катл расонданд барои мисол Ёкуб Салим он марде ки чони худро сипар барои ин рохбари шумо кард дар ватани худаш ба чи хол гирифтораш карданд ва дигару дигархо хамаи инро хаки точик медонанд аммо имруз ки ба ту мансабе гумон мекунам расидаас аз хамин хотир норохат шудаи хайфи мо барин миллатеки хама мардумамон гуруснаю ташна дарусия гулломан боз ту шарм нокарда мукобили касе харф мезани у аз хукуки мардум риояшудан харф мезана тарафи касеро мегирики точикистонро бойни хонадони худ таксим карда парвои ин милатро надорад

мубориз
Ин даун гайри худаша масхараву мазок кардан дигар кор надорад. Ба дар меронандаш, аз тиреза медарояд. Мегуянд казои саг, ки расид нони чупониш мефорад. О ту дар Гурчистон чи гум кардаи, модарат хешу таборат дар Точикистон. Хона биё, мегуем ба бачахо чангат намекунанд. Ту намедони, ки гурчихо бо русхо, ки пуштибони туянд, чангиянд ва метавонанд бо ду дасти адаб пеши акат роит кунанд. Хе беакле....

...АТОВУЛЛОХИ, АГАР ТУ ХАМ БА САРИ КУДРАТ БИЁИ МАКСАДИ ТУ ХАМ ХАМИН АСТ, ИМРУЗ ХАМА БАРОИ НАФСУ ЧОНИ ХУД МУБОРИЗАНД, НА БАРОИ МИЛЛАТУ ВАТАН.... НА ВАТАНДОР ВА НА ГР-24 ВА НА ДИГАРХО, ХАМА МАКСАДИ ЯГОНА "ЧИ ГУНА РОХБАРИРО БА ДАСТ ОВАРДА АТРОФИЁНИ ХУДРО ДОРАНДА ГАРДОНЕМ ВА ДИГАРОНРО МУТЕЪ". МАКСАДИ ХАР ЯК ДАЪВОГАР АЗ РОХБАРИЯТИ ИМРУЗА ТО ДИГАРОН МАКСАДИ ЯКХЕЛА ДОРАНД..... БА ХАМИН ХОТИР ХУДОВАНД ИН ГУНА АШХОСИ ЗУЛМКОРРО АБАДИ НАМЕДОРАД, ЯГОН РУЗ ФАНО МЕШАВАНД, ИНШОАЛЛОХ... ХАР КАСЕ МАКСАДАШ ВАЙРОНИИ ВАТАН ВА ПАРЕШОНИИ МИЛЛАТУ ХАЛКИЯТ АСТ, ХОИН ВА ДУШМАНИ ХАЛКИ ХУДОСТ ВА ЗУД АСТ КИ ИНШОАЛЛОХ ФАНО МЕШАВАД.!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)