Бахшҳо

Ваъдаҳои пешазинтихоботии мухолифини Эмомалӣ Раҳмон

Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон, дар консепсияи пешазинтихоботии худ, ки шакли ниҳоияш аллакай тасдиқ ёфт, авфи маҳбусони сиёсӣ, тибу маорифи ройгон, роҳҳои бепул, таъминоти пурра бо барқ, маоши баланд ва як қатор тағйироти конститутсиониро мақсад гузоштаанд.

Дар консепсия, ки лоиҳаи ниҳоияш имрӯз, 20-уми август тасдиқ шуд ва интизор меравад, 24-уми август, ба тасвиб расад, аз ҷумла омадааст:

Санади мазкур дидгоҳҳои умумии ҳизбу созмонҳо ва шахсиятҳои аъзои ИНИТ дар бораи ояндаи Тоҷикистон мебошад, ки бояд меҳвари барномаи интихоботии номзади ягонаи он қарор бигирад.

I. Ислоҳоти конститутсионӣ

Ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи ҶТ, хусусан:

а) маҳдуд намудани муҳлати президентӣ ба ду чорсола ва тақсими салоҳиятҳои идораи давлат байни Президент, Сарвазир ва парламент;

б) боқӣ мондани Президент ҳамчун сарвари давлат ва гузоштани роҳбарии ҳокимияти иҷроия ба души Сарвазир;

в) гузаштан ба Парлумони якпалатагӣ бо таъмини намояндагии ҳамаи шаҳру ноҳияҳо (90 вакил + 60 вакил аз руйхати аҳзоб, ҷамъ 150 вакил);

г) ҳизби ғолиб номзадии Сарвазирро ба Президент барои пешниҳод ба Парлумон муаррифӣ мекунад. Дар сурати аксарияти овозҳоро нагирифтани ягон ҳизб, эътилофи аҳзоби парлумонӣ номзад ба мақоми Сарвазирро ба Президент муаррифӣ мекунад. Сарвазири интихобшуда аъзои ҳукуматро барои таъйид ба Парлумон пешниҳод менамояд;

д) интихобӣ будани раисони вилоят, шаҳру ноҳия ва ҷамоатҳо;

е) интихобӣ будани судяҳои ҳама зинаҳои судӣ;

ж) интихоби раиси КМИР дар ҷаласаи Парламенти ҶТ бо пешниҳоди ҳизбҳои сиёсӣ.

II. Ҳадаф ва принсипҳои асосӣ

Таъмини воқеии:

а) мардумсолорӣ ва баробарии ҳама дар назди қонун ва суд;

б) адолати иҷтимоӣ;

в) фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва хидматрасонии босифату баробари давлатии иҷтимоӣ барои аҳолии Тоҷикистон;

г) амали ҳокимияти давлатӣ дар асоси тақсими салоҳиятҳо байни ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ;

д) фазои рушди соҳибкории хурду миёна ва муҳити солими сармоягузорӣ;

е) рушди ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ, озодии виҷдон, сухан, фаъолият, мусофират ва ВАО;

ж) шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳисоботдиҳанда будани ҳама зинаҳои он дар назди ҷомеа;

з) тамомияти арзии кишвар.

III. Барномаи амалӣ

а) соҳаи иқтисод, иҷтимоиёт ва маънавиёт

- таъмини сиёсати солими кадрӣ, муборизаи давлатӣ ва ҷамъиятӣ бар зидди фасод (коррупсия), маҳалгароӣ ва хешу таборчигӣ дар идораи давлатӣ;

- таъмини сиёсати рушди истеҳсолот, хусусан саноат, аз нав дида баромадани низоми андозбандӣ, боҷситонӣ ва гумрук ба хотири таъмин ва рушди шароити соҳибкорӣ ва истеҳсолот;

- аз нав дида баромадани сиёсати давлатии муҳоҷират ва таъмини сифатии он, бо таъмини авлавияти истеҳсолот ва эҷоди ҷойҳои корӣ бо маоши сазовор дар дохили кишвар;

- ба вуҷуд овардани фазои мусоиди сармоягузории хориҷӣ, ҷалби сармояи ватанӣ ва хориҷӣ барои роҳандозии истеҳсолоти саноатӣ;

- таъмини пурраи аҳолии Тоҷикистон бо барқ;

- таъмини ҳадди ақали музди меҳнати баробар бо мизони сабади истеъмолӣ;

- таъмини хидматрасонии ройгон ва босифати тиббӣ ба аҳолӣ, ҷорӣ намудани кумакҳои тиббии имтиёзнок барои нафақахӯрон, маъюбон ва қишрҳои осебпазири аҳолӣ;

- таъмини назорати истифодаи грантҳо, кумакҳои башардустона, кредитҳо ва дигар қарзҳо;

- таъмини босифати рушди маориф ва бепул кардани низоми таҳсилоти ҳамагонӣ;

- бартарият додан ба самтҳои улуми дақиқ, таҷрибӣ ва технологӣ (на камтар 65%) дар низоми маориф;

- ворид намудани хидмати алтернативӣ дар артиш ва тадриҷан гузаштан ба артиши касбӣ;

- қотеъона даст кашидан аз пулакӣ кардани роҳҳо бе таъмини роҳҳои алтернативӣ;

б) соҳаи кишоварзӣ

- таъмини одилонаи ислоҳоти замин ва танзими ҳуқуқии заминдорӣ, хусусан дар муносибатҳои қарзӣ ва замонати бонкӣ, бо додани бартарият барои рушди соҳаи агросаноатӣ;

- ислоҳоти воқеии аграрӣ, хусусан дар соҳаҳои истифодаи замин, мелиоратсия, хоҷагии об, бо мақсади баргардонидани замин ва воситаҳои асосии кишоварзӣ ба деҳқонон ва соҳибкорон дар ин соҳа;

- таъмини имтиёзҳои мақсаднок ба кормандони соҳаи кишоварзӣ дар асоси озмун барои рушди истеҳсолоти ватанӣ, аз ҷумла озод кардани соҳа аз андозбандӣ;

в) соҳаи сиёсӣ, муносибатҳои давлат ва дин:

- эълони афви умум барои маҳбусони сиёсӣ ва афроде, ки барои андеша, ақида ва мавқеи сиёсӣ ё динӣ ҳабс шудаанд;

- аз нав дида баромадани қонунгузорие, ки боиси маҳдуд шудани озодиҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, динӣ, иҷтимоӣ ва маънавии шаҳрвандон гаштаанд;

- таъмини ҳуқуқи озодона муттаҳид шудан ва ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла динӣ;

- таъмини воқеии принсипи ҷудоӣ байни ҳокимияти давлатӣ ва иттиҳодияҳои динӣ.

г) соҳаи сиёсати хориҷӣ

- муайян ва мушаххас намудани бартариятҳои манофеъи миллӣ ва принсипҳои сиёсати хориҷии ҶТ бо давлатҳои дуру наздик, созмонҳои байналмилалии байнидавлатӣ ва ғайридавлатӣ;

- бознигарии муносибатҳо бо кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ба хотири беҳтар кардани равобити дутарафа ва бисёртарафа, расидан ба низоми бидуни раводид (виза) бо ин кишварҳо, дастёбӣ ба тиҷорат ва ҳамкориҳои имтиёзнок байни Тоҷикистон ва ҳама кишварҳои минтақа;

- аз нав дида баромадан ва такмили қонунгузории ҶТ дар соҳаи сиёсати хориҷӣ.

IV. Муқаррароти ниҳоӣ

а) Ин Консепсия барои як давраи 4 - солаи гузариш аз низоми авторитарӣ ба низоми воқеан демократӣ пешбинӣ шудааст, ки номзад уҳдадор мешавад, дар сурати интихоб шуданаш ба мансаби Президенти ҶТ, онро амалӣ намояд;

б) агарчи Сарқонуни кишвар муҳлати президентиро 7 сол муайян кардааст, вале номзад ба президентӣ аз ИНИТ уҳдадор мешавад, ки барномаи давраи гузаришро дар муддати то чор сол анҷом дода, шароитро барои баргузории интихоботҳои озоду шаффофи парламентӣ ва президентӣ омода месозад;

в) Дар сурати Президент интихоб шудани номзади ИНИТ, номбурда ҳаққи пешбарӣ намудани номзадиашро ба мақоми президентӣ дар давраи навбатии пас аз чорсолаи гузариш, надорад;

г) Дар давраи гузариш Ҳукумат бояд аз ҳисоби мутахассисони соҳаҳо ташкил шавад, ки авлавият ба ҷавонон дода мешавад. Ҳиссаи бонувон дар ҳукумати оянда на камтар аз чоряки аъзои он бошад. Инчунин, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ дар умум на бештар аз 40 дарсади аъзои ҳукуматро ташкил намоянд.
Мӯҳр
Муродали
Рости гап Мунаварчон намедонам зан хасти ё мард амин хел хам бояд бошад. Чунки Ту ва хамин консепсиянависон аз кучаи рохбари гузаштаги нестед. Мо худро дар назди дигар халкхо шарманда кардани нестем.
Агар ихтиёра ба дасти шумо барин бесарупо гузоранд падару модаратонро инкор карда худро сардори оила мехисобед.
Зинда бод Эмомали Рахмон, падари ту, ман ва халки точик

Илтимос ин Консепсияи начотбахшро чоп карда ба тамоми мардуми точик таксим кунед. Бовар кунед баъди хондани он агар касеро номзад пешниод намоед Прзиденти Точикистон интихоб мешавад, агар раиси савхоз хам бошад ва агар як кас хам уро нашиносад. Бо ин барнома 79% овозхоро мегирад. Бо эхтиром аз бани мардуми дар азият буда. Илтимос чоп кунед!

Коршиноси хизби
Талоши бехуда мекунед чанобони ИНИИТ. Э Р боз 7 соли дигар Президенти мост. Аллакай назарпурсии пешаки нишон дод ки у президенти конуни мешавад. Хавотир нашавед, интихобот шаффофу демократи мегузарад ва эшон камаш 75 фоиз овоз мегирад.

4-sol ne.mo mexohem rahmon to oxiri umrash prezidenti tojikon boshad va salom..xudo umrasha daroz kunad.in konepsiya dar konuni mo ast va bud..ohista ohista hal shudesai.xutona dono nagiredu xalkro fireb natied..xalk gov nest.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)