Бахшҳо
11 сен 2013 11:16Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Ҳукумати кунунии Тоҷикистон: Кӣ, чӣ, кай ва дар куҷо?

Панҷ узви ҳукумати Тоҷикистон ба раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон аз синни нафақа гузашта, беш аз нисфашон зодаи як вилоят –Хатлон ва ҳафт нафарашон аз як ноҳия - Данғара мебошанд. “Озодагон” талош кард, ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонро тариқи рақамҳо нишон диҳад.


Ҳоло синни миёнаи аъзои ҳукумати Тоҷикистон 56 солро ташкил медиҳад. Бар асоси қонун дар кишвар синни нафақа барои мардҳо 63 ва занҳо 58 сол муайян шудааст. Айни замон панҷ узви ҳукумат аллакай аз ҳадди муқарраргардидаи синни нафақа гузаштаанд. Муҳлати миёнаи будубоши аъзои ҳукумат дар вазифаҳои феълияшон 5 солро ташкил медиҳад. Аз рӯи муҳлати ишғоли вазифа, Шералӣ Хайруллоев, рекордсмен аст, ки 18 сол боз вазири дифои Тоҷикистон мебошад.

Дар ҳайати ҳукумат ҳамагӣ 1 зан кор мекунад. 13 узв ё худ 61,4 дарсади аъзои ҳукумати феълӣ зодаи вилояти Хатлонанд. Аз ҷумла, 7 нафар ё 33,3 дарсад аз ноҳияи Данғара мебошанд. Вилояти Суғдро дар ҳукумати феълӣ 5 нафар намояндагӣ мекунанд, ки 23,8 дарсади аъзоро ташкил медиҳад. Аз ноҳияҳои тобеи марказ дар ҳайати ҳукумат 2 нафар (9,5%) ва аз вилояти Бадахшон 1 нафар (4,7%) кор мекунад.

Эмомалӣ РАҲМОН, президент ва раиси ҳукумати феълӣ, 5 октябри соли 1952 дар ноҳияи Данғараи собиқ вилояти Кӯлоб (Хатлон) таваллуд шудааст. Ӯ 60 сол дошта, 20 сол боз зимоми қудратро дар даст дорад.

Оқил ОҚИЛОВ, нахуствазир, 2-юми феврали соли 1944 дар Хуҷанд таваллуд шудааст. Оқилов 69 сол дошта, 14 сол боз ба ҳайси сарвазири Тоҷикистон кор мекунад.

Матлубхон ДАВЛАТОВ, муовини аввали сарвазир, 17-уми январи 1950 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Ӯ 63-сола буда, 5-уми январи соли 2012 муовини аввали сарвазир таъин шудааст.

Руқия ҚУРБОНОВА, ноиби сарвазир, 23-юми октябри соли 1956 дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон таваллуд шуда, 26-уми январи соли 2008 муовини сарвазири Тоҷикистон таъин шудааст. 57 сол дорад.

Муродалӣ АЛИМАРДОН, муовини сарвазир, 24-уми апрели соли 1960 дар ноҳияи Ҳисор таваллуд шуда, баъд аз раисӣ дар Бонки миллӣ 26-уми январи соли 2008 ноиби сарвазир таъин шудааст. 53-сола.

Гул ШЕРАЛӢ, вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон, айни ҳол 63 сол дошта, дар вазифаи ҳозирааш аз 1-уми декабри соли 2006 кор мекунад. Ӯ 20-уми феврали соли 1950 дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон таваллуд шудааст.

Сафаралӣ НАҶМИДДИНОВ аз соли 2000 инҷониб вазири молияи Тоҷикистон аст. 61 сол дошта 20-уми ноябри соли 1951 дар ноҳияи Восеъ таваллуд шудааст.

Ҳамрохон ЗАРИФӢ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, 25-уми декабри 1948 дар дар ноҳияи Восеъ таваллуд шуда, аз 1-уми декабри соли 2006 вазири умури хориҷӣ таъин гардидааст. Ӯ 64 сол дорад.

Қосим ҚОСИМОВ, вазири кишоварзии Тоҷикистон, 3 октябри 1964 дар шаҳри Ленинобод (Хуҷанд) таваллуд шуда, 26-уми январи 2008 ба вазифаи ҳозирааш таъин шудааст. Қосимов 48-сола аст.

Рамазон РАҲИМОВ, вазири умури дохилии Тоҷикистон, 25-уми январи соли 1960 дар Данғара таваллуд шуда, аз 5-уми январи соли 2012 инҷониб вазири умури дохилӣ мебошад. Ӯ 53 сол дорад.

Нуриддин САИДОВ, аз 10-уми январи соли 2012 вазири маориф таъин гардидааст. Ӯ 25-уми ноябри соли 1956 дар деҳаи Навободи ноҳияи Данғара таваллуд шуда, айни ҳол 56-сола аст.

Нусратулло САЛИМОВ, вазири тандурустии Тоҷикистон, 4-уми феврали 1965 дар ноҳияи Данғара таваллуд шуда, 26-уми январи соли 2008 вазири тандурустӣ таъин шудааст. Ӯ 48 сол дорад.

Шералӣ ХАЙРУЛЛОЕВ, вазири дифои Тоҷикистон, 8-уми ноябри соли 1949 дар Данғара таваллуд шуда, аз соли 1995 инҷониб, 18 сол боз вазири дифои Тоҷикистон мебошад. Ӯ 63 сол дорад.

Шариф РАҲИМЗОДА, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, 12-уми марти соли 1959 дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон таваллуд шуда, 24-уми январи 2012 ба вазифаи ҳозирааш таъин шудааст. Раҳимзода 55-сола мебошад.

Низом ҲАКИМОВ,
вазири нақлиёти Тоҷикистон, 4-уми октябри соли 1962 дар ноҳияи Рӯдакӣ (собиқ ноҳияи Ленин) таваллуд шуда, 28 феврали 2011 вазири нақлиёт таъин шудааст. Ӯ 51 сол дорад.

Рустам МЕНГЛИЕВ, вазири адлия, 3 майи 1965 дар Конибодом таваллуд шуда, аз 5 январи 2012 вазири адлия мебошад. Ӯ 48 сол дорад.

Маҳмадамин МАҲМАДАМИНОВ, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, 2-юми апрели 1961 дар ноҳияи Шуғнон таваллуд шуда, аз 10-уми марти 2010 вазири меҳнат таъин гардидаст.

Мирзошоҳрух АСРОРӢ, вазири фарҳанги Тоҷикистон, 20-уми августи соли 1953 дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд таваллуд шудааст. Ӯ 1-уми декабри соли 2006 вазири фарҳанг таъин шуда, айни ҳол 60 сол дорад.

Раҳмат БОБОКАЛОНОВ, вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Тоҷикистон, 12 майи 1950 дар ноҳияи Бобоҷон Ғаффурови вилояти Суғд таваллуд шуда, аз 10-уми марти соли 2010 ба мансаби феълияш таъин гардидааст. Ӯ 63 сол дорад.

Саймумин ЯТИМОВ, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, 23-юми июли 1955 дар вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Ӯ 2-юми сентябри соли 2010 ба мансаби раиси Кумита таъин гардидааст. Ятимов 58 сол дорад.

Давлаталӣ САИДОВ, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, 30-юми марти соли 1970 дар ноҳияи Данғара таваллуд шуда, 19-уми октябри соли 2009-ум раиси Кумитаи сармоягузорӣ таъин гардидааст. Ӯ 43 сол дорад.
Мӯҳр
"Озодагон" Шумо иштибох кардед. Дар хайати Хукумати Точикистон ягон нафар зан нест. Агар шумо рохбарони идорахои наздихукуматиро дар назар дошта бошед, пас, донед, ки онхо аъзои Хукумат хисоб намешаванд.

Дар хакикат ноодами!

хакикатчу
магар аз кулоб ягон олим ё хунарманд набуд ки сазовори нишони ситораи президент шавад бозор собир барои точикистон чи хизмат кардааст

ДанГАР
Дангараро барвакт аз Кулоб чудо карданд, барои хамин кулобихоро вазифадор нагуед. Ин Дангара - мулки вазирзо!

Ормон
О гуфтед, ки модархои чануб котиби якум зоида наметавонад? Мана мезоидааст ку . бинед Прездиент мезоидааст . Як модарои Дангара икадар вазир зоидааст ки 70 пуштатонба бас аст. Кулоб , Гарм , Хучанд , Помир ба дига хелб нест. Токат када аку ба чои шашмаком , бобои -Файза гуш када муда мешинем ..

саидчон
Озодагон - бехтар мебуд менавистед ки ин хукумат нест балки як компанияи шахси\ оилави аст - хама аъзоенаш хеш астанд - на хизматгори халк, на интихобкардаи халк!!!
Рахмон, Давлатов, Саидов - хамаш аз як оила

Rambo
Оразшо Пояндашоев,

Оразшои чун ин кадар бисйор воима карди ку. Руусский язик пять, лекин математика - ду! (с). Во-первых, Нораку Хамадони вилояти Хатлон, лекин кулоби не ку. Во-вторых, на 2010 год в Хатлонской области проживало почти 2,700 млн, а ГБАО всего 206 тыс. В любых цивилизованных странах всегда больше представителей во властных структурах из наиболее населенных регионов. Могу доказать, но я думаю сам догуглишься.

Бемансаб
Ана махалгарои аз кучо маншаъ мегирад. Наход, ки аз як нохияи Дангара, ки хамаги 100 хазор ахоли надорад, 7 ё 33,3 фоиз аъзои хукумат бошанд.Ин хам холо пурра нест, зеро дар ин руйхат боз Прокурори генерли Шерхон Салимзода, Раиси суди Оли Абдуддллев, рАИСИ КУМИТАИ АНДОЗ, Рохбари хадамоти гумрук ва дигархо, ки хама зодагони нохияи Дангара ё гирду атрофи он мебошанд, низ шомил мебошпнд.Аз худи аъзои оилаи Чаноби оли домодаш муовини аввали Вазири молия, духтараш муовини вазири корхои хоричи, кудояш Гул Шерали вазири саноат мебошанд. Мардуми дигар минтака, аз чумла мардуми водии Рашт ё водии Хисор чи гунох доран,ки ба онхо умуман дао хукуати чумхури чой нест.Боз Чаноби оли дар тамоми баромадхояш кайд мекунад ки тамоми мардуми Точикистонро дуст медорад.У факат мардуми Дангара ва ахли оилаи худро дуст медораду халос.

777
Мардуми Хучанд Кахрамонхои оши нахору домодталабон Токат кунед. Осиё бо навбат,пас аз 7000000000000000.... сол. Бобои Фвйз хуб мехонад,....

Мухочир
Ормон,
Ормон,
Ормон,

Ормон рост гуфти бародар модарони дангараги факат дугоник таваллуд кардан.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)