Бахшҳо

Барзу Абдураззоқов барои интихобот ба Тоҷикистон баргашт

Барзу Абдураззоқов, коргардони саршиноси тоҷик, ки тайи тақрибан панҷ моҳи охир дар Бишкек, маркази Қирғизистон ба сар мебарад, барои иштирок дар маъракаи интихоботи президентӣ ба Тоҷикистон омадааст.

Оқои Абдураззоқов рӯзи 17-уми сентябр дар Анҷумани даҳуми Ҳизби наҳзати исломӣ ҳамчун шахси боэътимоди Ойниҳол Бобоназарова, номзади ягонаи ислоҳталабон, эълон шуд. То ин дам Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, қозии пешини мусалмонон, танҳо шахси боварнок ва ё боэътимоди Бобоназарова дониста мешуд.

Худи Барзу зимни суханронӣ дар анҷумани ҲНИТ гуфт: “Муаллимаи азиз, имрӯз инҷо ҳастам. Барои он ки назди Шумо бошам, хидмат кунам. Барои он ки дар паҳлуи Шумо бошам, паҳлуи ҳамаи шумо. Иншоаллоҳ пирӯз мешавем.”

Барзу Абдураззоқов дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, бо ин мақсад аз Қирғизистон омада ва қарор аст то ду моҳи дигар, яъне то анҷоми интихоботи президентӣ, дар Тоҷикистон бимонад. Ин коргардони шинохтаи тоҷик панҷ моҳи қабл ба Қирғизистон рафта, барои таҳияи чанд намоишнома бо ҳунармандони қирғиз ҳамкорӣ мекард. Аз ҷумла, рӯзи бистуми июни соли ҷорӣ намоишномаи “Қиёмат”-и ӯ аз рӯи асари Чингиз Айтматов барои нахустин бор дар Бишкек ба намоиш даромадва маривди истиқболи сокинони Бишкек қарор гирифт.

Баъдан ӯ ба Театри давлатии академӣ ба номи Абдумомунови Қирғизистон даъват шуда, то намоишномаеро аз рӯи асари Чингиз Айтматов -- "Пегий пес, бегущий краем моря" ба рӯи саҳна орад. Интизор меравад, ҳамин моҳ (сентябр) бахшида ба 85-солагии Чингиз Айтматов, нависандаи маъруфи қирғиз, дар Қирғизистон як ҷашнвораи вижае баргузор шавад ва ин намоишномаҳои Барзу маҳз барои ҳамин фестивал таҳия гаштаанд.

Барзу Абдураззоқов, яке аз коргардонҳои саршиноси Тоҷикистон аст, ки дар гузашта раҳбарии Театри ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Театри ҷавонон ба номи Маҳмуди Воҳидро ба уҳда дошт.
Мӯҳр
Сайд
Кулоби,
Дусти азизам. Барзу нони хучандихоро хурда ба намакдонашон туф накардааст, балки ин хучандихо ва дар симои онхо Косимчон Косимов нисбати у ситамхои зиёде карданд. У омад ва театр рушд кард, у омад дар панч сол театри мурдаи Хучанд 7 чоизаро сохиб шуд, у омад хунармандони театри Камоли Хучанди ба хорич сафар карданд, лекин вакти аз театр рафтанаш акси худашро низ барояш фурухтанд. Яъне сурати худашро, ки дар театр зада шуда буд, 10 сомони дода харид....
Барзу метавонад ин вазифаро сарбаландона ичро кунад.

Барзу ака Д. Худойназаров....Б. Собир такдири онхо ба шумо дарс не ми...хол он ки фоидае хам намеоваред..точики намедонед..сиёсат чист намедонед...ин сахна не...карсак намешавад..

Фидоии миллат
Ба Барзу нарасед хаматон мисли ман дар кишлоки Душанбе зиндаги дорен Барзу мисли ..ПОСЛЕДНИЙ ИЗ МОГИКАН ХАСТ...дар ватани мо...ИНТИЛЕГЕНТ.. намондааст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)