Бахшҳо

Агар зан президент шавад, ба ҷои "Ҷаноби Олӣ" чӣ бигӯем?

Абдулазизи ВОСЕЪ

Дар шашумин интихоботи президентии 22 соли ахир ба ҳайси муддаии курсии президентӣ пешниҳод шудани як зан ин суолро халқ кардааст, ки дар сурати пирӯзӣ ӯро ба чӣ сифате ном хоҳанд бурд: Бонуи Олӣ, Саркорхонум ё Хотунбузург?


“Ҷаноби Олӣ” ахиран ба як сифати раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон табдил ёфтааст. Ин ибора дар беш аз 10 соли ахир ба хуну пӯсти бештари мардум, махсусан мақомдорон, ҷой гирифт. Аз кормандони қаториву сатҳи раҳбарии боғчаи бачаҳо сар карда, то директори мактабу раиси ҷамоат ва ба ҳамин минвол бештари кормандони муассисаҳои давлатӣ ҳатман ин ибораро сари забон меоранд. Ҳарчанд, фурӯшандаҳои бозору ронандаҳои таксиву мусофиркаш низ зиёд онро такрор мекунанд, аммо он лаззатеро надорад, ки вазирҳо мегӯянд.

Як “Хуб шудаст, Ҷаноби Олӣ” гуфтани онҳо ба хироҷи як мамлакат меарзад. Ин ибораро агар бархе аз сари самимияту сидқ бигӯянд, нафароне низ ҳастанд, ки аз рӯи одати хушомадгӯӣ ин ибораро ба забон меоранд, ҳамчунин шахсоне ҳам ҳастанд, тарс онҳоро ба гуфтани ибораи фавқуззикр водор менамояд.

Дар мавриди бори аввал аз забони кӣ садо додани ибораи “Ҷаноби Олӣ” гуфтумонҳо зиёданд. Баъзеҳо мегӯянд, нахуст Мирзо Зиёев, мулаққаб ба Мирзо Ҷага, раҳбари собиқи вазорати ҳолатҳои фавқуллода онро дар нисбати президент баён кардааст. Аммо гурӯҳе ҳам аз Зайд Саидов, раҳбари пешини Вазорати саноат ном мебаранд. Ҳар чӣ ҳам ҳаст аввалӣ дар ҷараёни як амалиёт дар минтақаи Рашт ба таври мармуз кушта шуд, дувумиро бошад, дар анҷоми чандин ҷиноят муттаҳам дониставу ҳоло баррасии додгощияш пушти дарҳои баста дар СИЗО-и Душанбе мегузарад.

Дар ин баробар ҳадс зада мешавад, ки ибораи “Ҷаноби Олӣ” бозёфти Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ ва шаҳрдори Душанбест. Аммо ҳолдонҳое низ аз марҳум Муҳаммадҷон Шакурӣ, донишманди саршиноси тоҷик ном мебаранд.

Бо таваҷҷуҳ ба муҳимияти мавзӯъ, ки дар беш аз 10 сол хеле матраҳ ва ба ибораи серистеъмоли кормандони давлатӣ дар Тоҷикистон табдил шуд, месазад, ки дар борааш рисолаи докторӣ навишт. Ин мавзӯъро бояд олими ҷавоне, ки зодаи истиқлолият аст, зери раҳбарии яке аз бешумор профессорони тоҷик пажуҳиш кунад.

Тоҷикистон баъд аз суқути Шӯравӣ, ки он замон истифодаи калимаи “доҳӣ” дар нисбати Владимир Илич Ленин “муд” буд, панҷ интихоботи президентиро пушти сар кард. Ҳоло дар арафаи интихоботи шашум қарор дорем, аммо дар ҳеч интихоботҳои гузашта зане муддаии курсии президентӣ нашуда буд. Имсол, эътилофи аҳзоби сиёсии мухолиф ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки Иттиҳоди неруҳои ислоҳотхоҳ ном дорад, эълон карданд, ки номзади ягонаи онҳо дар интихоботи 6-уми ноябр Ойниҳол Бобоназарова хоҳад буд. Бо ин ҳол ҳадс зада мешавад, ки шояд хонум Бобоназарова дар ин интихобот ягона ҷинси латиф набошад. Бархеҳо тахмин мезананд, шояд, Иттифоқи ҷавонон, ҳам ки ҳаққи пешниҳод кардани номзад ба мақоми президентиро дорад, дар анҷуманаш бонуеро ба сифати номзад ба президентӣ муаррифӣ кунад.

Аммо аҷиб ин ки агар рафту дар интихоботи қарибулвуқуъ бонуе ба мансаби президентӣ бирасад, ӯро чӣ хитоб мекунанд? Наход, ки Бонуи Олӣ ё Хонуми Олӣ?

Аз ҳоло аллакай номзади ИНИТ-ро бисёриҳо “МУАЛЛИМА” мегӯянд, аммо чун ин калимаро дар нисбати бисёриҳо истифода мекунанд (масалан, писарон дар бисёр ҳолат ба духтаре, ки ба гап дароварданиянд, “муаллима шинос намешай” мегӯянд), беҳтар аст, ки ба дунболи калимаву ибораҳои “обнорасида” биравем. Мо хеле фикр карда, чанд намунаро гирд овардем. То интихобот ҳоло фурсат ҳаст ва дар сурати ба ихтиёри ҷинси латиф қарор гирифтани курсии президентӣ мешавад сифати ягонаеро баргузид. Инак, он намунаҳо: Бонуи Олӣ, Саркорхонум, Хотунбузург ё Хотуни Бузург, Малика, Шаҳбону...

Ҳар чӣ ҳам бошад, бояд калима ё иборае, ки ҳамчун сифат нисбат ба президенти зан истифода мешавад, зебо, дилчасп ва талаффузаш равону сода бошад. Агар Шумо пешниҳоде доред, бифармоед!
Мӯҳр
хар нафаре ки баи ин вазифа сохиб шафад бояд бо номи худаш ва номи мансабаш масалан раиси чумхур президент ... шумо журналисто худатон мавзуи мадху саноро дар хусуси президенти нашуда огоз мекунеду пас он ки мардум гуфтанд боз хар хафта маколахои сериал менависен ки ана мардум ва кормандони давлати мадху сано мекунанд чаноби оли мегуянд
хама айб дар худатон аст худатон журналистхо ва зиёиён чомеаро ба чониби (г...) гуфти Олга мекашонен.

коменти мара хатман монен агарчи ному почтаам дуруг хам ки бошад.
худатон имзои мустаъор гуфта чи номхое намеёбен ва боз баъзе аз расонахо чунин менависан нафаре ки нахост номашро муаррифи кунем чунин гуфт

777
Офврин Рустам Рузе мерасида бошад,ки гуем мухтарам Президенти кишвар....
Ягон нафар сардорони давлатхои абаркудрат (ИМА,ЧИН,Франсия в г) намегузорад,ки онхоро бо ибори чаноби Оли ва г х ном баранд..... Эчод кардани чунин хитобахо ихтирои соф точикист (бубахшед Ориёнист)... давлат камбагал ва халкаш зору забун бошад рохбараш Чаноби Олию ва гайраву хоказо мегардад.

Чаноби Оли ин ибора зеби нафаре дорад ки ба мардум хизмати оли кардааст. масалан вакте ки ЭмомалиШарипович рахмонов дар соли 1992 раиси шурои Оли интихоб шуд ватани азизро бухрони ба нести рафтан тахдид мекард, сиёсати ин марди бузург ки бо хидояти Оллох ва розигии Оллох ин бухрон ба нести рафту Точикистони азизамон сохиби вахдати милли шуд. Ана барои хамин ин ибора яъне Чаноби Оли ба у нисбат дода шуд. ва ин ном набояд ба касе дига дода шавад зеро агар мансабро бигиран аммо хизматхои ин марди абармард бо ин номи арзандаи у боки хохад монд. ба зан бехтар астМухтарама гуи зеро призиденти ояндаи точикистон бузург ё чаноби оли шуда наметавонад. зеро кишвари оромро рохбари кардан бузурги нест.

Darvesh
Абдуфаттох,
Man nav Famidam ki dar TJK in kadar odamon besavod bisyorand ba monandi ABDUFATTOH...

Haqiqat
DAR HAQIQAT BA'ZEHO ABLAH HASTAND. CHI DARKOR IBORAHOI " JANOBI OLI YO SHAHBONU YO BONUU BUZURG" ? MAN ZIDDI IN GUNA IBORAHO HASTAM. NAMESHAVAD TANHO MUHTARAM YO MUHTARAMARO ISTIBODA BAREM? KAY IN TOJIKI MO BOAQL MESHUDA BOSHAD!!?

Модари миллат ё ки Саркорхонум (Хотуни Бузург намешавад),

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)