Бахшҳо
21 сен 2013 10:00Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

“Пойбанди нафрат”: Қиссаи як куштор ё иттиҳом алайҳи наҳзатиҳо?

Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон шоми 20-уми сентябр филми вижаи “Пойбанди нафрат”-ро намоиш дод, ки дар бораи куштори Қиёмиддин Абдусаломови 8-сола аз сӯи Сомон Муҳаббатови 20-сола ҳикоят мекунад. Ин ҳодиса моҳи июли соли ҷорӣ дар ноҳияи Тоҷикободи минтақаи Рашт иттифоқ уфтода, гумонбар ин навраси 8-соларо баъд аз задани 8 кордча ба қафаси синааш, ба номуси ӯ дастдарозӣ мекунад.

Дар ин филм асосан Сомон Муҳаббатов дар бораи чигуна ба қатл расондани Абдусалом қисса мекард. Вай дар ин навори видеоӣ худро донишҷӯи курси сеюми факултаи забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва узви Хизби наҳзати исломӣ муаррифӣ намуда, бархе аз аъзои ин ҳизб ва мударрисонро дар таълими «ҷангҷӯӣ» муттаҳам намуд. Ӯ гуфт, то ин ки ба донишгоҳ биояд, дар солҳои 2006-2008 бо машварати падараш ба мадрасаи Шайх Ёрибек дар деҳаи Зафорободи ноҳияи Тоҷикобод рафта, дар онҷо таълими динӣ гирифтааст.

“Пойбанди нафрат”: Қиссаи як куштор ё иттиҳом алайҳи наҳзатиҳо?Ба гуфтаи Муҳаббатов, дар ин мадраса онҳо асосан “Таҷвид” ва “Мухтасар”, яке аз китобҳои фиқҳӣ дарс меомӯхтаанд. Вале, ба гуфтаи ӯ, дар баробари ин баъзе аз устодонашон дар бораи ҷиҳод суҳбат мекардаанд. Дар ҳоле ки Муҳаббатов дар навори телевизионӣ суҳбат мекард, бархе аз устодонашро низ дар таҷовуз ба номуси худ ва бархе аз ҳамсабақонаш муттаҳам донист. Ӯ дар ин замина аз 4 нафар ном бурд, ки ба гуфтаи ӯ бархеи онҳо имоматии баъзе аз масоҷиди панҷвақтаро бар дӯш дошта, баъзеяшон ҳам бекор будаанд.

Дар филми “Пойбанди нафрат” аз Маҳмадрӯзӣ Искандаров, собиқ раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, ки ҳоло дар зиндон аст, низ ном гирифта шуд, ки гӯиё дар гузашта мадрасаи Шайх Ёрибекро сармоягузорӣ мекардааст. Дар ин навор падару модари Қиёмиддини 8-сола низ суҳбат карда, гуфтанд, аз ин ҳодиса дар ҳолати шок қарор доранд ва аз мақомот бисёр талаб доранд, то қотили писарашонро ба ҳукми сангин равонаи зиндон кунанд.

Сомон Муҳаббатов дар лаҳзаҳои охири филм дар ҳоле ки аз кардаҳояш изҳори пушаймонӣ мекарду аз сокинон маъзарат мехост, гуфт, ин ҷиноятро дар пайи танқидҳои масъулони ҲНИТ алайҳи сиёсати ҳукумати кунунӣ содир кардааст. Вай афзуд, бовар дошт, ин ҷинояти содиркардааш нокушуда боқӣ мемонаду мақомот дар назди ҷомеа "шарманда" мешавад, аммо ин ҷиноят дарҳол ошкор шудааст.

Бархе аз соҳибназарон мегӯянд, ин филм аз силсилаи барномаҳоест, ки алайҳи Ҳизби наҳзати исломӣ нигаронида шудааст. Баъд аз дидору мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар оғози моҳи июли соли ҷорӣ бо гуруҳе аз имомхатибони масоҷиди кишвар пешниҳоди ҳазфи номи Ислом аз унвони ин ҳизб садо дода, аксари рӯҳониён аз тариқи телевизионҳои давлатии Тоҷикистон эълон доштанд, ки ҳизб дар Ислом дуруст нест.


Дар акс: Сомон Муҳаббатов
Мӯҳр
МО ХАМА МУСУЛМОНЕН ВА МЕДОНЕМ КИ ХАР КОРЕ БИКУНЕМ ХУДОВАН УРО МЕБИНАД ХАМИ СОМОН ХУДОРО НАМЕШИНОСАД ВА НОМИ ИСЛОМ РО АЗ ДАХОНИ КАДОМЕ ШУНИДАГИАСТ ИНЧО НА МУЛО НА ИСЛОМ ГУНАХГОР АСТ МО ХУД ГУНАХГОРЕМ КИ АЗ ИСЛОМУ ХУДОЮ РАСУЛ ДУРИ МЕЧУЕМ НАМЕХОХМ КИ ХАКРО БИФАХМЕМ НАСИХАТ КУНАНД КАХРМОН МЕКУНАД АГАР КОРИ БАДЕРО АНЧОМ ДИХЕМ МЕГЕМ ИСЛОМ ГУНАХГОР АСТ

Ахмад
Тухмат аст хеч кас бовар намекунад политикаи харомро

Монанд ба инаш то кунун дар ТОҷикситон набуд, ки барои мансаб чи гуна ҳиллаҳоро ба кор мебаранд!ЧахонГир,

Horun
Tavba kardam hukumatiho az Khudo sharm kuned nakhod ki shumo to in qadar past boshed ki hami gunohe ki kasoni nomalum mekunand ba gardani HNIT bor mekuned hamai mardum medonand

Наход,ки барои курсии мансаб шуда,ба чунин рух задани вокеахои мудхиш диккати сиёси дода,ичрокунандагони ин куштори дахшатангезу шармандаоварро дархол побанди ягон хизбу чамъияти сиёсии Точикистон шуморанд.Дар хамин расм ман хеч гох тасаввур намекунам,ки Сомони 20-солаи донишчу ба чунин кирдор даст занад.Ё магар инчо сурати ягон хунарманди кинои Хиндустон бошад?Агар худи Сомон бошад,пас у зеботарин чавони Точикистон,бо замми ин донишчуи воломакоми давр,донишчуи Донишгохи забонхои Осиё ва Аврупо будааст.Харчанд бовари надорам,ки дар Точикистон ин Донишгох чи эътиборе дораду аз кучо ин кадар устодону омузгороне пайдо шудаанд,ки Осиё ва Аврупоро мешинохтаанд.Садхо чавонони дипломдори точикро дар Россия мебинам,ки чунин донишгоххои баландмартабаро тамом кардаанд,лекин надидаам,ки хатто рузнома ё мачаллаеро хонанд.Мавкеи онхо дар сохтмонхо "подсобный рабочий".Сомон чинояти нанговар содир кард.Филмро шахсан ман тамошо накардаам.Барои чунин чинояткор,пеш аз хама аз тарафи духтурони сохахои касалихои рухи,натичаи муоинахои психикиро талаб кардан лозим аст.Сабаби ба чунин амали кабех даст задани у авал аз кучо огоз гирифтааст?.Шояд,ки мутахассисони рухшиносу психологхои Точикистон,муайян кунанд,ки чунин ходисахо аз чониби шахсони алохида.аз ин минтакаву аз дигар махал,барои чи сар мезананд?.Дар хамаи минтакахои чумхури чунин вокахои куштор ошкор мегарданд,пас мардум дахол бидонанд,ки котил ба кадом хизбу чамъият аъзоги дошт?Дар Россия хам мардони даюси педофилу хамчинсгароёну лесбиву лесбидухтарон бисёранд.Ходисахои куштори падару модар аз дасти писар,куштори кудакон аз дасти модари майзада ва падархо,инчунин партофтани тифлакони навзод аз чониби занхои чавон мушохида мешаванд.Пас,хизбхои сиёси,аз он чилавгири кунанд дар мукобили хам,ки чунин шахсон аз минтакахое мебошанд,ки бисёрии аъзоёни хизби сиёсии хамрадифи онхо, ончо намояндаги доранд?.Ман аъзои ягон хизб намебошам.ХНИТ ро хам ихлосманди надорам.лекин ин тавр сценарияи аз хад зиёд бофтаву сохта,ба мукобили ХНИТ беинсофист.Дар шакли умум амалхои Сомон ба кулли, шармандагии миллати мост.

оллоху акбар валоохи касам бародаро ин мултикора нахонеду тамошо накунед хамаш бофта касам ба зоти поки оллох инхо исломи азиза аз байн бурданиян неки сохиби ин дин оллохаст оллох. ин дини пока худо худаш нигахдор аст

Odam
In shoy-i siyosiyast vokean, kadom beakle in kora kard aybi nahzat chi injo??

Саид
Хамиен Хизби нахзати ислом номакул кардаст.

Дар Чумхури мо чинояткоронро истифода мебаранд,ки Мардум аз ХНИТ нафрат пайдо кунанд. Мардум аз ин рух сиёхи кормандони Давлатамон хабар доранд.Марги Вазир Солиев,марги Мирзо Зиёев ва дигар чиноятхо,ва игвогарихоро,ки даст мезанад ин нишонаи душман будан бар зиди Милати худ ва бар зиди Дини Исломи худ буданро мефахмонад. Окибати ин фита ба хайр бошад

Бовар кунед тачовуз тачовузу катл катл лекин ин гуфахое, ки дар бораи дигарон гуфт яъне дар бораи муллохо ва ХНИТ ин дуруги махз аст ин кудаки бист сола агар аклу дониш медошт ин кудакро тачовузу катл намекард чи чои дар бораи ХНИТ гап задан.
Ман сади дар сад бовари дорам, ки хамин Сомон намедонад, ки хамин ХНИТ чист ва дар Точикистон чанд хизбаст ва он муллохоро хам тухмат мекунад....

дар точикистон танхо як хизби исломи вучуд дорад дар холе ки аксари шахрвандони точикистон мусалмонанд, чаро хизби коммунисти, демократи, соц-демократи ва гайрахо бояд бошанд вале хизби исломи не? оё шумо хидматхои ин хизбро медонед? аксари чиноятхоро аъзоёни хизби халки демократи содир мекунанд ба ин хамаи мо шохидем, аввалаш аз оилаву хешу табори сарвари давлат ва дигар табакахои мансабдору сарватманд оё ин нодуруст аст? мо бояд фитнаро аз байни халки точик дур кунем махалгарои накунем якдигарро дуст дорем аз барои Аллох. ман аъзои ягоне хизб нестам вале тарафдори сулху салох дар Ватанам. ин политикаи давлат на танхо хизби нахзатро балки тамоми муллохову мусалмононро сиёху гунахкор дорад мусалмон номус дорад ва мо мусалмонхо набояд ба ин рох дихем ин шаъну шарафи мост

Ватандуст
Пешаки гуфтаниам, ки ман узви ХНИТ ва хатто чонибдони барномаи ин хизб нестам. Вале хатто Сомон узви ин хизб хам бошад, мо хак надорем, барои як нафар тамоми хизбро гунахгор донем. Агар аз руи ин равиш кор кунем, барои хазорон порахурони мансабдор, ки узви хизби демократиии халки Точикистон хастанд, бояд ин хизбро бадномтарин созмони сиёси бигуем ва онро ба додгох кашида, аз хакки фаъолият махрумаш кунем. Вале хеч кас чунин намекунад- ку. Барои хамин чунин кори барои як шахс шуда хизбро бадном кардан кори нодуруст ва хилофи мантик аст.

инхо дигар гап наёфта бошан

БА ХАМААШ КУРСИИ ПРЕЗИДЕНТИ ГУНАХКОР.....
БОКИМОНДААШ ХАМААШ ТУХМАТ АСТ....

бандаи худо
ин хамааш дуруг аст ягон муло ин корхоро намекунад.аз худо битарсед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)