Бахшҳо

Оё фарзандони Зевар Давлатова ва Асадулло Раҳмонов ҳам “қиссаи таҷовуз”-ро тамошо карданд?

Бо намоиш додани филми «Пойбанди нафрат» аз сӯи муассисаи давлатии телевизиони кӯдакон ва наврасон – “Баҳористон” Зевар Давлатова ҳамчун журналисти касбӣ назди ман арзишашро гум кард. Ӯро дигар ҳамчун бонуи зебо ва зебоипараст ҳам намешиносам.


Ҳеч журналисти касбӣ ва ҳеч бонуи зебову зебоипараст дар ҳеч шароите розӣ намешавад, чунин филм аз тариқи телевизиони кӯдаконае, ки раҳбарияшро бар уҳда дорад, пахш шавад.

Филми «Пойбанди нафрат»-ро нахуст шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон шоми 20-уми сентябр намоиш дод. Он дар бораи куштори Қиёмиддин Абдусаломови 8-сола аз сӯи Сомон Муҳаббатови 20-сола ҳикоят мекунад. Ин ҳодиса моҳи июли соли ҷорӣ дар ноҳияи Тоҷикободи минтақаи Рашт иттифоқ уфтода, гумонбар ин навраси 8-соларо баъд аз задани 8 кордча ба қафаси синааш, ба номуси ӯ дастдарозӣ мекунад.

Дар ин филм Сомон Муҳаббатов худро узви Хизби наҳзати исломӣ муаррифӣ намуда, бархе аз аъзои ин ҳизб ва мударрисонро дар таълими «ҷангҷӯӣ» муттаҳам намуд. Дар ҳоле ки Муҳаббатов дар навори телевизионӣ суҳбат мекард, бархе аз устодонашро низ дар таҷовуз ба номуси худ ва бархе аз ҳамсабақонаш муттаҳам донист. Ӯ дар ин замина аз 4 нафар ном бурд, ки ба гуфтаи ӯ бархеи онҳо имоматии баъзе аз масоҷиди панҷвақтаро бар дӯш дошта, баъзеяшон ҳам бекор будаанд.

Сомон Муҳаббатов дар лаҳзаҳои охири филм дар ҳоле ки аз кардаҳояш изҳори пушаймонӣ мекарду аз сокинон маъзарат мехост, гуфт, ин ҷиноятро дар пайи танқидҳои масъулони ҲНИТ алайҳи сиёсати ҳукумати кунунӣ содир кардааст. Вай афзуд, бовар дошт, ин ҷинояти содиркардааш нокушуда боқӣ мемонаду мақомот дар назди ҷомеа "шарманда" мешавад, аммо ин ҷиноят дарҳол ошкор шудааст.

Худсафедкуниҳои ҷонибдорони Зевар Давлатова, ки шояд мегӯянд, «ӯ ба ҷуз итоати фармони «боло» чорае надорад», беарзишанд. Барои одами ҳирфаӣ ҳеч фармони «боло»-ву «поён» асар намекунад, вақте сухан дар мавриди иффати онҳое меравад, ки ба ту бовар доранд. Зевар ҳамчун нафари ҳирфаӣ қаблтар аз ҳама бояд фикри тамоми кӯдакону наврасон ва волидонеро мекард, ки фарзандонашон ба ӯ бовар намудаву «Баҳористон»-ро тамошо мекунанд. Зимнан, оё фарзандони Зевар Давлатова, Асадулло Раҳмонов ва дигар масъулин барномаеро, ки дар мавриди таҷовуз ба номуси писарон нақл мешавад, тамошо карда бошанд? Оё ин афрод ба фарзандонашон иҷоза медиҳанд, ки чунин барномаҳоро бубинанд?

Гузашта аз ин «Баҳористон» телевизионест, ки аввалтар аз ҳама барои кӯдакон таъсис ёфтааст. Дар чунин шабака пахш гардидани барномаҳои ҳизби наҳзатбадбинӣ оё аз рӯи инсоф аст? Чаро мехоҳанд, кӯдаки бечора дар ин синну сол ба сиёсатҳо омехта шаванд? Дар мавриди пахш намудани суханрониҳои президент, гузоришҳо аз сафарҳои ӯ ба минтақа ва хориҷ, маҷлисҳои ҳукуматро, ки дар баробари се шабакаи давлатӣ, «Баҳористон» ҳам намоиш медиҳад, эътирозе надорем. Аммо намоиш додани барномаҳое ба монанди «Пойбанди нафрат» чӣ маънӣ дорад?

P.S. Телевизионҳои Русия қабл аз пахши ҳар барнома ишорае доранд, ки маълум мекунад ин барнома барои кадом синну сол пешбинӣ шудааст. Масалан «0+» барои ҳама, «16+» барои аз 16-солаҳо боло ва ғайра. «Баҳористон» ҳам бояд қабл аз он ки ин барномаро намоиш диҳад, бояд ҳадди аққал қаблан менавишт, ки он танҳо барои наврасон аст. Ҳарчанд тамошои ин барнома барои наврасон қобили қабул нест.

НӮФАРН-4,
барои "Озодагон"
Мӯҳр
.интихобот
Э масъулони хукумат аз боло то поён наход ин кадар вазифаро дуст доред ки дигар бароятон на оромиву на амният маъно надошта бошад? Чаро чомеаро прасво карда истодаед? ШАрм намедоред? наход барои интихоботи президенти ин кадар корхои ифлосро анчом дихед? пеш аз ин ки ин филм пахш шавад ман дар интихобот ширкат кардани набудам, аммо хол ман Худо хохад иштирок мекунам ва бар зидди ин хукумат раъй медихам, зеро акун фахмидам ки шумо чи кадар паст будаед.

Да вы правы, я на 100% согласно с вашим комментарием. Такие фильми нельзя ни в коем случаем показывать и причем тут партия. Такие фильми резко нарушает психику человека и сейчас народ после всего пережитого вот вот приходит в себя. вот я например во второй раз ужу не смогла слушать и смотреть, потому что знаю что нарушается психика нарушается.

Рузхои охир намоиши филмхои фахшиена чи тарики телевизион бошад ва чи тарики сомонахои интернети зиед шуда истодааст. Албатта хар як шахси солимакл мефахмад ки хамаи ин интригахо ба хотири интихоботи дарпешистодааст. Баъзехо суол мекунанд ки чаро як сол ду сол кабл чунин ходисахо набуданд ва акнун бо наздикшавии интихобот пайдо шудаанд, ки ин бисер шубхаангез аст. Албатта чавоб чунин аст: хамавакт ва дар хама давру замон чунин ходисахо буд ва инро хеч кас инкор карда наметавонад. Барои чи махсусан дар арафаи интихобот ин филмхоро намоиш медиханд, ки халк бояд донад ки дар асл ин Хизби нахзат ягон шахси босавод аъзо надорад, хамааш ба ном муллои чадасаводи ки дар ким кмдом урдугоххо тахсил дидаанду ба хотири шикаму 4 танга даркор шавад Ватанашро хам мефурушад. хамаи ин вадахои ки мо точикистонро давлати пешрафта мекунем ин хамааш сафсатааст. Онхо худ саводи кофи надоранд ки сиесати хизб ва барнома дуруст ба пох монанд о чи тавр як давлати калонро идора карда метониста бошанд. дар инчо апаи Зевар ягон хатоги накардааст, намоиш додани чинояти наврас ва кудаки мархум албатта ин як ишора ба кудакону наврвсон аст. Набояд фаромуш кард ки кудакони асри 21 кудакони давраи пеш нестанд....

100% рост гуфти!
Манку умуман вакт надорам тв тамошо кунам, вале хар бор ки ба утоки кудакон назар кунам, духтарчаи хурдиам доимо "Бахористон" тамомшо мекунад. Холо ман намедонам, ки ин наворо дидааст ё не. Агар ха- пас нафрат ба ин ТВ кудакона

Раҳгузар
Тавба кардан даркор.
Агар ман ба ҷои ҳамин Зевар ё Ҷавҳар мебудам, аризаамро кайҳо навишта, тарки ин дуруғизиёни Хазонистон мекардаи. Оё касе аз масъулини бемасъул медониста бошанд, ки бо ин корашон барои даҳҳо қотили потенсиалӣ дар ҷомеа пойдевор гузоштаанд?! Худо оқибаташро ба хайр биёрад, амо кӯдаке ки ин филму наворҳоро дида бошад, дар зеҳни ӯ ба шакли як варианти амал барои оянда нақш мебандад.
Нафрати кас меояд аз ин сиёсатҳову сиёсатбозиҳо! Ва ҳизби сиёсиро дар чунин қазия гунаҳкор баровардан, ба ягон меъёру ченаки ақливу ахлоқӣ рост намегирад, танҳо нишонаи заъфи онҳоест, ки гумон мекунанд бо ин корашон нафрати мардумро нисбати ҳарифони сиёсияшон бедор мекунанд, вале дар асл баракс аст.
... ...
Тфу бар ту чархи фалак, тфу!!!

Horun
Man hayron az onam ki TV Bahoriston bo in navor kiro badnom kardan mekhohad? shumo medoned ki chi kor karda istodaed in yak sharmandagi baroi millati mo ast. nakod ki shumo chunin navorro pakhsh kuned? ruze meshavad ki in siyosataton sartona mexurad. Az KHUO tarsed.

волида
аз тв-хои точикистон танхо бахористонро ичозат медодам то фарзандонам бубинанд (баъзан) аз ин пас намегузорам ягон тв точикистонро фарзандонам бубинанд. Хайфи шармандахо! пахш кардагишонро бинед-а. инсонигари аз тамоми шумоён фарсаххо дур рафтааст.

Салимшо
Аруса аз арусиш кучука аз кучукиш гуфтан .Бигзор кудаки точик аз хурди донад, муллову мулобача "пайгамбар" нестанд ва ба онхо низ муносибати зиракона бояд кард. Вакте муллохои точик дар бораи одамкушиву кахрамониихои арабе ки замоне падару модари ману туро кушта буд мавъиза мекунад розиед ку кудакон бо шавк гуш кунанд ва дар натича оянда террорист шаванд. Вакте рафтои бади як одамкушро гап мезанад талхакаф мешавед.Биёед аз як котил чи ин кадар дифоъ накунед,ки ба Худо шарм аст.

РУСТАМ
КАБЕЛИ АНТЕНАМРО КАНДА ДУР ПАРТОФТАМ, ХОЛО АГАР ПИСАРАМ АЗ РУССИЯ ПУЛ ФИРИСТАД, АНТЕНИ МОХВОРАИ МЕХАРАМ. МУАЛЛИФ ЗИНДА БОШИ. МА КОНКРЕТНА ТАРАФДОРИ ШУМО.

Кандил
Чи фарзанди Зевар Давлатова ва А.Рахмонов тамошо накунанд гуфта чинояти ин Охундхоро пинхон кунем? Бигзор хама донанд чинояти ин вахшихои сусморхурро.

777
Дар бораи озодии матбуот чор мезанем дар сурати руйшод нишон додани ин вокеахо норози мегардем... Дуруст мешуд рузноманигори мухтарам тафтиши журналисти гузаронида дар бораи чиноятхои аъзохои ХХДТ менавиштед,на ин,ки очизии худро нишон медодед.... Дар хусусии ХНИТ бошад ин хизб худашро худаш шарманда намуд.... Бо пассивии худ.... Афсус.ки ин фильм тарики Бахористон нишон дода шуд...Лекин аз хакикат гурехта намешавад....Хаети мо чунин аст.... пешниходи ин фильм-кисми таркибии барномаи пешазинтихоботи....Пас аз гузаштани интихобот ин гуна фильмхоро намебинед

Ба Султон Махмуд! Кадами номубораки Махмуд. Гар ба даре расад барорад дуд.

хами киной Хомиён дар хакикат дар бораи Точикистон бдай барои хами маънш кардан неки курсинишинхо худашон аз кино бисёр чизхоро омухта баъд дар сари хурдсолон зада маън кардан токи касе нафахмад ТЧ хам чунин хаст

инхо аз этикаи журналисти тамоман хабар надоранд

Начот
Бисёр кори хуб карданд. Агар кудакон аз хамин давр аз кори муллохо огох шаванд, оянда ба доми онхо намеафтанд. Бехуда русхо фарзандони худро аз бабай ва риш наметарсонанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)