Бахшҳо

Далер Шарифов ба Мулло Ҳайдар: “Фаромӯш накунед, дар асри 21-ем!”

Дар кишваре, ки 99 фисад мардуми мусалмон зиндагӣ мекунад, бештари рӯҳониён вазифаи аслии худро фаромӯш карда, даст ба мавзӯъҳое мезананд, ки ҳайрати кас меояд.

Ба ҷои он ки аз фаризаҳои илоҳӣ, ба монанди ҳиҷоб, таълими Қуръон, ибодат дар масҷид, муомилоти зиндагӣ тибқи шариат ва даҳҳо мавзӯъҳое ки имрӯз дар Тоҷикистон мувоҷеҳи мушкиланд, пуштибонӣ кунанд, андешаҳоеро тариқи матбуот аз онҳо мехонем ё мешунавем, ки хандаовар аст.

Чанде пештар Мулло Ҳайдар (Шарифов) аз руҳониёни шинохта дар минтақаи Кӯлоб дар «Asia-Plus» гуфта, ки ҳар кас дар интихоботи президентии моҳи ноябри соли ҷорӣ ба Эмомалӣ Раҳмон овоз надиҳад «ҷинояте зидди давлат ва миллат» содир кардааст. Чанде сабр кардам, ки ягон шахси огоҳ ба эшон посухе бидиҳад ва бифаҳмонад ки домуллои «муҳтарам» ин андешаатон ғалат аст. Аммо чунин нашуд.

Домуллои «муҳтарам» ман ба ин кор надорам, ки андешаҳои Шумо хилофи Сарқонун ва тамоми арзишҳои демкократисту ба кадом бандҳои қонун мухолифат мекунад. Бигзор, инро ҳуқуқдонҳо ва мардуми Тоҷикистон, ки ҳаққи ширкат дар интихоботро доранд, ба шумо бифаҳмонанд. Домуллои «муҳтарам» агар овоз надодан ба Эмомалӣ Раҳмон «ҷинояте зидди давлат ва миллат» бошад, бояд пас аз интихобот онҳоеро, ки ба Эмомалӣ Раҳмон овоз надодаанд, ҳамаашонро дохили зиндон кард, чаро ки ҷиноят зидди давлату миллат амали нобахшиданист.

Ба маълумоти Шумо Ёқуб Салимов ва Ғаффор Мирзоев ба хотири ҷиноят зидди давлату миллат яке понздаҳ сол ва дигарӣ як умр ба ҳабс маҳкум шуданд. Аз ин хотир баъди хондани Чоркитобу Мухтасар кам-кам қонунҳои кишварро мутолиа кунед. Шумо ҳамчун домулло ва рӯҳонӣ бояд бидонед, ки тибқи шариати Ислом ҳар шахс ҳаққи интихоби зиндагии арзанда ва шоистаро дорад. Ва ӯ ҳақ дорад аз «улуламр»-и ғайришаръӣ итоат накунад ё ба ӯ раъйи худро надиҳад ё баръакс аз роҳбаре, ки тамоми хостаҳои динӣ ва дунявиашро бароварда мекунад, пуштибонӣ ва итоат намояд. Ин мавзӯъ дар дини муқаддаси Ислом хеле муҳим аст. Чаро ки Ислом дини диктаторӣ ё диктаторҳо нест. Домулло, Шумо агар хонда бошед хоҳиш мекунам ба хотиратон биёред замонеро ки паёмбари бузурги Ислом ҳангоме ки аз дунё гузаштанд, ҷонишин ё роҳбари ояндаи хилофатро таъин накарданд ва онро ба худи саҳобагон гузоштанд, то тариқи интихобот онҳо роҳбари ояндаи худро интихоб кунанд.

Ҳамин тариқ, чаҳор халифаи бузург ва минбаъда дар Ислом на ба тариқи дуздии овозҳо ё фишору хиёнатҳо, балки тариқи интихоботи озоду шаффоф яке паси ҳамдигар роҳбар таъин шуданд. Хусусан ҳангоми интихоби ҳазрати Усмон ва ҳазрати Алӣ, ки ҳардуяшон дар мақому мартаба ва илму дониш ва тақво қариб баробар буданд интихобот ҳамин хел сурат гирифт, ки бо шоҳидии се саҳоба хона ба хона гашта ба тарафдории ин ду нафар овоз ҷамъ карданд ва яке аз инҳо дар интихобот, яъне ҳазрати Усмон ғолиб омад ва ҳазрати Алӣ омада, бо ӯ байъат кард ва ӯро ба мақоми хилофат табрик намуд.

Домулло медонед, ки ин воқеа дар дини Ислом 1400 сол пеш сурат гирифта буд ва алъон мо дар асри 21 қарор дорему мардумро маҷбур мекунем ба тарафдории касе овоз диҳанд ва овоз надоданашонро ба номзади мавриди худ ҷиноят ҳисоб мекунем. Шумо, ки саллаву ҷелак ва номи муллоӣ доред, аз номи Ислом баромад мекунед ва то ба имрӯз зиндагиатон пушти номи Ислом аст бояд мардумро аз ахлоқу аҳком ва ҷавонмардиҳои саҳобагон раҳнамоӣ кунед. Давлатдории боадолатонаи Умарро барояшон қисса кунед.

Ба мардум бифаҳмонед, ки Абубакр, Умар, Усмон ва Алӣ бо либосҳои дарбеҳшудаву шиками гурусна ба мардум хизмат мекарданд. Онҳо хилофатро авлодӣ накардаву тамоми тиҷорату саноату зиндагиро монополия накарда буданд. Ва ҳамин буд, ки то Испания хилофаташон тӯл мекашид. Шумо, ки пеши Худо аз ҳар авоме дида масъулияти бештареро доред ва фардо аз ин ҳама масъулият пурсида хоҳед шуд. Аз ин хотир ҳамчун як мусалмони Тоҷикистон аз шумо хоҳиш дорам, ки ба ҳар чӣ назар медиҳед, як бор онро дар тарозуи ақл санҷед. Шумо, ки намояндагӣ аз дини муқадаси Ислом мекунед, бештар кӯшиш кунед, ки мушкилиҳои мардуми мусалмон рафъ гардад. Агар ба ҷуз мулло будан вазифаи дигаре ҳам доред, пас, инаш ҳавола ба худатон, ман ҷуз мулло Шуморо каси дигар намешиносам.

Бигзор мардуми Тоҷикистон касеро ки худашон салоҳ медонанд, интихоб кунанд. Ману Шумо домулои «муҳтарам» ва ҳеч нафари дигар ҳақ надорад ба ҳуқуқи мардум дахолат кунад. Ҳама чиз маълум аст ва мардум худашон медонанд, ки ба кӣ овоз диҳанд. Вазифаи аслии Шумо домулло ин аст, ки ба мардум ва мансабдорон ҳалолхурӣ, хиёнат накардан дар мансаб, надуздидани овозҳои мардум ва риояи ҳаққу ҳуқуқи мардумро фаҳмондан мебошад. Тағйир додани ҳолу аҳволамонро Худованд бар дӯши худамон вогузор кардааст.

Домуллои «муҳтарам» Худованд мефармояд, «Худованд ҳоли ҳеч қавмеро тағйир намедиҳад, то вақте онон он чӣ дар дилҳояшон доранд, тағйир диҳанд» (сураи Раъд, ояти 11). Пас, бояд ба хотири пешрафт ва саодатмандии мусалмонон ва миллати шарафманди тоҷик дилҳоямонро ва андешаҳоямонро тағйир бидиҳем, на ба хотири кадом манфиатаке шахсиятпарастӣ кунему аз пинҳон кардани ҳақиқат ва нодида гирифтани масъалаҳои муҳим даст бикашем.

Далер ШАРИФОВ,
журналист

PS: Ин навишта назари шахсии муаллиф аст
Мӯҳр
Домулло Далер Шарипов, вакти худро ва андешахои худро барои чунин суханхои нолозими баъзе аз нафароне, ки якчанд калима аз ислом медонанду онро барои нафси худ истифода мебаранд хайф накун.

Ансор
"Чанде сабр кардам, ки ягон шахси огоҳ ба эшон посухе бидиҳад ва бифаҳмонад ки домуллои «муҳтарам» ин андешаатон ғалат аст. Аммо чунин нашуд."
Ако Далерчон дуруст кайд кадид дар чамъияти журналистои мо хама гапхо тамом шудаги ва хаминтавр хулоса када интизор шуданд, ки хами (нахуди пеши кошук) ако Далерчон боз ягон гапхои талхи буин гуфта ин мусафеда бобкада фисонда мемонандя.
Хами ако Дарелчонба чудоям гап нест гуед да.

Адвокат Курбонов
Вокеан бародарам Далерчон дуруст кайд намуданд. Агар ба гуфти мулло Хайдар овоз надодан ба шазсе ки у гуфт чиноят бошад, пас худуди бештар аз миллион интихобкунанда бояд барои содир намудани ин "чинояти махсусан вазнин ва хавфнок" ба мухлатхои гуногун аз 15 то 30 сол дар махбас карор гиранд. Вой бар холи чунин муллохо! дар киемат чи гуна рост истода назди он Султони Чаббор чавоб мегшуфта бошанд?

И акои далертона вактш сар кадай ба фикрм. Ба мулло хайдар шухи накн. Баъзехо меган званияи палковники кгб-ра дорад. Бо сарта да бало намони

777
Кушиши бефоида,усма ба абруи кур....

дилсуз
Дустам Далер холо ягон кореро анчом надодаи ва доишат низ пурра нест. Аввал дониш омуз ягон корро анчом дех баъж пешка шав. Холо кудаки бо он чанд чумлаат худатро ба хар дар назан. Аз дилсузи мегуямат. Як касе шав ки манфиатат расад ба чомеа.

али
Саломат бош бародари азиз Далер номат ба ту зебандааст. Мефахмам ,ки шумо ба ин нафар аз руи эхтиром ДОМУЛЛО гуфта мурочиат кардед, лекин Хайдар домулло нест у як нафараст як шахрвандаст ва яке аз лагандбардорони хокимони хозирааст мисли дигар нафаронеки аз номи Исломи азиз худашонро муаррифи мекунанд. Аз боло то охирон хокимоне ки имруз сохиби мансабанд мадхиягуйии беасосу бемантик, хушомадро барои худашон касб кардаанд, ки ин боиси афсусаст. Боки бародари гироми Далер бисер бо мантику маъни изхори чавоб кардед Худо нигахбонатон бошад.

Алии Варзоби
Худоба шукр якто чавони гаюру нотарс баромад дар хакикат далер будида ахсан

Fara tj
Офарин Далер бехтарин чавоб барои чунин "домулло"... Рости ман яки якбора чавоби шуморо хондаму баъдан азия пилюсро дар чавоби додагитон сад дарсад розиям тобакам худо и мулохо девона шудиян як кисмаш интараф задест як кисми дигараш унтараф вои бар мардуми бечораи точик.... боз метарсам балои онхо дарсарашон меояду

Бояд калимаи домулоро низ дар нохунак мегирифти мухтарам рузноманигор ман хам як сокини Кулоб навиштахои шуморо дуруст мешуморам ва тарафдорам.Дар мавриди аз Ислом пуштибони накардани "домулло" гуфтаниям дар вакти чанги бародаркуши сахми "дом-мулло" калон аст яъне аз этикоди мардум истифода бурда хуруяк фиреб додааст,

Донишцу
Хушо бахофлат акаи Делер Худованд химмати Исломита боз хам зиёд кунад. Вокеан суханхои бо маврид. Мо цавонон бо чунин суханхои шумо фахр мекунем.

А
Сухани хак ,фикри дуруст.рахмат ба далер.

Масчои
Далер ахсан ба чунин чавоб хаккони сазовори номат хасти ДАЛЕР

Азиз
Як чахон ташаккур Далер!

сохиб нахар
чавоб ба кулоби. хамин ки мегуй ду тараф шидан дига бояд бифахми ки кадом тараф вокеиятхоро мегуянд ва кадом тараф ба гуфти гапо лаганбардорай. хулас аз ин гуна далер мардон хам ташакур мекунем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)