Бахшҳо

Нигоҳи ба ҳам зидди ду дӯст ба интихоботу номзадҳояш

Мухтор Боқизода, раҳбари Хазинаи гиромидошт ва дифоъ аз ҳуқуқи журналистон дар саҳифаи Фейсбукаш ба интихоботи қарибулвуқӯи президентӣ дар Тоҷикистон, ки 6-уми ноябр баргузор хоҳад шуд, дахл намудаву муддаиёни ин курсиро “нолоиқу бемавқеъ” хондааст. Ба гуфтаи ӯ, ин номзадҳо имкони дигаре барои пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури феълиянд. Аммо Абдумалик Қодиров, коршиноси мустақил, ки бо оқои Боқизода дӯст ва ҳамсол аст, иддаои ӯро рад мекунад. Ӯ дар шарҳе зери навиштаи раҳбари Хазинаи гиромидошт ва дифоъ аз ҳуқуқи журналистон гуфта, ки “дар байни ин ҳама "масхарабозон"-у "ормонкушон" нафаре ҳаст, ки, агарчӣ зан ҳаст, вале омода аст мардонавор бори гарони қисмати мардумро ба дӯши худ гирад ва корвони умеди онҳоро сорбонӣ кунад”.

Беҳтар аст, навиштаҳои ин ду нафар ба шакли асл пешниҳоди хонандаҳои азиз шавад. Шумо низ агар ҳарфе дар ин маврид доред, лутфан ба мо бифристед.

Мухтор Боқизода, раҳбари Хазинаи гиромидошт ва дифоъ аз ҳуқуқи журналистон:

"Ману сари танҳо! Танҳои танҳо! Дар кунҷе нишаставу ба раванди ҳаводиси кишвар дида медӯзам. Интихоботи қарибулвукӯъ. Номзадҳои титу пареш. Масхарабозиву ормонкушӣ, паст задани якдигару берӯиву талоши мансаб. Ё Худоё! Магар онҳо шарм намедоранд? Бо кадом рӯ ва бо кадом иқдом хешро дар мақоми президентӣ дидан мехоҳанд?! Ҳеч аз ин номзадҳо қади арзан барои талош ба ин курсӣ арзише надоранд. Аз ман мепурсанд, ки назарат ба ин номзадҳо чист? Барояшон мегӯям, номзадҳои нолоиқу бемавқеъанд. Ва ин фароҳамоварии имкони дигаре барои пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон аст. Ва ҳар касе ба ин номзадҳо назар меандозад, беист дар худ интихоб мекунад, ки номзади ман аз ин ҳама чеҳраҳои норӯшану номаълуму нолоиқу бемавқеъ боз ҳамон Эмомалӣ Раҳмон аст. Ва ширкати дигарон дар ин маърака ҳамон бузкашони беҳунареанд, ки аз паси соҳиби аспи буз дар даст дошта аз ноилоҷӣ ва барои назарфиребӣ аспи нокораи худро маҳмез мезананд. Интихобот ҳам бузбозӣ шуд, дар майдони сиёсат."

Абдумалик Қодиров, коршиноси мустақил:

"Дӯсту бародари азизам, Мухтор! Он чӣ ту инҷо мегӯӣ, на ту мегӯӣ. Чун ту на он нафаре ҳастӣ, ки дар байни хасу хошоку сангу кулӯх гавҳари қиматбаҳоро дидаву шинохта натавонӣ. Ту ҳамон муборизи роҳи озодиву ободии кишвар ҳастӣ, ки ҳамеша фарзандони фарзонаи ин миллатро мешинохтиву эҳтиромашон мегузоштӣ. Ва ман бовар надорам, ки ту дар байни, ба қавли худат, ин "бузкашон"-и беҳунар шоҳсавореро болои аспи хираду адолат намебинӣ. Намебинӣ, ки дар байни ин ҳама "масхарабозон"-у "ормонкушон" нафаре ҳаст, ки, агарчӣ зан ҳаст, вале омода аст мардонавор бори гарони қисмати мардумро ба дӯши худ гирад ва корвони умеди онҳоро сорбонӣ кунад. Ва ин корро на ба хотири мансабу вазифаву пулу мол ва ё пайдо кардани обрӯи хасакӣ, балки аз рӯи виҷдон ва мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ иҷро мекунад. Дӯсту бародарам Мухтор! Шояд ин нодидагириву тангназарии туву ту барин дӯстони равшанфикру равшанзамир аз он рух медиҳад, ки ҳар яке дар дохили кулбаи худ ва ё дунёи виртуалии худ руст шуда мондаеду аз ҳаводиси дунёи воқеӣ танҳо тариқи афсонаҳои шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон хулосабардорӣ мекунед. Ва ё аз он чӣ "занакои лаби об" мегӯянд хулоса кардаеду ба дили худ яъсу ноумедиро роҳ додаед ва набардро пеш аз вуқуъ шуданаш бохта ғалабаро ба ҳариф ҳадя кардаед. Агар чунин аст, пас, воқеан ҳам Тоҷикистон оянда надорад. Умедворам, ки ман хато мекунаму воқеият чунин нест..."
Мӯҳр
Ба кавли Мухтор Бокизода ин чехраи мегуфтагиаш ки бошад? Пай бурдан мумкин аст. Вокеан чаноби Хочимухаммад арзанда астЁ аммо хунум Ойнихол арзандатар аст. Инро одаме ба чаноби Мухтор мегуяд, ки хам Бобоназароваро мешиносад, хам Хочимухаммадро ва хам Бокизодаро. Ногуфта намонад, ки дилхох нафари дигар хатто дусад хазор имзоро чамъ оварда хам наметавонист.
Имруз хондам, ки Точикистон хамчун бенавотарин кишвар аз Боки чахони кумаки калонтаринро сохиб гаштааст. Бонки Чахони хамин маълумотро ба тамоми чахон пахн намуд. Мо дар дохили кишвари худ хар кадар худ ва рохбарамонро таъриф накунем, тамоми чахон медонад, ки гадо хастем. Ана пешравию инкишофи мо. Чаро президент оиди чунин садакахо ва карзхои кишвар гап намезанад?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)