Бахшҳо

Ба мо маслиҳат медиҳанд, ки сукут кунем. Чаро?

Вақтҳои охир “дӯстонамон” ва нафарони хайрхоҳе аз мо хоҳиш мекунанд, ки аксари мавзӯъҳоро нодида бигирем ва ё сукутро ихтиёр кунем. Дар Тоҷикистони мо сукут ба ду маъност: Яке тарс, дигаре розӣ будан ба масъала.

Дар чанд рӯзи охир тавассути почтаи электронӣ мактубҳои таҳқиромез қабул кардам, ки дар ҳамааш таҳдид, ҳушдор ва ҳатто пешниҳодҳо буд. Дар яке аз ин номаҳо омада, ки “одами оқил дар ин вақт сукут мекунад. Чӣ ҳашт миллион нафар чен (баробар)-и Шумо намефаҳмад, ё савод надорад?!”

Мегӯянд, ҷавониятро ҳайф мекунӣ, ба гапи дигарон гӯш надеҳ, онҳое, ки Шуморо идора мекунанд, аҳримананд ва хоини миллату ватананд. Гоҳе ба нафаре рабт медиҳанд, гоҳе ба гуруҳе. Аҷабо онҳо намефаҳманд, ки ҳашт миллион нафар журналист нестанд, деҳқонанд, табибанд, омӯзгоранд, ошпазанд, хуллас ҳар кадом вазифаи хосеро анҷом медиҳанд. Онҳое ҳам, ки даст ба таҳдиду таҳқиру тӯҳмат мезананд, онҳо низ вазифаи муайяни худро доранд.

Журналисте, ки сукутро ихтиёр кард, ӯ дигар журналист нест. Бояд тағйири касб кунад ва биравад дунболи кори дигар. Агар тарс аз ҷавонӣ ва ё марг бошаду мо эҳтиёт кунем, пас, бояд бидонем, ки ҳазорон ҷавон бидуни кадом андеша ё муборизаи сиёсӣ дар садамаи автомобилӣ, беморӣ, шиноварӣ ва ё дар муҳоҷирати корӣ зери сементу хишт ҷон бохтанд.

Мо-ку касеро таҳқир ё шаъну шарафашро паст назадаем. Агар масъала муҳим буд, гуфтем, ки ин андеша ғалат аст. Агар андешаи мо ғалат буд, пас, майдон васеъ аст. На бо роҳи бад кардану фишор овардан ё тӯҳмату таҳқир, балки бо роҳи ҷавонмардӣ ва бо андешаи солим бигӯем: бародар ё додар ин андешаатон ғалат ва қобили қабул нест.

Дар Тоҷикистон як афкори ғалате шакл гирифтааст, ки агар ҷое аз Исломи ноб пуштибонӣ кардӣ, гӯиё ту аз Тӯраҷонзодаҳо ё ҲНИТ пуштибонӣ дорӣ ва ё баръакс агар инҳо танқид шуданд, гӯиё ту аз ҳукумат пуштибонӣ дорӣ. Ҳар касе, ки камбудӣ кард, бигӯем, хоҳ он Тӯраҷонзода аст, ё ҲНИТ ва ё ҳукумату Шӯрои уламо. Ҳеч кадоме аз инҳо барои ман меҳвар нестанд, меҳвар ин ҳақиқат аст. Ҳақиқатро бидуни таҳриф ё паст задани ҷониби дигар бояд гуфт.

Адолат ин аст, ки ба ҳамаи ҷонибҳо барои ибрози андеша шароит фароҳам биоварем. Миллатро ба худиву бегона салафиву ҳанафиву дигару дигар ҷудо набояд кард. Касе мунофиқ шуд, ӯро чунин мегӯянд, ҷои озурдагӣ ҳам нест.

Агар дар пеши ноадолатӣ ва ё ноҳаққӣ сукут ихтиёр кардем, андешаи ғалатеро дидаву дониста посух нагуфтем ва ба хотири кадом манфиате ҳақиқатро таҳриф кардем, пас, мо ҷавоби онро рӯзе хоҳем дод. Хоҳ ҷавон аст, хоҳ наврас ва ё шахси калонсол барои тақдир ва ҳалли сарнавишти худ бояд талош кунад! Бояд ба ҷавонон ҷавонмардӣ, сарбаландӣ ва афкори пешрафта дар кору зиндагиро омӯзанд. Моро дар рӯҳияи тарсончакӣ, шахсиятпарастӣ, порагирӣ, дуздӣ ва хиёнат дар мансабу идораи миллату давлат тарбия накунед, мӯҳтарам рӯшанфикрон, роҳбарон, андешамандон, соҳибназарон, коршиносон, падару модарон, зиёиён ва ҳомиёни миллат.

Далер ШАРИФОВ,
журналист

PS: Навиштаи муаллиф назари шахсии худи ӯст.
Мӯҳр
Где были твои "правильные" мысли когда ты работал в государственном телевидении ??? У тебя нет грамотного русского языка, не разговорная речь и уш тем более письменного. Сразу видно что за тебя пишут и тобой манипулируют! Может хоть раз в жизни подумаешь своей головой ?

мухаммад
Бародари азиз Далер,худо шуморо нигах дорад бо ин аклу хираду чавонмарди. Касонеки шуморо тахкир мекунанд е харфхои ночое мекунанд онхо хоини ин миллатанд,чаро? Шумо двр бораи инсони сухан гуфтед е насихат кардед,ун одам яъне Хайдар аз мантику маънию одоби инсони дур сухан мегуяд чи чоеки конунро зери по кардааст. Пас чаро шумо сарзаниш шавед. Барои ин миллат ХОИН будан даркорки аз чунин "инсон" мисли Хайдар пуштибони куни. Ман зиеда аз 20- соласт аз Ватани азиз дур зиндаги мекунам лекин барои ман кисмати Ватани азиз бегона нест. Нафроне ки имруз аз минбари балан гуе ватандори мекунанд хусусан вазирону вакилон овозашон ДУРУГ аст факат химоя аз курси мекунанд. Охирин мухочир Ватанро бештар дуст медорад аз ин вазирону рохбарони хозира. Барои хамин Далерчон чавонмарди дар Куръони Шариф зикр шудааст шуморо яке аз чавонмардони асил мехисобам ба чавониат нигох накарда,гарчанде шуморо намешиносам.

Хеле оли. Дар чавонон рухияи тарсончаки ва шахсиятпарсти набояд бошад. Ин хислатхо сахифаи таърих шуда, ба арзишхои навини давлатдории мо дар асри 21 мувофикат намекунанд. Ин чо зиёиёни мо - шоиру нависандагон низ гунахкоранд, ки афкори чамъиятиро гумрох месозанд. Масалан, аз президент шох "метарошанд", ки комилан хатост. Точикистон - тибки Сарконуни он давлати чумхурияви мебошад, яъне идораи давлат кори тамоми халк буда, президент чун хизматгори халк баромад мекунад. Дар заминаи арзишхои нав бояд тарбияи шахсияти аз нигохи ичтимои масъул, ки дорои мавкеи фаъоли шахрвандист, шуруъ шавад. Танхо дар хамин сурат мо миллати сарбаланд гашта, амнияти давлат ва дарозумрии давлатдории миллии худро таъмин карда метавонем...

Озодагон намефахмам, ки барои чи назари маро ба нашр намедихед? Охир ягон гуна кабохатро дар онхо намебинам. Хайронам. Шояд мархилаи санчиш аст ё писанди Шумо нестем ва ё бо Шумо бояд хамеша тунд, дагал ва махсус будан лозим аст. Акалан аз се як назари моро нашр кунед. Ё ки дар Шумо низ Озодаги танхо шиор аст?

Кабир,
Г-н Кабир,
по какой-то непонятной причине, ты обвиняешь талантливого журналиста, при том, пишущего на своём родном, таджикском языке, в том, что он не знает русского языка. Изволь, из каких соображений ты это говоришь? У тебя что, не все в порядке? Разве журналист обсуждает употребление имён существительных по отношению к подхалимам и приспешникам в современном русском языке? Или в его классическом варианте? Я имею ввиду Слово о Полку Игорева - единственный "шедевр" русской классики! Месть и ненависть тоже имеют свои границы. У тебя испорченная карма, друг мой.
Да, кстати, этот твой, русский язык, разве он такой уж идеальный? Вот что ты пишешь: "....У ТЕБЯ НЕТ ГРАМОТНОГО РУССКОГО ЯЗЫКА, НЕ РАЗГОВОРНАЯ РЕЧЬ...." Тебе не кажется, что должно быть: "НЕТ (ИЛИ, НИ) РАЗГОВОРНОЙ РЕЧИ..."
Еще раз, кстати (думаю, что в последний раз), зачем таджику русский язык? Если конечно он не собирается на заработки в Россию. Хотя, в той же России незнание русского языка китайцам, вьетнамцам, арабам и всем африканцам прощается, это никого не волнует. Но не дай Боже, если таджика "поймают" или "уличат" на незнании "великого и могучего". Тогда всё, вся Россия вывернется наизнанку. Ты, любитель и знаток русского и русских, в ущерб таджикскому и таджиков, никогда над эти не задумывался? В конце хочу тебе напомнить; предательство национальных интересов нигде не приветствуется. В какой бы форме это ни было!!!!!!!

И еще, грамотность заключается не только в умении правильно, без ошибок говорить и писать на иностранном языке, но и разбираться во всем, что происходит в стране и иметь свою личную гражданскую позицию. Считаю Далера Шарифова одним из таких личностей. Побольше бы таких молодых и активных журналистов. Да хранит тебя Аллах, крепкого здоровья и удачи во всем !!

Хакгу Хакчу
Э бовар кун Далерчон ту бо ду калимаи донистаат худатро алома гирифтаи, агар мисли дигархон рузхои дашатбори чангро дар масири хештан медиди, худатро пайгомбар мегирифти чи????

Хакгу Хакчу,
салом бародари (ХАКГУ) ту аз афтат маълум ки хакро аз ботил аслан фаркам намекуни ..он кадар донову зираку часуру нотарсу олиму хаким ки хасти чаро фикру андешаи худро сардона часурона бе тахкир руи варак намеори ? Далерро ман асслан намешиносам ва надидаам аммо аз навиштааш хаминро бу ту мегуям ки сад офарин ки инкадар чавори равшанфикру бо фарханг хаст . дар хакикат хакро навист нотарсида ба мисли шумо чоплуси накард он чи буд хакикат онро навист .. мардонавор рафтор кардан дар кор ..ва он Муллоие бе саводе ки шумо инкадар пайрави мекунед арзиши 1 дона чавро надорад чун ки бе савод аст ва пайравии ингуна шахс худ чиноят аст! ОЗОДАГОН ОЗОД БОШУ ЧОП КУН АГАР ОЗОДИ !!!

Худованд нигахбонат!!кошке месли шумо барин чавонхои богайрат дар чомеа зиёд шавад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)