Бахшҳо

Намоиши “ҷабрдида”-и нав ва Зайд Саидов тавассути ТВ-ҳои давлатӣ

Телевизионҳои давлатии Тоҷикистон шоми 30-юми сентябр духтари навраси русеро намоиш доданд, ки гӯиё Зайд Саидов, соҳибкор ва раҳбари боздоштшудаи “Тоҷикистони нав”, ба номуси ӯ дастдарозӣ кардааст.

Дар ин гузориши видеоӣ гуфта шуд, ин ҳодиса моҳи июли соли 2012 дар бӯстонсарои оқои Саидов дар ноҳияи Варзоб иттифоқ уфтодааст. “Зайд Саидов аз роҳи фиреб ин шаҳрванди ҳанӯз ба синни 14 нарасида (соли таваллуд --1999)-и Русияро, ки гӯиё ба лагери пионерӣ мебарад, ба бӯстонсарояш бурда, бо воситаи маводи мадҳушкунандаи номаълум ба номуси ӯ дастдарозӣ мекунад”,-таъкид шуд дар ин гузориш.

Баъдан дар ин навор гуфта шуд, гӯиё Зайд Саидов барои “рӯпӯш” намудани ин амали худ духтари русро, ки аз ӯ “Г.Е.” ном бурда мешавад, аз тариқи зӯр панҷ рӯз дар бӯстонсарояш нигоҳ доштааст. Телевизионҳои давлатии Тоҷикистон дар ин навор бӯстонсаро ва як лаҳзаи рӯбарӯкунии ин духтари наврас дар бинои Оҷонсии зидди фасоди молӣ бо Зайд Саидовро ҳам намоиш доданд. Зоҳиран ин духтар нишон медод, ки Зайд Саидовро мешиносад ва бо забони русӣ мегуфт, ки таҷовуз ба номуси ӯ дар Варзоб ва дар як бинои дуошёна сурат гирифтааст. Аммо вокуниш ва ҳарфи оқои Саидов дар баробари ӯ намоиш дода нашуд.

Аз ин пеш, 24-уми сентябри соли ҷорӣ Оҷонсии мубориза бо коррупсия гуфта буд, ки алайҳи Зайд Саидов, соҳибкор ва раҳбари боздоштшудаи “Тоҷикистони нав”, бо иттиҳоми таҷовуз ба номуси духтари 12-сола боз як парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Вакилони мудофеи Зайд Саидов гуфта буданд, ки нафари таҳти ҳимояташон чунин як иттиҳомро бофтаву сохта донистааст. Ба қавли онҳо, Зайд Саидов гуфтааст, ин духтарро бори аввал мебинад ва намешиносад.

Ин барои дувумин бор аст, ки Оҷонсии мубориза бо коррупсия Зайд Саидовро дар таҷовуз ба номуси духтарони ноболиғ муттаҳам мекунад. Ин оҷонсӣ 16-уми июли соли ҷорӣ низ алайҳи соҳибкори муваффақи тоҷик "барои таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ ва ба исқоти ҳамл маҷбур сохтани зан" парвандаи ҷиноӣ оғоз намуда буд. Оҷонсӣ гуфта буд, ба ин ниҳод ноболиғ "А" бо ариза муроҷиат намудааст, ки гӯиё Зайд Саидов ба номуси ӯ таҷовуз кардааст. Иттилое, ки Зайд Саидов онро беасос ва дурӯғин хонда буд.

Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва раҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав”, як моҳ баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсӣ, субҳи 19-уми май боздошт шуда, айни ҳол дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллӣ нигоҳдорӣ мешавад. Мақомот ӯро ба сӯистифода аз мансаб, порагирӣ, қаллобӣ, таҷовуз ба номус, бисёрзанӣ ва ғайра муттаҳам медонанд.
Мӯҳр
Хайрандеш
Ачаб коре нанговар,
Намекунад кас бовар. (Хохиш мекунам, ки ба чои ибораи телевизионхои давлати ибораи телевизионхои хукумати истифода шавад)

Парокуратураи генерали дар парвандаии Зайд Сайидов мухри махфи зад ва танхо ба хамин хотир ва бо хамин бахона алъон мурофиа дар СИЗО гузашта истодааст. Инак очонси нахустин шуда мухри махфии ин парвандаро шикаст ва хилофи конун дар бораи махфиёт рафтор кард. ман фикр мекунам, ки барои адвокатхо ин бахонаи хубест ва онхо акнун хак доранд, ки бинобар ифшо шудани асрори парвандаи махфи аз суд талаб намоянд, ки мурофиа ба таври озод гузаронида шавад. Ва онхо длар баробари ин хукук доранд, ки нишасти матбуоти доир намуда ба хотири химоя аз Зайд бо факту далелхо ин аркомро рад намуда, асрори зиддунакзи онро фош намояд.

Шахси Холис
ин чи навъ мухри махфи ба ин парванда мешавад?
магар мухри махфи бояд факат аз тарафи адвокатхои Зайд Саид ичро шавад? кучо шуд конун ва риъояи конун?
маълум мешавад ки ин тухматхо сирф бо супориши боло (ки маълум аст ки хаст) ичро мешавад, ва барои ин боло конун ахамият надорад.
чуноне ки мегуянд иззат ва эхтиром аз Аллох Таъоло аст, пас дуъо мекунем: бор илохо ин марди шарифро аз тухматхои ногахон бо сари баланд озод намо, ОМИН!

Солим
Агар мардум ба ин тухмати дуруг хам бовар накунад хукумат дафъаи навбати ягон "чабрдидаи" шашсола омода мекунад. Е хеч набошад аз Хитой як ду маскахои резини бо сурати Зайд заказ карда меоранд. Пас аз ин изхороти нав мекунанд, ки Зайд як ду соата аз турма гурехта боз чор панч каси дигарро изнасиловать кардааст.

салим
Ох аз ин сарофони гавхар ношинос!!!!!!!!!! Сад хайф ба телевизиону телевизиондори. Ба ин миллат чи шуда бошад ки барои чоху мансаб ба хар амал кодиранд. ба худо шармандаги буд ин гузориш. акли солим бовар намекунад.

Saif
Ватандуст
Ба ин хукумати мо расму одат шудааст, ки чараёни баррасии парвандаи чиноиро аз хама каналхои телевизиони давлати намоиш диханд ва ба муттахам тамгаи чинояткорро хам часпонанд. Ин кормандони телевизион ё бесаводанд ва ё мардумро гулу гумрох медонанд. Охир додгох холо карор набаровардааст ва хеч гох наметавонем Зайд Саидовро чинояткор бигуем. Хамчунин Идораи мубориза бо фасодро чи кор бо тачовуз бо номус??? Дар холе ки даххо ва садхо фасодкор дар Точикистон озодона ба кори нангини худ давом медиханд, вале ин идора парвои онхо надорад. Зеро онон одамони тагодор ва ё худи кормадони хукуматианд. Сабаби ба онхо парвандаи чинои боз накардани Идораи мубориза бо коррупсия ин ки онхо монанди Зайд Саидов ба кори сиёси хамрох намешаванд ва айши хукуматдоронро талх намекунанд. Агар як вазири имруза монанди Зайд Саидов барои анчоми ягон кори сиеси каме кушиш кунад, хамон лахза Идораи мубориза бо коррупсия ва дигар ташкилотхои дахлдор ба вай даххо парвандаи чинои боз мекунанд. Агар Идораи мубориза бо коррупсия кори асосии худро дуруст ичро мекард ва натарсида порагирхои калонро ба чавобгари мекашид, Точикистон ба катори давлатхои хеле коррупсиони дохил намешуд.
Хукумати имруза бо ин корхояш ва даххо дигар корхои нохубаш обруи надощтаи худро боз резонида истодааст ва аз рухияи мардум маълум ки агар ин итихобот озод ва шаффоф гузарад, мардум ба намояндаи ин хукумат овоз нахохад дод ва у ноком хохад шуд.

ин суд аст ё "лахзахои гуворро"

Фарахнуш
Ин якин аст, ки кадом рузе мурдаи Ленину Сталинро ба гардани бечора Зайд Саид бор мекунанд. Ана демократия, ана озодиву ободи :))))))

чашмхои Рудакиро Зайд Саидов кур кардааст мегуфтан хам мешуд

Чаноби Икс
Чаро рузи шашум ин духтар шикоят накардаасту акнун имруз шикоят дорад-а??? Чаро???

ТВҳои давлатӣ воқеъан бозичаи дасти ҳукумат буданд ва ҳастанд. Ин дастгоҳҳои таблиғотӣ барои иҷрои фармон аз боло аз ҳеҷ гуна пастӣ ва кори ифлос даст намекашанд. Инсофашон дар гӯр! Ҳоло қарори суд содир нашуда, З. Саидовро дар назди мардум шарманда карданианд. Вале ҳар касе ӯро мешиносад ва боре ҳам бо ӯ рӯбару шудааст, ба ягон тавтеъа, дасиса ва тӯҳматҳои ҳукумат бовар намекунад. Ин дунё бевафо ва гузаро аст. Замоне Зайд Саидов ҳам гули сари сабади ҳукумат, дӯсти наздики вазирон ва кабирон буд. ДАР ТОҶИКИСТОНИ ИМРӮЗА ҲЕҶ КАС КАФОЛАТИ АМНИЯТ ВА ОРОМӢ НАДОРАД! Инро кормандони ТВ набояд фаромӯш кунанд.

Саттор
Биёед аз хамин Зайдактон пайгамбар натрошен.

Фаридун
Инчо максади очонсии фасадгар яъне горати мардуми камбагал максадаш бадном кардани З саид аст хамаи корхоро ба гардани ин шахси бегунох мезананд аммо халк медонад ки хак асту ки нохак ин корхои шайтонии очонсии фасодро касе бовар намекунад

точик
Саттор,
Ту аввал бо забони ширини точики харф зан на карлуки!забони ифлоси худро реклама карда муд кардаед. Давлат бояд конунеро кабул кунад,ки дар он бо забони ширини адаби харф задан аз тарафи кормандони давлати ва дар чойхои чамъияти хатми бояд бошад.агарна ирн карлукхо метата наметатаи худро дар хама чо муд кардаанд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)