Бахшҳо

ҲХДТ Раҳмонро боз номзади худ интихоб кард

Тақрибан ҳазор вакили Анҷумани 11-уми Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон (ҲХДТ), ки рӯзи чоруми октябр дар Филармонияи давлатӣ баргузор шуд, Эмомалӣ Раҳмон – раисиҷумҳури кунунӣ ва раҳбари ин ҳизбро ба унвони номзади худ интихоб карданд. Аммо худи Эмомалӣ Раҳмон дар ин Анҷуман иштирок надошт ва интихоби номзадии ӯ дар ғайбаш сурат пазируфтааст.

Анҷумани ҲХДТ таҳти раёсати Сафар Сафаров, муовини аввали раиси ин ҳизб, баргузор шуда, нахуст пешбарии номзадии Раҳмон аз забони Ҷонибек Қозибеков – вакил аз Бадахшон садо додааст. Вай аз ҳамаи иштирокдорони анҷуман хоста, ки ба тарафдории Эмомалӣ Раҳмон раъй бидиҳанд, чун дар ҳоли ҳозир аз ӯ дида нафари арзандае нест.

Қаблан номзадии Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи вакилони Иттифоқи ҷавонон ва, инчунин, Федератсияҳои мустақили Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, дар ҳоли ҳозир беш аз 200 ҳазор узв дорад. То кунун Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҲХДТ, дар се интихоботи гузаштаи президентӣ иштирок карда, пирӯз шудааст. Дар сурати пирӯзӣ дар интихоботи шашуми ноябр, вай барои бори чорум ба курсии президентӣ такя хоҳад зад.
Мӯҳр
Худованд окибати ин спектаклу ин коргардонхоро ба хайр гардонад.

Фаррух
Чамшед н.Восеъ,
Чамшутбеек аз Восеъ:Агар хозир хамин Руссия набошад дар ЧТ гуруснагие мешавад,ки гуруснагии солхои 90 отдых хоханд кард.як фаросати худро кор дарору фикр кун!500 сомон маоши миёна аст.Як хисоб кун чи ба ин 500 сомон бо чунин нарху наво як оила чанд рузаке зиндаги хохад кард?Шукри якум АЛЛОХ кун!Дуюм Руссия,ки чангро бас кунонду ба мо дар муддати 20 сол чои кори медихад то мо кутти лоямути худро ёбем!Вагарна дар муддати 21 сол Точикистон ба кашшоктарин ва окибмондатарин давлати дунё табдил ёфт!ЯГОН ЗАРРАЧА пешрави нест!Факат магозаву торгови центрохо сохта истодаанд он хам бошад аз хисоби пули Руссия ё карзхое,еи ба номи миллати точик зер карда хукумат мегирад!Холо карзи ЧТ 2 млрд шудааст,ки ин ношуниданист.Дар асри 21 кувваи барк надорем!Порахуриву ришвагири дар мавчи аълотарин.Ба номи АЛЛОХ шумо кунбардорон заррачае ору ному ва вичдон надоред!Вакте хамин кадар ноадолати,дузди,порахури,окибмонии Точикистонро дидаву дониста боз дуруг мегуед!Мо хатто гугирдаке истехсол намекунем.Хатто махсулоти хуроквори 80 фоиз аз хорича меояд.Дар тамоми соха Точикистон окибмондаьарин! .чамшутбек як вичдон хам лозим барои инсон.гуфтанихо зиёданд..

Акаи Сафар Сафаров, ягон зарае зик нашен,хамаш тенчай, лекин барои хамин Халке ки мора хурондестан, хар чизе ки мекоран ба Душанбе меоран, ва Мо аз мехнати халоли онхо, хар чи аз бозор мехарем, СВЕТШОНА хал кунен.Барои онки зиеди Онхо Одамони солхурдаан.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)