Бахшҳо
08 окт 2013 13:06Тоҷикистон / Сиёсат / Акс

Бардошти Кабирӣ аз ҷамъоварии имзо ба тарафдории Бобоназарова (АКС)

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, имрӯз, 8-уми октябр, давоми як соат дар кӯчаҳои Тӯрақул Зеҳнӣ ва Титови ноҳияи Шоҳмансури Душанбе ба ҷамъоварии имзо ба тарафдории Ойниҳол Бобоназарова машғул шуда, дар суҳбат бо “Озодагон” бардошташро аз ин раванд изҳор дошт.

Кабирӣ гуфт, аз соати 9:50 шурӯъ карда, то соати 10:55 ҳамагӣ 10 имзоро ба тарафдории Бобоназарова ҷамъ кард: “Дар рафти ҷамъ намудани имзоҳо маълум шуд, ки мардум хеле боэҳтиёт ҳастанд ва на ҳама мехоҳанд, ки имзо гузоранд. Ба хусус вақте сухан дар бораи рақами шиноснома ва дигар мушаххасот меравад. Бештари мардум мегӯянд, ки шиносномаҳояшонро раиси маҳалла ҷамъ карда бурдааст, қисми дигари мардум мегӯянд, ки соҳибхона нестанду меҳмонанд, вале маълум буд, ки соҳибхона ҳастанд. Қисми дигари мардум гуфтанд, ки ба тарафдории ҳеч кас имзо намегузоранд, яъне худдорӣ карданд.”

Кабирӣ аз таҷрибаи яксоатаи ҷамъоварии имзо ба тарафдории Бобоназарова гуфт, “ин кор хеле душвор будааст, аммо ба ин нигоҳ накарда, ҷавонони ситоди Ойниҳол Бобоназарова тавонистанд дар ин шабу рӯз беш аз 180 ҳазор имзо ҷамъ оваранд.”

Кабирӣ бо зикри мушкилоти ҷамъоварии имзо эълони бархе аз аҳзоби сиёсиро дар мавриди ҷамъоварии имзо шубҳаовар хонд: “ Ман ба он ҳизбҳое, ки эълон кардаанд, дар давоми 2-3 рӯз 210 ҳазор имзо ҷамъ овардаанд, гуфтаниям, ки як каме бо эҳтиёт суҳбат кунед ва биёед бо мардум имзоҳоро худатон ҷамъ кунед ва баъд ин рақамҳоро эълон кунед. Ман аз таҷрибаи яксоатаи худ дидам, ки дар 2-3 рӯз ҷамъоварии 150-200 ҳазор имзо имкон надорад.”

Аз Ситоди интихоботии Ойниҳол Бобоназарова ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ки то ҳол ба тарафдории номзадашон 185 ҳазору 800 имзо ҷамъ кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки ахиран Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон муҳлати ҷамъоварии имзоҳоро аз 7-уми октябр то соати 18:00-и 10-уми октябр тамдид кард. Айни ҳол барои иштирок дар интихоботи президентӣ ҳафт нафар номзад шудаанд, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунӣ ва раҳбари Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ, яке аз онҳост. Аз анҷоми маъракаи имзоҷамъкунӣ ба тарафдории номзадҳояшон то ҳол танҳо Ҳизби аграрӣ ва Ҳизби халқӣ-демократӣ хабар додаанд.


Бардошти Кабирӣ аз ҷамъоварии имзо ба тарафдории Бобоназарова (АКС)

Бардошти Кабирӣ аз ҷамъоварии имзо ба тарафдории Бобоназарова (АКС)

Бардошти Кабирӣ аз ҷамъоварии имзо ба тарафдории Бобоназарова (АКС)

Бардошти Кабирӣ аз ҷамъоварии имзо ба тарафдории Бобоназарова (АКС)

Бардошти Кабирӣ аз ҷамъоварии имзо ба тарафдории Бобоназарова (АКС)

Бардошти Кабирӣ аз ҷамъоварии имзо ба тарафдории Бобоназарова (АКС)

Бардошти Кабирӣ аз ҷамъоварии имзо ба тарафдории Бобоназарова (АКС)

Бардошти Кабирӣ аз ҷамъоварии имзо ба тарафдории Бобоназарова (АКС)

Бардошти Кабирӣ аз ҷамъоварии имзо ба тарафдории Бобоназарова (АКС)

Бардошти Кабирӣ аз ҷамъоварии имзо ба тарафдории Бобоназарова (АКС)

Бардошти Кабирӣ аз ҷамъоварии имзо ба тарафдории Бобоназарова (АКС)

Бардошти Кабирӣ аз ҷамъоварии имзо ба тарафдории Бобоназарова (АКС)
Мӯҳр
Abduloh
Xudovand muvafakaton gardonad Ustodi giromi. Inshoalloh ki muvvafak niz meshaved chunki bo shumo xudost va shumo baroi mardum ya kxidmate buzurg karda istodaed. Xudovand Ajrashro bidihad

Собир
Вакте устод Кабири номзарашонро нагузоштан, хеле асаби шудам ва то дер нисбаташон хушбин набудам. Вале бо ин амали мардона-имзочамъкунии бевоситаашон дили хазоронро тасхир намуданд. Зиндаву сарбаланд дар амони Аллох бошед, устод. Иншоаллох пируз мешавем!

Ассалому алайкум ва рахматуллох.Худовандо хамин устоди азизи моро дар амони исматат нигох дору барои миллати точик рохнамову сардор гардон.чунин мардони ватандусту ватанпарвар,баору баномус кам хастанд дар сахнаи сиёсати точик.хонда хело шод шудам ин аст мардонаги эй касоне ки дудилаед хезед равед пагох ёфардо имзои худро ба Хонума дихед часорат нишон дихед.худованд часуру гаёуронро дуст медорад боки Худо нигохбонатон!

Аз номи устоди азиз Кабири ба тамоми мардуми бо сабру бо тахаммулу мехнаткарин Точик гуфтаниям :
Камтарин Точик агар чун ман бисуза,.д. .д(албатта барои халку ватан )
бемухобо синаи душман бисузем. Душманое ки дар дохилу хорич хастанд

Tarjumon
Vate akshoi Kabiriro dar Facbook didam ashk az chashmonam rekht.
Mardi maidon budani khudro nishon dod.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)