Бахшҳо
01 ноя 2013 15:29Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Даъвати генерали амният барои таҳрими интихоботи президентӣ

Генерал Оразшоҳ Пояндашоев, собиқ муовини раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, бо пахши як муроҷиатнома аз мардуми Тоҷикистон хостааст, ба хотири ҳифзи шаъну шарафи худ аз ширкат дар интихоботи президентии 6-уми ноябр худдорӣ кунанд.

Пояндашоев, имрӯз, 1-уми ноябр, бо пахши як муроҷиатнома гуфтааст, ҳукумати феълӣ тайи беш аз 21 соли ҳукмронияш таъқиби мухолифину дигарандешонро пеша карда, ба хотири ғаразҳои шахсӣ аз роҳҳои ғайриқонунию ғайриконститутсионӣ кор мебарад.

Бо зикри ин собиқ генерали амният, ки айни ҳол дар Русия умр ба сар мебарад, аз шаҳрвандони Тоҷикистон даъват кардааст, дар интихоботи президентӣ ширкат накунанд.

Ин дар ҳолест, ки бегоҳи 31-уми октябр Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон интихоботи президентии 6-уми ноябрро таҳрим эълон кард. Ин ҳизб, ки рӯзи 31 октябр ҷаласаи навбатии Шӯрои сиёсии худро баргузор кард, мегӯяд, интихоботи президентии Тоҷикистон хилофи арзишҳои демократӣ, манофеи миллӣ ва ғайриқонунӣ буда, онро қабул надорад.

Аммо Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ин иддаоро бепоя хонда, таъкид дорад, ки маъракаи интихобот дар кишвар дар доираи меъёрҳои байналмилалии демократӣ сурат гирифта истодааст.
Мӯҳр
Шиори нави опозиция
Ман агар биншинам, ту агар биншини, чи касе бархезад?
Ман агар бархезам, ту агар бархези, ХАМА БАРМЕХЕЗАД, ХАМА БАРМЕХЕЗАД!

Ввтандуст
Мебахшед генерал, агар хамаи мо Шумо барин ватанфуруши кунем такдири ояндаи давлату миллати точик чи мешавад Эмомали Рахмон дар доираи Конститутсияи Точикистон ва дигар санадхои меъёри хукукии байналмилали амал намуда давлат ва миллати точикро аз нестшави начот дод, шумо барин "генералхо" барои ватану халки точик чи кори хайрро анчом додед, ки боз ба халк бо чунин мурочиатнома мурочиат карда истодаед...

Точики шахр
Бародарон илтимос дигар бахс наёфтед. Ман агар бархезам, ту агар бархези, хама бармехезад, хама бармехезад. Одамхои хестагиро нагз шинонданд шуморохам мешинонем, ки дигар нахезен.
Илтимос чопкун.

Rustam Rustamov,
tu kur boshi obodiro nabini aibi kist?

tojik,
Ман гайри хамон гулхое, ки мухтарам Убайдуллоев дар маркази шахр барои зебогии Душанбе шинонидааст хамонхоро мебинаму халос
Бародар таърифе ки хакикат надорад боиси хароб гаштани ватан мегардад дар давоми бисту як сол дар хар баромадаш чаноби президент зиёда аз дусад варакро тули панч соат мехонад чи оё ту фикр мекуни ки хамон кадар ободи кардааст? Рохсози карз ободкори карз биносози карз дар асри бисту як холо хам бошад ба монанди гадоён чашм интизори онем ки кадлм давлати дунё карзамон медихад карзхои Точикистон агар аз руи хакики гирем зиёда аз дах миллиард долар шумо медонед яъне чи ин карзхо бар болои мо аз чанги шахрванди дида сахтаранд.
Мебахши ватане, ки хатто панчох фоизи шахрвандони худро аз кор таъмир карда наметавонад ин як шармандагист ин ихтиёри шахсии туст бародар чи хеле ки мехохи фахм ва ман кур нестам ва ман хам мисли ту бокисаи пур назар намекунам ободии ватанро.....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)