Бахшҳо

Далер Шарифов: Кӣ девона, хоин, бегонапараст ва ё сиёҳбин?

Ҳоло дар кӯчаҳои Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ва манотиқи дурдасти кишвар истифодаи вожаи “девона” миёни ҷавонон “мӯд” шудааст. Ҳангоми духтари зебоеро дидан “арӯси девона" ва вақти автомобили гаронбаҳоеро дидан, "мошини девона” мегӯянд. Хулоса, ба ҳамин монанд "хонаи девона" ҳам ҳасту "либоси девона" ҳам.

Ҳатто баъзе донишҷӯён вақте ягон устод дарси хуб гузарад, мегӯянд, "муаллим имрӯз дарси девона гузашт". Яъне, калимаи “девона” ба ҷои калимаҳои “зӯр”, “хуб”, “зебо” ва “беҳтар” истифода мешавад. Дар идомаи ин, агар як нафар ҳақиқатро гӯяду аз камбудҳои ҷомеа эрод гирад, ё агар ба манфиати ҷомеа ибрози назар кунад, ӯро ҳам “девона” мегӯянд. Аммо вақте нафаре чоплусӣ мекунад, ё таърифу тавсиф, ё бо сӯистифода аз мақомаш соҳиби мол ва шароити хуби зиндагӣ мешавад, мегӯянд “одами бофаҳму боақлу ҳушёр аст”.

Намедонам, ба ин ҷомеаи мо чӣ шудааст. Худоё, наход дар кишвари ман арзишҳо иваз шуда бошанд? Наход “бадӣ” ҷои “хубӣ”-ро гирифта бошаду “девона” бо “ҳушёр” иваз шуда?

Кӣ хоин?

Феълан баъзе нафарон дар ҷомеа қаламбадастону соҳибназаронеро, ки барои ободиву пешрафт ва ошкор кардани камбудҳои ҷомеа ҳарфе мегӯянду менависанд, “хоин” меноманд. Бидуни ҳеч гуна андеша, тафаккур ва санҷиши дурустиву нодурустии суханонашон ба онҳо тамғаи хоин ё хиёнат кардан ба Ватанро мечаспонанд. Хусусан, атрофи ҷавонони хабарнигор ин шабу рӯз чунин ҳарфҳо зиёд аст. Дар ҳоле ки ин ҷавонҳо ҳатто ба як гулу хори Ватан осебе нарасондаанд.

Танҳо гуноҳи ин насли ҷавон ин аст, ки мардумро ба зиндагии шоиста, раҳоӣ аз бадрафторӣ, дифоъ аз ҳаққи худашон даъват мекунанд. Онҳо танҳо мегӯянд, имрӯз асри 21 аст ва набояд мо дар рӯҳияи асри понздаҳу чордаҳ зиндагӣ дошта бошем.

Имрӯз арзишҳои волои зиндагӣ бастагӣ дорад бо риояи ҳаққу ҳуқуқ, таъмини шароити иҷтимоӣ ва ғайра. Онҳоро набояд нодида гирифт ва вақте ин чизҳоро барои мардум хотиррасон мекунанд, магар хиёнат аст?! Аммо замини Ватанро додан, фарзанди Ватанро ноодилона ба додгоҳ кашидан, миллатро дар фасли сармо бе барқ мондан, сари роҳи порахӯрону чоплусонро нагирифтан, шахсиятпарастӣ, эътироф накардан ва эҳтиром нагузоштан ба андешаву афкори фарзандони миллати худ, маҳрум кардани руҳониёни ҳақиқӣ аз минбарашон... магар ин қаҳрамонӣ аст? Аввал бояд муайян кард, ки он чор ҷавони қаламбадаст хиёнаткоранд, ё онҳое, ки мӯҷиби ин амалҳо шудаанд? Магар бо иваз шудани арзишҳо ХИЁНАТ ҷои ҚАҲРАМОНИРО гирифтааст?

Кӣ бегонапараст?

Дар ҷомеаи мо ҳастанд ашхосе, ки бо гирифтани маблағи ночиз ё грант баъзе рӯзноманигорону таҳлилгаронро ба бегонапарастӣ муттаҳам мекунанд. Ҳоло он ки давлату ҳукумат як тараф истад, ҳатто сохторҳои низомиву қудратӣ аз гирифтани грантҳо ё кумакҳои давлатҳои хориҷӣ ҳамеша бархӯрдоранд. Чӣ магар онҳо ҳам бегонапараст шудаанд?! Шумо ҷое хондаед, ки журналистон навишта бошанд, ки биёед аз забону фарҳангу маданияти тоҷикӣ даст кашида, фалон кишварро пайравӣ кунем? Кадом раиси ҳизби мухолиф гуфт, биёед, як қисми хоки Ватанро ба кишвари дигар диҳем? Кадоми ин «бегонапарастон» навиштанд ва ё гуфтанд, биёед, аз таъриху тамаддун ва ҳуввияти худ даст кашем? Кадом «бегонапараст» аз як миллион муҳоҷир хушҳол асту онро як чизи муқаррарӣ меҳисобад?

Баръакс, ҳамин «бегонапрастон» буданд, ки доим менавиштанд ва мегуфтанд дар қаламрави кишвари соҳибистиқлол бояд пойгоҳи ҳарбии ҳеч кишвари хориҷӣ набошад. Ҳамин «бегонапарстон» барои гум шудани ду кӯдаки тоҷик як сол мешавад, месӯзанду менависанд! Ҳамин «бегонапарастонанд», ки доим мегӯянд «тоҷик набояд дар муҳоҷират ҳақиру бечора бошад!» Ҳамин «бегонапарастон» аз қарзҳои ҳангуфти Тоҷикистон доим нороҳатанду ғам мехӯранд! Ҳамин «бегонапарастонанд», ки мегӯянду менависанд, ки «тоҷик бояд бошарофату обрӯманд ва саодатманду хушбахт зиндагӣ кунад!» Ҳамин «бегонапарастонанд, ки мегӯянду менависанд, дар кишвар бояд ислоҳоте гузаронд, ки ба зиндагии мардуми тоҷик осонӣ биёрад! Ҳамин «бегонапарастонанд», ки мегӯянд писари вазир ё мансабдор вақте даст ба ҷиноят зад, бояд дар назди қонун, ки он баробариро барои ҳамаро кафолат додааст, ҷавоб гӯяд!

Аммо афсӯс, “ХУДИҲО” хомӯшанд. Аҷаб ки "худӣ”-ҳо дар ин мавзӯъҳо чизе намегӯянд. Аз дасти "худӣ”-ҳо ба ҷуз таъриф, дурӯягӣ ва мардумфиребӣ чизи дигаре намеояд? Корашон фақат тӯҳмату таҳқир аст, ки мегӯянд «шумо сафсата мегӯед, ягон маводи таҳлилӣ навишта наметавонед». О, ин мушкилиҳое, ки дар мо аст, ҳоҷат ба тадқиқоту таҳлили журналистиро надорад. Онҳоро танҳо ба мардум расондан даркор, то "худӣ”-ҳои худро бишносанд. Вале афсӯс ки «худӣ»-ҳо дар ғами худанду кай парвои дигаронро доранд?! Кай онҳо дар бораи имиҷи Тоҷикистон фикр мекунанд?! Ё дар кишвари мо мафҳуми БЕГОНАПАРАСТ бо ХУДӢ иваз шудааст?

Кӣ сиёҳбин?


Илҳомҷон Ҳомидов, як ҳамкасбамон дар як навори видеоӣ зимни суҳбаташ мегӯяд, дар ҷомеаи мо ҷавонон ба ду гуруҳ тақсим мешаванд. Як гуруҳ доим сафедиро мебинад ва гуруҳи дигар доим сиёҳиро. Ва ӯ худашро аз ҷумлаи онҳое медонад, ки доим сафедиро мебинад. Илҳомҷон, бародари азиз, ман шуморо мефаҳмам! Афсӯс, ки доим сафедиро мебинед, зеро на ҳама қудрати дидани сиёҳиеро доранд, ки дар мадди назари Шумост. Кам нафарони бовиҷдон пайдо мешаванд, ки аз рӯйи ҷавонмардӣ сиёҳиро бинанд.

Аммо он сафедиҳое, ки Шумо мебинед, онро ҳама дида метавонад. Он сафедиҳои даврони истиқлол иборат аз чанд километр роҳҳои мумфаршшуда, ки билохира ҳамаашон пулакӣ мешаванд, бо чаҳор нақб ё парчами 165-метрӣ дар маркази шаҳр ва китобхонаи боҳашамат, таъмиру азнавсозии чанд мактабу донишгоҳро мардум ҳамарӯза батакрор аз тариқи телевизион мебинанд. Инчунин, кушода шудани корхонаҳои ангуштшумори саноатие, ки дар он 14 ва ё 20 одам кор мекунад, чанд корхонаи хурди дузандагӣ ва хиштбарорӣ, ё ин бо белу каланд об баровардан, ки аксарашон баъди лентабурӣ ё қарздор мешаванд, ё бо таъсири ҳодисаҳои "номаълум" корношоям мегарданд. Ҳамаи «сафедӣ»-ҳои медидаи Шумо ҳамин аст. Боз хафа нашавед, таҳсили чанд ҷавонро дар хориҷи кишвар ва ё сохтани нерӯгоҳҳои хурди барқиро ҳам ба ин сафедиҳо ҳамроҳ мекунем. Инчунин ҷашну маъракаҳо ва сафарҳои президентро ҳам САФЕДӢ мегӯему мебинем. Шукр, ки баъзе соҳибкорон ину онро месозанд, аз қабили ҳаммом ё ошхона ва онро ба сиёсати созандагиву ободкории ҳукумат рабт медиҳанд ин ҳам «сафедӣ» аст.

Акнун ҳамкасби мӯҳтарам, биё, сиёҳиҳои ин миллатро бинем. «Лимит»-и дарозмуддати барқ, ки ба ҳама ҷанбаи зиндагии мардум, хусусан Шумо, ки омӯзгоред, ба раванди таълим моҳҳо халали ҷиддӣ мерасонад ва инҷо гап сари даҳу сад ҳазор аҳолӣ намеравад, гап сари миллион аст. Давоми 20 сол ягон корхонаи бузурги саноатӣ сохта нашуд, ки ҳадди ақал дар он то ду ҳазор нафар кор кунад. Қарзи хориҷиамон рафта то ба буҷети мамлакат баробар мешавад. Шояд бо ин раванд то даҳ соли дигар миллионҳо ҳамватани ману ту ҳамчун мардикор ва он ҳам бештарашон дар шароити вазнин дар хориҷи кишвар бимонанд. Ислоҳоти ҷиддӣ то ба ҳол дар сохторҳои давлатӣ нест.

Ҷавононамонро маҷбурӣ ба хизмати ҳарбӣ мебаранд, ин ҷараёни ба аскарӣ сафарбаркунӣ бист сол мешавад идома дорад ва то ҳол роҳи ҳалли мусбати худро пайдо накардааст. Маошу нафақа ҳанўз нокифоя ва аз зиндагии воқеӣ дур аст. Масъалаи рӯзмарра боқӣ мондани ришваю фасод. Бо таъсири омилҳои иқтисодиву иҷтимоӣ боқӣ мондани проблемаи мактабу маориф. Дигар намехоҳам, ин сиёҳиҳоро давом диҳам. Агар Шумои «сафедбин» ин қадар сиёҳиро бинед, кифоя ё ба фикри Шумо ин сиёҳиҳоро нодида бигирему онҳое, ки ин ҳамаро мебинанду мегӯянд, ё роҳи ҳал пешниҳод мекунанд, “сиёҳбину сиёҳкор” бигӯем?! Ё боз ин ҷо ҳам СИЁҲӢ ҷои САФЕДИРО гирифт?

Хуллас, ҳар нафаре, гурӯҳе, ё ҷониберо девона, хоин, бегонапараст ва сиёҳбин мегӯем, бояд як бор андеша кунем ва аввал аз худ пурсем, то куҷо ҳушёру сафедбину, худиву ватанхоҳ ҳастем?!

Далер ШАРИФОВ,
журналист


Аз идора: Ин матлаб назари шахсии муаллиф аст
Мӯҳр
ячи тенч навистай девонашай

chi ba guftai tu begonaparast-xoin siyoh-hukumat ast? yo tu va hamfikronat?

Бозор
Э Далер, э Далер. Ин навиштата ба офарин намеарза!
И бача аз афтуш дониши хуб надораю бо мора насихат мекуна. гап мезана. О ту худут набудики пештар хамара бо барномахои "зурут" насихат мекарди? Худут буди. Ин кадар зур мебуди, тура аз ТВС "бо хохиши худут" пеш намекарданд ака. Мон хамин насихатхота, безор шидем. Худут то "ун тараф" гузаштан гушу майнаи хамара бо гапхои дуругут мехурди. Акнун ту ростбину сиёхбин шидай бо. Мардакча барин бгу ки хо пулум додан мара харидан ва ман ватанро ба киргизхо фурухтум. тамом ака. мефахмем.
неки гапхои нагз навиштай.

Рахмат бародар Далер хамаи инро аз ту бехтару хубтар касе намедонад! Чун худат муддате дар телевизиони давлати кор кардиву ин хамаро бо чашми сар диди. Бубин агар ин 5 номзади киссаги, ки хамаги доктору номзаду балозаду дигару дигар як шахси тахсилнодида, камакл мешуданд ман мегуфтам онхо хаканд. Дар масъалаи Илхом хам гам махуру осуда бош ин чурми асардузди, бадтарин чиноят ва боиси шармсори дар асри 21 ба шумор меравад ба гардани у тавки лаънат гаштааст. Худованд моро аз асардузди нигох дорад Омин.

1.Далер, мавкеи ту фахмост. Каллаат хам бад нест. Лекин барои журналисти хуб шудан бояд зиёдтар омузи ва машк куни. Холо бошад ин чизи навиштаат хом ва камдалел аст.
2. Дар бораи лимити барк, ки хама онро хамчун далели якуми ноухдабароии хукумати имруза меоранд: чи, рохбари дигар бошад, онро бартараф кардан метавонад? Аз кучо барки зиёти меёбад, ки ба хама мардум расад? Мегуянд, ки барк ба Афгонистон меравад, лекин ба ончо факат тобистон меравад, вакте ки он ба худамон зиёти аст. Зимистон агар равад, хеле кам, танхо барои дар бозори барки кишвари хамсоя мондан меравад. Магар ин аз руи акл ва илми иктисод дуруст нест? Дуруст аст.

бехад чолиб 100% объективона

Карим
Канд зан Далер! Аз суханхои хак ин лагандбардорон девона шидестан.

Салом ба хама хамватанони азиз. Дар хакикат Далерчон шери нарай да. Талхакаф карди КОСАЛЕСОНРО. Журналист бояд хакикатро гуяд на инки лаганбардори кунад. Канд зан бародар. Агар хакро гуфти ин "САФЕДБИНОН" душмани халкат мебароранд. Худатро эхтиет кун.

Шояд Илхомчон сафеди гуфта маврди мухадирро дар назар дошта бошад. Ки дар хакикат барои баъзе гурухо бахту саодат оварда аст.

бандаи Худо
мошоАллох,! Офарин Далер!

Донишчу
Мир,
Албатта бартараф карда метавонад!!!! Энергияе, ки имруз истехсол мешавад ба пурраги ба хамаи Точикистон кофист!!! Як ба Гурчистон бингар: чанд сол пеш то 8 мох бебарки мекашид, ягон ниругохе иловаги насохтааст, имруз дар давоми тамоми сол барк мефурушад ба хорич, барки зиёдатиро!!!! Чандин ТЭЦ -и худро консерватсия намуд, чун зарурияти истехсоли барки иловаги намонд. Ин кадар "хукумат"-и ношуди худро чонибдори масоз, чун аз поён то болои боло харгиз дар фикри мардум набуд ва нахохад шуд!!! Касрхои вазирону кабирон аз кадом хисоб, чун онхо хукуки машгулият ба тичорату сохибкориро надоранд? Бо 1000 сомони маош чи гуна касри 500000 доллара сохтан мумкин? Ё кур хасти, ё хамнишини дуздони сарвати миллат...

Kulobi
Нек маколат хари бад бдай

maqolai khube bud ki khondam boshand kasoe ki misli in jurnalist voqeathoi jomero binvisand umedvor kunanda ast, kai meshuda boshad ki mardum in safedi va siyohiro az ham farq knand va yo bidonand ki dilsuzi voqeii in mardumi sharif chi kase ast, ba umedi on ruz.

Абдулхак
Рост гуфти бародар. Далер бародар хамеша тарафдори хак буди ва тарафдори хак хасти ва дар хамин рох бош. Аслан камбудихои чомеаро журналистхои хакпараст ислох месозанд, монанди Д. Атовуллоев ва Д. ШАРИФОВ, на онхое, ки сохибонашон дар курсихо нишастаанд. Чанд руз пеш аз бозори Садовод шахри
Москва 1000 мухочири осиёи миёнаро капидан. Хар руз як
мушкили аст, депорт, куштан в. г. (Худованд неъматеро, ки ба
кавме арзони доштааст, дигаргун насозад, то он кавм худ
дигаргун нашаванд(сураи Анфол(ганиматхо) ояи 53))

Номус
Хар одам бояд аввалан номус дошта бошад. Ту факат сиёхи мегуи, пешрави нест мегуи. Макола на девонаааа ва на хайвооон, балки бемантик ва хасудона аст. Далерчон, ту бахил буди. Аз шеваи маводат маълум шуд.
Ободии кишварро дидан намехохи, вале фаромуш накун ки факат бо гуфтани камбуди мо пеш намеравем.
Доно боши, мархамат пешниход кун, хукумат гираду истифода намояд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)