Бахшҳо
02 ноя 2013 10:47Тоҷикистон / Акс / Видео

Роҳпаймоии ҳазорон нафар дар Суғду Бадахшон ва вокуниши Бобоназарова

Ҳазорон нафар аз ҷавонони кишвар субҳи 2 ноябр таҳти шиори “Президенти ман” ба кӯчаву хиёбонҳои вилояти Суғд ва Бадахшон баромаданд.

Дар дасти ин ҷавонону наврасони тоҷик акси Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, парчам ва шиорҳое зери унвони “Президенти ман” дида мешавад. Иштирокдорони ин роҳпаймоӣ ба ҷонибдорӣ аз Эмомалӣ Раҳмон баъд аз марши “Президенти ман” ба Варзишгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд ба хотири иштирок дар барномаи консерите ворид шудаанд, ки шумораи онҳо зиёда аз 25 ҳазор мебошад.



Инчунин, ин гуна марш ё худ роҳпаймоӣ ба ҷонибдорӣ аз Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғи вилояти Бадахшон низ баргузор шуд. Интизор меравад, марши “Президенти ман” рӯзи 3 ноябр дар шаҳри Душанбе низ барпо гардад.

“Созандагони Ватан”, қаноти ҷавонони Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) ахиран аз иҷрои иқдоми умумиҷумҳуриявиеро таҳти унвони “Президенти ман!” аз сӯи он хабар дода буд. Ин созмон гуфт, дар доираи ин иқдом роҳпаймоии ҷавонон дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон сурат хоҳад гирифт: “Беш аз 100 ҳазор ҷавонон ба хотири ҳимояти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури феълӣ, дар интихоботи 6 ноябр ба кӯчаҳо мебароянд.”

Ин ҷиноҳи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, ки раҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон бар дӯш дорад, гуфта буд, ҷавононро ба марши "Президенти ман" тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ даъват хоҳад кард ва иштирок дар он озод мебошад. Ин дар ҳолест, ки бархе аз иштирокдорон дар суҳбат бо "Озодагон" гуфтанд, онҳо намедонистанд, дар кӯчаҳо иштирокчии роҳпаймоӣ мешаванд: "Ба мо гуфтанд, ки Шумо бояд дар барномаи консертие иштирок кунед."

Инчунин, яке иштирокдорони дигари ин роҳпаймоӣ, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, онҳо ба таври иҷборӣ аз сӯи масъулини донишгоҳу макотиби миёна ба кучаҳо баромадаанд, то дар марши мазкур ширкат варзанд: "Моро "ҳушдор" низ доданд, ки агар иштирок накунед, натиҷаи имтиҳонҳоятон манфӣ хоҳад шуд." Бояд гуфт, иштирокдорони марши "Президентӣ ман", ки имрӯз 2 ноябр ва дар рӯзи дарсӣ дар вилояти Суғд баргузор гардид, аслан донишҷӯён ва донишомӯзон макотиби миёнаи ин вилоят буданд ва ҳатто онҳо дар бархе аз шиорҳои худ, ки дар даст доштанд, номи таълимгоҳи хешро зикр кардаанд.

Ойниҳол Бобоназарова, номзад ба мақоми президентӣ аз тарафи Иттиҳоди неруҳҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон дар интихоботи 6 ноябр, ки аз идомаи рақобат дар ин корзор маҳрум гардид, мегӯяд, "ташкили ингуна роҳпаймоӣ бо иштироки ҳазорон донишомӯз ва донишҷӯ ба ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон аслан зарурат надошт." Зеро ба гуфтаи ӯ, ҳоло Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи президентии қарибулвуқуи Тоҷикистон бидуни рақиби ҷиддӣ ва "воқеӣ" вориди сабқат мешавад.


Роҳпаймоии ҳазорон нафар дар Суғду Бадахшон ва вокуниши Бобоназарова

Роҳпаймоии ҳазорон нафар дар Суғду Бадахшон ва вокуниши Бобоназарова

Роҳпаймоии ҳазорон нафар дар Суғду Бадахшон ва вокуниши Бобоназарова

Роҳпаймоии ҳазорон нафар дар Суғду Бадахшон ва вокуниши Бобоназарова

Роҳпаймоии ҳазорон нафар дар Суғду Бадахшон ва вокуниши Бобоназарова

Роҳпаймоии ҳазорон нафар дар Суғду Бадахшон ва вокуниши Бобоназарова

Роҳпаймоии ҳазорон нафар дар Суғду Бадахшон ва вокуниши Бобоназарова

Роҳпаймоии ҳазорон нафар дар Суғду Бадахшон ва вокуниши Бобоназарова

Роҳпаймоии ҳазорон нафар дар Суғду Бадахшон ва вокуниши Бобоназарова

Роҳпаймоии ҳазорон нафар дар Суғду Бадахшон ва вокуниши Бобоназарова

Роҳпаймоии ҳазорон нафар дар Суғду Бадахшон ва вокуниши Бобоназарова

Роҳпаймоии ҳазорон нафар дар Суғду Бадахшон ва вокуниши Бобоназарова

Роҳпаймоии ҳазорон нафар дар Суғду Бадахшон ва вокуниши Бобоназарова

Роҳпаймоии ҳазорон нафар дар Суғду Бадахшон ва вокуниши Бобоназарова

Роҳпаймоии ҳазорон нафар дар Суғду Бадахшон ва вокуниши Бобоназарова

Роҳпаймоии ҳазорон нафар дар Суғду Бадахшон ва вокуниши Бобоназарова

Роҳпаймоии ҳазорон нафар дар Суғду Бадахшон ва вокуниши Бобоназарова
Мӯҳр
Darvesh
PREZIDENTI СУНЪИ.......

Jamshed n.Vose
eee barodarho biyoed qoil shavem ki Janobi Oli tarafdori ziyod dorad. Bahonayu aibjui nakuned!!!

Бобои Файз,
Агар аз ин хам бадтар мегуфтию менавишти ман туро тарафдори мекардам.
Саломат бош.....

Рустам
Ташкил карданду хамин чаноби оли ба ингуна чамъомадхо хеч гуна эхтиёч надорад. Бинед, хатто дар сафархо намемонад, ки дар бораи интихоботу чонибдори гап зананд. У факат як гап гуфт, ки агар хизмате ба мардуми азизам карда бошам, кадр мекунанд...

Студент
Хайр зури мо ба инхо намерасад. Мо мардуми одди, инхо сохиби давлату армия. Вале касе моро мачбур карда наметавонад, ки дар диламон инхоро бипарастем.

УМЕД
Оне ки бо номи бобои Файз ин ниятхоро кардааст, ХУДО ба сари у чунин нохушихоро биёрад. На ба сари ягон нафари точики асил.

Кӣ намедонад, ин гуна маршҳо чӣ тавр "ташкил" мешаванд? Роҳбарони ташкилкунанда дар ғами президентии Э.Раҳмон не, балки дар ғами мабодо аз вазифа рафтани худ ҳастанд. Бо як мӯҷизае президент каси дигар шавад, мебинед, ки ин гуна роҳпаймоҳо бо аксу таҳсину офарини президенти нав мегузаранд. Бале, ҳамин аст хусусияти вазифадорӣ дар шароити кунунии Тоҷикистон.

Мигрант
tajik bacha,

Кто вы таджики? Может только ты такой, как описал. И то благодаря кормушки своей батюшки. А остальные 8 миллионов таджиков вон они: https://www.oko.by/uploads/posts/2011-11/1321958588__44153873_17.jpg

"Пешвои асри XXI". Во дают. Интересно, какую траву курит автор этого плаката?

карочи малимон гуфтан,ки рузи шанбе консерт мешад бахшида ба рузи сар конун мо хам чам шудем катор кардан сурати чаноби олира доданд мо хабар надоштем ин митинг аст.

akb
чаро фақат ба касони иҷоза дода меша баромада шиъор диҳанд ки тарафдори давлат бошан агар мардан иҷза диҳанд мардуми мухолифи давлат баромада митин кунан баъд он вақт ҳақ ошкор мешавад

корёр
ин мардум на рахбари дуняви дораду на рахнамои рухони. хулоса рахгум задааст дар асри 21. аз ин майдонхо бо ин шиорхо рост ба мардикори, кучаруби ташнеорбшуи дар шахрхои русия. МАРШ!!!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)