Бахшҳо

Шеъри нави Б.Собир дар ҳаққи Э.Раҳмон ва баҳси гарм дар Фейсбук

Шеъри нави Бозор Собир дар ҳаққи Эмомалӣ Раҳмон баъд аз пирӯзияш дар интихоботи 6 ноябр, ки онро нашрияи “Ҷумҳурият” ба чоп расондааст, баҳси гарму доғеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бахусус Фейсбук, ба по кардааст.

Бозор Собир, ки баъд аз 19 соли ғурбат дар Русияву Амрико, панҷ майи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон баргашт, дар шеъри тозаи худ мегӯяд, сахт дасту панҷаҳои маҳками оқои Раҳмонро мефишорад:

"Мефишорам сахт дасту панҷаҳои
маҳкаматро
Ҳамчу дасту панҷаи фарзанди деҳқон,
Ҳамчу дасту панҷаи шахшӯли
деҳқонбаччаи қишлоқ
Аз каланду досу мисрон.

Бо садои гармат одат кардаем
Ҳамчу бо зангӯлаи давлат,
Ҳамчу бо зангӯлаи ваҳдат,
Ҳамчу бо зангӯлаи мактаб.

Чунки дар рӯи ту мебинем
Рӯи миллатро,
Нури миллатро,
Чунки аз пешонии бози ту мехонем
Мо хати тақдири миллатро.

Чун кафи дасти ту шаҳроҳат
Аз Душанбе то Бадахшон,
Аз канори Суғд то Хатлон;
Дар кафи дасти ту меронанд,
Дар кафи дасти ту метозанд,
Дар кафи дасти ту ҷорист
Сели мошин,
Фавҷи дарёҳои мошин.

Пойгоҳи давлататро карда кафшер
Бастакори нақби Анзоб,
Бастакори нақби Шаршар,
Бастакори Чормағзак,
Бастакори ГЭС-и Роғон
Ҳамчу оҳан,
Ҳамчу чӯян,
Ҳамчу пӯлод
Пойдор."


Додоҷони Атовуллоҳ, раҳбари Ҷунбиши сиёсии “Ватандор”, ин шеъри Бозор Собирро дар саҳифаи Фейсбуки худ бознашр кардаву аз зиндонӣ шудани ӯ дар оғози солҳои навадуми асри гузашта ёдоварӣ намудааст: “...Рӯзе Бозор Собир ба Маскав омад, ҳама истиқболаш баромадем. Дар осоишгоҳи Иттифоқи журналистони Русия барояш ҷой гирифтем. Бо хоҳиши устодон -- Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ҳама барои шоири зиндонӣ пул ҷамъ овардем, ки хор нашавад. Барояш сарулибос харидем, хона иҷора гирифтем. Баъдан Бозор ба Амрико кӯч баст. Дар ин давра даҳҳо шеъру мақолаҳо бар зидди режими Эмомалӣ Раҳмон навишт. Имрӯз ин шеър... Тафсире надорам.”

Диловар Ашӯров, яке дигар аз корбарони Фейсбук, навиштааст, “дар дафтари таърих ӯ ҳамчун шоир ва лагандбардори дарборӣ мемонаду бас. Вай бисёр шеърҳои хуби худашро хоки роҳ кард...” Файзиннисо Воҳидова, ҳуқуқдони шинохтаи тоҷик, ҳам ба ин масъала дахл кардааст: “Аҷаб давру замоне фаро расидааст. Намедонам, замона дигар шудааст, ё одамон? Агар Рӯдакӣ зинда мебуд, шояд посухашро медод. Во аҷабо!”

Абдураҳмон Юсуфӣ навишта, ки “пул ҳамаро девона кардааст!” Куруши Кабир ҳам мегӯяд, “Бозор худро хор кард. Куҷо шуд он шеваи озодихоҳиат? Бозор мурдааст, он Бозори озод...” Аммо бар хилофи аксарият, ки Бозор Собирро барои шеъраш дар васфи Эмомалӣ Раҳмон зери бори танқид гирифтаанд, Усто Искандар Нодиров гуфтааст, “оппозитсиюн, Шумо дар дарунатон ҳамин хел одамҳо доштед, ки Худованд нусрататон надод.”

Нахустин мисраъҳои шеъри Бозор Собир, шоири тоҷик дар васфи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо номи “Қаҳрамони ваҳдат”, ки аз 24 мисраъ иборат аст, ҳанӯз дар оғози моҳи июл дар “Ҷумҳурият” чоп шуда буд. Ин шеърро то замони чопаш овозхонҳои тоҷик рӯзи 27 июн дар маросими таҷлили Рӯзи ваҳдат дар Наврӯзгоҳи марказии шаҳри Душанбе хондаанд. Дар лаҳзаҳои хондани ин шеър тариқи телевизион ду бор Бозор Собир ва як бор Эмомалӣ Раҳмон нишон дода шуд.

Ин дар ҳолест, ки Бозор Собир аз нахустин шоирони тоҷике ба шумор меравад, ки дар даврони Шӯравӣ аз сурудан ё навиштани шеър дар ҳаққи ҳизбу ҳукуматдорони коммунист худдорӣ намудааст. Вай, ки имсол ба синни 75 мерасад, пас аз нуздаҳ соли ғурбат бегоҳи 27 май барои иқомати доимӣ ба Тоҷикистон бозгашт. Ин шоири шинохтаи тоҷик, ки дар охири солҳои ҳаштоду аввали солҳои навадум дар саргаҳи ҳаракати озодихоҳиву истиқлолхоҳӣ буд, дар даврони даргириҳои дохилӣ ва баъд аз чанд муддати зиндон Тоҷикистонро тарк карда, аввал дар Маскав ва баъдан дар Амрико зиндагӣ ихтиёр намуда буд.
Мӯҳр
sator
чаро ин шоир нур надора ки метона чавобм дуруст нависа?

корвон
Бозор шоири бозорист

в
Мерган,

Шоири миллат дар гузашта буд. Холо шоири ДАРБОР аст.

Барости хамаи шоирон лагандбардори хукматанд. касе ки шумоёнро номи шоири додааст хатои бисёр калон кардааст

в,
Бародар кам гуфти акалан дах сомону бисту шаш дирам мегуфти албатта менавишт.

Ростии гап то имруз Бозор Собиро шоири бузурги аср медонистам лекин то ин андоза шернависиро нав дидам новобаста дар кадом мавзу навишта бошад лекин шеър ягон маъно надорад. Бо чунин шеърхо обруи шоириро аз даст медихед ё алакай додед. чоп кунед илтимос

хусайн
Ин магар назм аст?не! Фарсаххо аз назми ниегон дур! Боз ин Бозор ба газалхои гузаштагон эрод гирифтааст. Бо чанд ба ном "шеъри озод"-и безавку саликааш. О, Бозор шеър назму вазн дорад, дар ту ину он не. "Шеърхоят"мисли рэп аст ,дигар ба дарди мардум намехурад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)