Бахшҳо

Нигаронии Кабирӣ аз сангаргириҳо дар мавриди шиаву суннӣ

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва вакили парлумони Тоҷикистон, аз баҳси густурдаи мусалмонҳо дар бораи шиаву суннӣ изҳори нигаронӣ кардааст.

Оқои Кабирӣ, ки дар як суҳбати ихтисосии худ бо “Наҷот”, нашрияи расмии ҲНИТ, дар ин бора ибрози назар кардааст, мегӯяд, “талоши беҳудаи ҳамаро яксара шиа ё суннӣ кардан миллиардҳо маблағ ва миллионҳо нерӯи инсониро ба худ машғул кардааст.” Ба гуфтаи Муҳиддин Кабирӣ, ин раванд вақтҳои охир ба бузургтарин мушкилоти нерӯҳои исломӣ табдил ёфтааст. Раиси ҲНИТ илова кардааст, имрӯз ҷаҳони Ислом дар марҳилае қарор дорад, ки Ғарб онро чандин аср пеш тай карда буд: “Мо тақрибан дар ҳамон марҳилае мебошем, ки Аврупо чандин аср пеш буд ва католикҳову протестантҳо якдигарро аз лиҳози мазҳабӣ таҳаммул надоштанд.”

Инчунин, раиси ҲНИТ яке аз мушкилиҳои асосии дигари ақибмондагии олами Исломро дурӣ аз илму дониш арзёбӣ кардааст. Ӯ мегӯяд, “мушкили асосии олами Исломро имрӯз дар камбуди маърифат ва илм мебинам, болои ин ду масъала сармоягузорӣ накардем. Дар сурате ки Ғарб ҳарчи дорад аз маърифату илм аст. Мо ҳам ҳарчи дар гузашта доштем, аз эътибор додан ба ҳамин ду масъала бастагӣ дошт. Имрӯз мо, мусалмонҳо танҳо фахре дорем аз ин ду мафҳум, на аз асли онҳо. Ҳамаи мушкилоти мо: иқтисодиву сиёсӣ, ҳатто диниамон ҳам аз ҳамин ду масъала маншаъ мегиранд.”

Ибрози назари раиси ҲНИТ дар бораи мазоҳиби исломӣ дар ҳолест, ки вақтҳои охир баҳси суннию шиа ба мушкили умда табдил ёфтааст ва ахиран ҳам Муҳаммад Ҷавоб Зариф, вазири умури хориҷии Эрон низ аз бархурди фирқаии пайравони дини мубини Ислом нигаронӣ карда, ин равандро таҳдид ба амнияти минтақа хонд: “танишҳои фирқаӣ байни мусалмонони шиа ва суннӣ ҷиддитарин таҳдид барои амнияти ҷаҳон аст.”
Мӯҳр
чаноби Кабири чашо нигаронетонро дар зиед шавии шиа намекунед чаро бисери и азоени шумо шиаянд бо эшони Акбар хамаро дилатон шиа кардан аст?

naboyad ba in fitna ki az tarafi gharb wa sahyonistho rohandozi meshawad doda shawem ,,, boyad hushyoru ogoh boshem ki kurboni in behudagiho nashawem ikhtilof dorem bale lekin boyad ihtiormi ham doshta boshem wa dar masoile ki ittifok dorem hamkori namoem... wa dar masoile ki ikhtilof dorem hamdigaro maazur dorem...

дусти кабири
Abu Maryam,инкадар боэхсосот кабириро рофизи мегуи ки хамрохаш
дар як чойгох хобрафта боши бехае шарманда

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)