Бахшҳо

Бозор Собир: Худогӯию худоҷӯии шоирони ҷавонро хуш надорам

Бозор Собир, шоири маъруфи тоҷик, ки таҷлили 75-солагияш имрӯз, 22-юми ноябр, дар бинои Театри опера ва балет дар назар аст, атрофи шеъру шоирӣ изҳори назар кардааст.

Ин шоири маъруф дар мусоҳиба бо ҳафтаномаи “Миллат” дар посух ба суол, ки кадом тамоюли эҷодӣ дар шеъри имрӯзи тоҷик ба Шумо хуш намеояд, гуфтааст, “дингароӣ хуш намеояд, «Садои Шарқ» (маҷаллаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон) гӯё журнали кадом як масҷид аст. Алалхусус худогӯиву худоҷӯии шоирони ҷавон хуш намеояд. Дар китобхонаи миллӣ ғарам-ғарам музахрафи динии сафоратхонаи Эрон хуш намеояд. Ғазалсароӣ хуш намеояд. Ғазали классикии мо аз барги як фасли хазон бештар аст ва ба дарде намехӯрад. Ман одатан шеъреро, ки дар шакли кӯҳна гуфта мешавад, намехонам.”

Дар мавриди муносибати шеъру сиёсат ва суол, ки дар кадом маврид шеър ба сиёсат хизмат мекунад, Бозор Собир гуфтааст: “Дар ҳар маврид. Шеър ҷузъи сиёсат аст. Шеърҳои сиёсӣ моли бузургтарини адабиётанд. «Шоҳнома» моли сиёсати Сомониён буд. Шеъру достонҳои Маяковский бузургтарин мероси сиёсати инқилоби октябр мебошанд. Адабиёт аз сиёсат берун буда наметавонад. Нависанда, агар одами пешқадами замон бошад, чи хел вай ба сиёсат наметавонад сарукор дошта бошад? Агар сарукор надошта бошад, одами замонавӣ нест. Ва зимнан, адибу зиёие, ки «ман ба сиёсат кор надорам» мегӯяд, аблаҳи ҷоҳил асту бас. Сиёсат қутбнамои вақту замон ё замону макон аст.”

Бозор Собир рӯзи 20 ноябр ба синни 75 расид. Вай аз ин ҳисоб 19 соли умрашро дар Русияву Амрико гузаронда, моҳи майи соли ҷорӣ бо даъвати раисиҷумҳури Тоҷикистон барои иқомати доимӣ ба Ватан баргашт. Ҳоло дар манзиле, ки аз сӯи мақомот барои ӯ дар маҳаллаи Қарияи Болои Душанбе дода шудааст, ба сар мебарад. Бозор Собир соли 1938 дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод ба дунё омада, маълумоти миёнаро дар Ҳисор гирифтааст. Баъд аз хатми факултаи суханшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар соли 1962 барои кор ба нашрияи “Маориф ва маданият” рафта, баъдан корро дар маҷаллаи “Садои Шарқ” ва нашрияи “Адолат” идома медиҳад.

Вай аз соли 1979 то 1989 мушовири бахши шеъри Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон буд. «Оташбарг», «Гули хор», «Мижгони шаб», «Офтобниҳол», «Бо чамидан, бо чашидан…», «Чашми сафедор», «Аз Ватан вақте ки мерафтам» ва «Аз «Гули хор» то «Симхор» маҷмӯаҳои шеъри ӯянд. Бозор Собир соли 1988 барои «Бо чамидан, бо чашидан…» ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакиро гирифтааст.

Бозор Собир нафаре дониста мешуд. ки дар вақти пойбарҷоии Шӯравӣ бар хилофи аксар шоирони тоҷик аз доҳиву раҳбаронаш пуштибонӣ накарда ва дар васфашон низ шеъре нагуфтааст. Вале баъд аз ҳиҷраташ ба Амрико вай дар тамоми маҷмӯаҳои шеъри худ ёде аз Ленину Сталин ва хубиҳои Шӯравӣ карда, низоми давлатдории Амрико ва муттаҳидонашро ба боди танқид кашидааст.
Мӯҳр
Даъватномаи маъракаи ин шомашро доштам, аммо садқаи ҳузури мани камина кунадаш, ҳоло ку аз дигарон, ки болотаранд, аммо сад афсус, ки чору ночор мераванд баъезашон...

На ислому на атеисту на материалист айбе дорад дар чомеаи мо балки Бозор имруз аз худ тимсохи афсонавии секалларо мемонад ки бо тафакури давра ба давраи худ ба миллати худ тафрика андхта бо хувоси оташи сузони марг кушиш мекунад то ин ки ин миллат якумр дар шикаст бошаду натоавонад дар арсаи чахони мавкеи худро даребад.

бозор собир ту сифри дар назди милати точик.
дар назди ман кадр надори.
Мискин харак агар чи бетамизаст.
Чун бор барад ба мардумон азизаст. бозор собир зарари милатаст...!!!

Точик
Беозор,

Акун лутф карда гуед, ки кадом гапхои у баъди ин насл амали мешавад? Нафраташ ба худогуиву худочуии чавонон? Магар Худоро чустан ва парастидан гунох аст? Дигар чи гуфтааст ин шоир? Ман аксарияти ашъорашро хондаам. Каблан миллат мегуфт, ашъори баъдиаш аз шикваву шикоят аз зиндаги, аз Амрико, аз мардуми мусалмон, аз Худову пайгомбар, хуллас аз хама, иборат аст. Шикоятхои у баъд аз мо амали мешавад? Харза мегуи, бародар.
Ман мазхабзада нестам. Ду илми оли дорам ва дар донишгохи бонуфузи Аврупо PhD гирифтаам. Холо хам дар Аврупо ба сар мебарам. Вале ман хамкадами замон хастам ва хар мушкиле пеш ояд, барои рафъи он кушиш мекунам, ва шикваву шикоят намекунам. Ва як чизро дакик медонам, ки нафрат ба мазхабу ба Худо зиндагиро бехтар намекунад, балки бадтар мекунад. Дар кишваре, ки ман зиндаги мекунам, аксари мардуми муваффак худотарсанд ва ба калисову масчид мераванд. Бехтарин зиндаги ин зиндаги бо ёди Худост, бовар кун, бародари азиз. Хеле сангин аст бе Худо зистан. Ман бовар дорам, Бозор Собир бо ин андешаи хато руху чони ором надорад. Барояш дилам месузад.

Ба назарам Бозор собир ба ҳеч ваҷҳ ба ҳарфҳои ин нафар набояд гӯш фаро дод. Ӯ на адабиётро мефаҳмад ва на имрӯз шеъри хубе гуфта метавонад .Ва дар ҳар мавриде, ки ин ҷо изҳори назар карда аст .метавон посухи рад дод.Шеъри Саъдию Ҳофиз ва Мавлоною Бедил в ҳазорони дигар ба ҳеч ваҷҳ шеъри сиёсӣ нест. Носири Хисрав мисли Бозори бозорӣ дурри дариро ба пойи хукон нарехта буд; эроде ки ҳам ба ғазал мегирад,нодуруст ва бесаводона аст.Панҷоҳ сол аст,ки ин гуна ҳарзаҳоро мегӯяд,танҳо аз рашк ва ҳасодат,ки як ӯазали зебое дар сабку сатҳи бузургон нагуфта аст.Ҳарчи Бозор суруда аст,ба як ғазали Ситмини Беҳбаҳонӣ,Раҳии Муъайирӣ ва ё устод Ҳушанги Ибтиҳоҷ Соя қобили қиёс нест.Дигар таҳқираш тавҳинаш ба дину ойини мо низ мантиқӣ ва дуруст нест.Ислом буъди муҳими фарҳанги миллии мост ва мо ҳаргиз ҳақ надорем,ки онро тавҳин кунем! Хеле касоне ҳастанд,ки ба сиёсат кор надоран,вале ба ҳеч ваҷҳ Бозор ҳақ надорад,онҳоро "аблаҳу ҷоҳил" номад...Ҳоло садҳо тан аз аҳли адабу ҳунару ъилм ҳақ доранд,бигуянд,ки "ҷоҳил туйӣ Бозор! Бозор Собирро " Алалхусус худогӯиву худоҷӯии шоирони ҷавон хуш намеояд." Ҳоло мо дар рӯзгоре қарор дорем,ки иттако ба Худои якто мекунем,вале ҳастанд афроди чоплусе мисли Бозор,ки аввал тавҳин кардаву баъд хештанро ба оғӯши Эмомалӣ Раҳмон биспурдаанд.Чӣ бикунем,ки ин воқеъият аст! Албатта барои Бозор суд ҳам кард.Мегӯянд соҳиби хона ва таъминоти хонавода аз сӯйи давлат аст!...Ҳар касе роҳашро дар зиндагӣ худаш интихоб мекунад ва ҷавобу савобу зиёну судаш марбут ба имрӯзу охирати ӯст.Албатта ин писари Истолину Бен Лоден ҳаргиз ба фардои қиёмат эътиқод надорад,вале чун ӯ андешаҳояшро ошкоро ифшо мекунад,бояд гӯше ҳам барои шунидан дошта бошад.Бо эҳтиром Афшини Уструшанӣ.

Noma
Хардамхаел...Баъзе аз "шоир"-они имрузаро садкаи як мисраи шоирони классики кунад...имруз агар ашъори классикони форсу точик ба мушкилтарин даврахои таърих нигох накарда боки монда бошад, бешак ин хама аз он аст, ки ашъори эшон саршор аз худочуи буд...панду ахлок ва хикмат буд...хама хусни илохи буд...

Мунаккид
Бозор Собир шоирест, ки ашъораш барои миллату кавми мо зарар овардааст. Дар даврони Шурави, вакте дигар кишвархои хушёри совети барои саноат ва урбанизатсияи (шахришави) худ саъй мекарданд. Бозор Собир дар ин давра бо ашъори "кишлокпарастиаш" дар зехни точикхо шахрбезори ва кишлокдустдориро ташвик мекард. Хол он ки мо ба урбанизатсия ва шахришави ниёз доштем. Ин шоираки хардамхаёл сабки дехапарастии Маяковскии русро дуздида сохиби "сабк" шуд. Маяковский барои он дехаро ташвик мекард, ки миллати рус 90% дарсад шахрнишин шуда буд ва дехахои Русия холиву хароб мешуд. Ва у шоири миллат буд ва мехост, ки як бахши русхо ба деха ру орад ва фарханги аслии руси аз байн наравад. Бозор Собир ба чои ба шахрхо даъват кардани миллати точик онхоро бештар кишлокпараст кард.
Дар солхои 90-ум хамин шоираки кутохандеш эълон кард, ки дар он тарафи агбаи Анзоб точик нест ва хамааш мугул аст. Ба чои он, ки у дар ин давраи хассос ба иттиходи миллату кавм даъват кунад, моро ба ориёиву мугул чудо кард ва яке аз сабабгорони чангу душмании мардуми шимолу чанубу шарк шуд.
Баъдан ба Амрико гурехт. ГУмон кард, ки дар Вашингтон бо гулдаста пешвозаш мегиранд ва дар толорхои Ню Йорк барои амрикоихо шеърхони мекунад. Аммо дар Амрико ба шоирони харзагуйи бекорхуча ягон кас ниёз надорад. Дар Амрико мардум вокеиятпарастанд ва коре, ки фоидаи моли намеорад, ба он ахамият намедиханд. Бозор Собир дид, ки аз як мексикоии мардикор дар Амрико фарк надорад ва ба касе лозим нест. Аз ин чо аламу дардхои у шуруъ шуд ва ба навиштани ашъори бемаъни огоз кард. Шумо рубоиёти худоситези, исломситези, мусалмонситезии уро нахондаед, вагарна муйи саратон сих мешавад. Ин ашъори у боз хам зехни мардуми точикро хароб мекунад.

Шоири чавон
"...Maн oдaтaн шeъpepo, ки дap шaкли к??нa гyфтa мeшaвaд, нaмexoнaм."
Maxcyc бapoи тy иншo кapдaм, дap шaкли мyдepнy зaмoнaви. Умeдвopaм aз xoндaнaш кaйф кyни.

Бoзopи Coбиp,
Xacecт дap aдиp.
Xaйфи мoдape,
K-ypo дoдa шиp.
Бexyдo, бeдин,
Бaдтapин aз чин.
Бa Иcлoми нoб,
Ty мaкyн тaвxин!

asad
хусайн
Бозор мисли бозаргон аст; агар харидоре фармоише дод ? Охир замони бозор аст ва Бозор бидуни суд дар ин бозор?

хамааш аломати пири аст. Бозор Собир ки хавосашро идора карда наметавонад, хама харфи мегуфтааш, кобили кабули насли чавон нест. Масали " Дахони пушида хазор танга"-ро ба инобат намегирад. Хайр касе номи уро аз таърих хат задани бошед, пурсишаш кардан гиред, ин ба фоидаи душманонаш аст. АЙБ АСТ ОХИР АЗ МАРДИ ПИР ГАП ГИРИФТАН.

хусайн
Ин Бозор бо чанд шеъри "озод"-аш ба ашъори ниегон хати бутлон кашиданист. Бозорхои "озод" на назмро медонанду на вазнро. Кори инхо бозаргонист;гох ин тараф гох он тараф. Дар Амрико ин "шеърхои озод"-у рэпу ливота роич аст. Асари мухити"сиеси". Аз суханхояш пай бурда мешавад, ки зану фарзандош уро рахо карда. " Не важно"

Бо ин ду-се нодон, ки чунон медонанд,
Аз ҷаҳл, ки донои ҷаҳон эшонанд.
Ҳар бош, ки онон зи харӣ чандонанд,
Ҳар, к-ӯ на хар аст, кофираш мехонанд.

2) Дуруст, устод, магар мешавад баъди Ҳофизу Саъди дар шаклҳои онҳо шоирчаҳои имрӯзаро хонд?

3) Иқболи бузург низ аз Ҳофизу классикҳои дигар, барои замони муосир хуш набуд, хуш набуд , ки онҳо "нотавониро қаноат хондаанд" ва мисли ин ба бетафовутӣ ба корҳои дунявӣ даъват мекарданд (ба истиснои Мавлавӣ)

4) Шояд устод аз дигарон дида худошиностар бошад, ки ҳамеша сидқан сухан мегуяд, бар хилофи он масҷидҳои пуре, ки баъди намози ҷумъа рост ба дукон рафта бо дурӯғ "хитоиро" "туркӣ" гуфта дучанд мефурушанд, пеш аз идҳо нархҳоро 3 баробар зиёд мекунанд..., ва ё ба идораашон рафта пора мегиранду садҳо ҳазори буҷаро, ки бояд ба нафақаву маъориф равад пинҳон медоранд:ҳамагӣ тамаъҷӯй,дурӯя, дурӯғгӯ,худхоҳ, пурнафрату инсонбадбин ...Итминон дорам, ки устод инҳоро дингароёни намоишгар гуфта танқид мекунад

5)Маяковскию Ҳофизу Бедилро ҳама медонанд, лекин ку , чанде аз мо мисли Бозор "пайравӣ" карда тавонистааст?

Дуруд ва салом ба он касону ки дар баробари ин кофири лаъин ки то хол забони худро аз ин суханхои куфриаш боз надошта боз хам лак лак дорад охир ту кам аз кам даматро гир чаро касе инро намегуяд то дар бораи Ислом интавр гап назан ва Хукмаш хам Кофири мутлак аст бе чаноза мисли кофирхо муомила карда шавад ва Дигар мехохам ки ба он нафареки Номашро Рахим муарифи карда ва бо ин кофир хамфикри карда аст чаро ту номатро Рахим мондаи Рахим номи Аллох ё Худованд аст ту номатро ЧАРО ВАЛОДИЯ Ё лЕНИН НАМОНДИ ТО АЗ БОБИТ ХУБ ПАЙРАВИ КУНИ ВА ДАР ДУЗАХ ЯКЧО ШАВИ

дилшод
Ман чонибдори акидаи аксарияти шорехонам. Зинда бошед, дустон!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)