Бахшҳо

Муроҷиати видеоии Додоҷони Атовулло ба муҳоҷирони тоҷик

Додоҷони Атовулло, рӯзноманигори тоҷик ва раҳбари Ҷунбиши сиёсии “Ватандор”, бо пахши як изҳороти видеоӣ аз шаҳрвандони Тоҷикистон даъват кардааст, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ даст кашида, дар фикри бунёди давлати ободу озод бошанд.

Ин рӯзноманигори тоҷик ва мухолифи ҳукумати феълии кишвар дар ин навор ҳукумати вақти Тоҷикистонро зери бори танқид қарор дода, мегӯяд, сабабгори асосии муҳоҷир шудани беш аз якуним миллион тоҷик ва поин рафтани обрӯ ва қиммати миллати тоҷик ҳукуматдорони феълии кишвар мебошанд. Оқои Атовулло аз раванду баргузории интихоботи президентии 6 ноябри соли ҷорӣ, ки бо пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон анҷом ёфт, низ ёдовар шуда, иброз медорад, ки ҳукумати Тоҷикистон бахубӣ огаҳӣ дошт, ки мардум ба онҳо овоз намедиҳанд.

“Аз ин рӯ, муҳоҷиронро аз ҳаққи ҷамъоварӣ имзо барои пешбарии номзад маҳрум карданд ва дар моҳи ноябр баргузор шудани интихобот низ ҳикмате дорад. Чун дар ин моҳ аксари муҳоҷирон дар ҷойҳои кории худ мебошанд”,-афзудааст ӯ. Раҳбари “Ватандор” нақши муҳоҷиронро дар рушду пешрафти зиндагии мардуми тоҷик дар дохили ватан калидӣ хонда, мегӯяд, “Шумо ба падару модар ва фарзандонатон обу нон ва либос мехаред ва ин Шумоед, ки хонаи эшонро гарму аз торикӣ наҷот мебахшед.”

Рӯзноманигори тоҷик таъкид дорад, ки Озодӣ бароҳатӣ ба даст намеояд, барои он бояд ҳамеша инсон дар талош бошад. Ба андешаи ӯ, ҳукумати Тоҷикистон аз ҳузури пурраи нерӯи ҷавонони тоҷик дар дохили кишвар дар ҳарос мебошад. Додоҷони Атовулло аз мавсимӣ баланду поин шудани нархи чипта дар Тоҷикистон ёдовар шуда, мегӯяд, дар ин масъала низ шахсиятҳои наздик ба нафари аввали кишвар гунаҳкоранд, ба қавли ӯ, эшон аз он манфиатдор мебошанд: “Нархи як чиптаи хатсайри Вашингтон-Берлин, ки тақрибан 9-10 соат парвоз дорад, аз нархи чиптаи хатсайри Маскав-Душанбе чанд баробар арзон мебошад.”

Додоҷони Атовулло дар идома Тоҷикистонро бо кишварҳои африқоӣ муқоиса карда, мегӯяд, дар бадтарини ин кишварҳо мардум мисли миллати тоҷик зиндагӣ надорад: “Мо бояд аз муҳоҷир шудани худ фахр накарда, ин зиндагие, ки дорем, бояд зиндагӣ наҳисобем. Як бурда нон ёфтан ё доштан ин маънои зиндагӣ карданро надорад.”

Раҳбари Ҷунбиши сиёсии “Ватандор” аз идома ёфтани ин вазъ дар Тоҷикистон ва ба муҳоҷират рафтани сокинони он ибрози нигаронӣ карда, гуфтааст, муҳоҷират оқибат боиси бадбахтии мардуми тоҷик, пошхӯрии оилаҳову афзоиши ятимон ва гирифтор шудан ба бемориҳои вазнин хоҳад овард. Ӯ илова менамояд, ҳукуматдорон ҳангоми бардоштани масъалаи муҳоҷират баҳона пеш меоранд, ки ин чиз дар тамоми кишварҳо дида мешавад ва ҷои нигаронӣ надорад: “Вале дар кадом кишвари дунё Шумо дидаед, ки ними сокинонаш муҳоҷир шуда бошад?”

Додоҷони Атовулло, муассис ва сардабири “Чароғи рӯз”, яке аз мухолифони сарсахти ҳукумати феълии Тоҷикистон аст, ки дар ҷараёни ҷанги дохилӣ кишварро тарк карда, дар ғурбат ба сар мебарад. Вай аз тарафи мақомоти Тоҷикистон таҳти пайгард қарор дорад ва ниҳодҳои интизомӣ ӯро барои таҳқири шахси аввали ҷумҳурӣ муттаҳам медонанд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Мухочир
Чи гуна? Дар ватан кор надорем. Агар бошад хам кайхо хешутаборбозист. Аввалу Охир Худованд Ризкдихандааст!

muhojiron mehnati halol mekunan rangi tu vatan furuwi namekunandu zindagi pewbarand .hudovand hamai muhojironi mehnatiro barakat bta o min

az dur gavgo naandoz .uka banangi biyo dar vatant yak zdani bunyod k rangi werbajahoi tojik 20 30 nafara bo maow tamin k gapzadan osonay

Донишцу
як бародар гапи Хак занад дарав аз фабрикаи чавоб омодааст! Аз Худо шарм доре

Ватандуст
Ман бо хамин "ватандор"и беватан хайронам. Ба чои он, ки ба халкаш ягон хизмат кунад кораш факат дасисабозию сафсатагуи. Холо солхои 92 ё 95 набошад, ки мардума фиреб карда шавад. Мухочирати мехнати дар тамоми мамлакатхои дунё хаст на танхо дар мо. Шарм дштан даркор, дасисабозиро дигар хеч кас кабул надорад.

Шахрванд
Дар хакикат гуфтахои бамаврид. Дар Точикистон мансабдорону хукуматдорон зиндагии дабдабанок доранду ,аксарияти мардум кашшокона
зиндаги ба сар мебаранд.Боз нафарони лагандбардору чоплус аз ин режими худкома тарафдори мекунанд. Шарм ба Шумо беномусони нафарони "фабрикаи чавоб.

eeeeheeee in paido shudkuuuu..maimuni digari(kuvatuf)-kaniiii?

Мулло
Эшони Атовуллоҳ !!! метоники темата "МУҲҶИРОН"-ро алиш кунӣ зеро дар тамоми мамлакати дунё ин чиз яъне муҳоҷири ҳаст. Ту як мегуи як гапа мардум гушт мекнан, дар асл ҳама ай паи зиндаги ва кору бори худанд. Аз ин рӯ аз дур шишта мардума васваса накун.Ту ҳақи ноҳақи инро Худо худаш медонад. Аз ин рӯ пот қариб дар лави гур аст. Фақат як савол БОРЕ ҲАМ ФИКР КАРДИ, КИ ЯК РӮЗ НЕ ЯК РӮЗ ТУ МЕМУРИ, ВАЛЕ ДАР КУҶО!!! ту худат худатро ба ин рӯзҳо расонидӣ, ва имрӯз аз забони мардум гап мезанӣ.

Иқбол
Ту ботнат ту бе ҳад ғаҷд аст, чунки ту халқро ба ҷанг мехезонӣ ха, ха, ха, ха, ха, ха
Кудрат надорад агане чи корхоеро намекна. Одамаи Опастниш ина хамияй якташ. И ай кадом тарафи Точикистон боша.

Аку фикр мекни, ки и суханхои т ба хама мефора шахсан аз овозтам безорм ай хдтам борои он, ки ту чонандози, ба гуфти хдт т мардума ай хов бедор мекни дар аст чунин нест. Т мррдума ба чанг даъвот мекни ки бо бародар гиребони бародара гира. Ай хама кори гандатарина вазифаи хдт кардай. Ихели одама конкретно одами паст меган дига чит бгум.

ихел суратата мебини вроде мардаки бад наметобен неки суханота гуш мекнем шукр мекунем ки ман ба чои шумо нестам

аку дига хофизии бсёр накун, дига ба фикрм фоида надорад. Ягон коре биёв ки нафъаш ба халки точик расад, ин бехтар мешава.

як риск накади ба Ватан меомади ку чи гап мешид ха, ха, ха, ха, ха, ха, ха, ха,

Ягонхел чангандози-не. хамааш хакикат лекин ба шумо намефорад лаганбардорхо! чунки шумо аз нони муфт мемонед! хамаат ба худат якбор савол дех оё хамин мухочирон набошанд аз кадом хисоб шумо зиндаги мекунед? Точикистон ягон завод надорад, ягон фабрика надорад, ягончи ихтиро намекунад ва хатто гургит хам, пас шумо аз кадом хисоб зиндаги карда истодаед???факташ кати ягон мард хаст чавоб нависед! аз когарои айропорт то милицияю то КГБ-ю дигару дигарат аз хисоби мо мухичирон зиндаги карда истодаед! ман ба Додочон кор надорам у ки хаст,агенти ки хаст фарк надорад. факт щто суханаш ин худ факт аст!

Ёвар
Мулло, Беватан нест гарибе, ки кунад ёди Ватан
Дар Ватанбудаи бе ёди Ватан беватан аст. Ватандори хакики Додочони Атовулло аст, ки акикатро мегуд, бе Ватан ту хасти, ки хич дар гами Ватан нестию хушомадгуи хукумати

ССТ аз Душанбе
Ватандусти игвоангез ин бас набуд, ки бо хамин игвохоятон мулкро нотинч кардед ва то ба имруз мардум азоби хамон игво ва найрангхои шуморо мекашанд, ба хамон мулк ба гуфти шумо "гастарбайтер" шудаанд. Эй ватандори беватан Додочони Атавулло бас игво бас

Салмон
Бале мухочират дар тамоми дунё хаст. Лекин монанди ТОЧИКИСТОН нест! Наход аз 7ё8 миллион шахрвандони ТОЧИКИСТОН кариб таги 2 миллион мухочир шуданаш мумкин аст? Ва агар сохиби аклу тафаккур хастед ХИТОЙРО мукоиса кунед бо ТОЧИКИСТОН, ки аз беш аз 1 миллиард хитойихо чанд миллионашон мухочир хастанд ё шуданашон мумкин?! Оzоdаgоn iltimоs.

Бале мухочират дар тамоми дунё хаст. Лекин монанди ТОЧИКИСТОН нест! Наход аз 7ё8 миллион шахрвандони ТОЧИКИСТОН кариб таги 2 миллон мухочир шуданаш мумкин аст? Ва агар сохиби аклу тафаккур хастед ХИТОЙРО мукоиса кунед бо ТОЧИКИСТОН, ки аз беш аз 1 миллиард хитойихо чанд миллионашон мухочир хастанд ё шуданашон мумкин?! Оzоdаgоn iltimоs.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)