Бахшҳо

Пешниҳоди Файзиннисо Воҳидова ба Эмомалӣ Раҳмон

Файзиннисо Воҳидова, ҳуқуқшиноси варзидаи тоҷик, бо пешниҳоди номи чанд тан аз кадрҳо, мегӯяд, агар Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳури Тоҷикистон ҷонибдори рушду пешрафт бошад, бояд бархе аз мансабҳои давлатиро дар ихтиёри онҳо гузорад.

Ин ҳуқушиноси тоҷик мегӯяд, дар ҳоле маҳаки асосии савганди раисиҷумҳури Тоҷикистон таъмини ҳуқуқу озодӣ ва ҳимояти шарафи сокинони кишвар буд, бояд ба ҳайси раиси Додгоҳи олӣ Маҳмадалӣ Ватанов, собиқ муовини аввали раиси Додгоҳи олӣ ва ҳоло вакили парлумон таъйин карда шавад. Ба гуфтаи Воҳидова, Ватанов таҷрибаи хуби корӣ дар мақомоти додгоҳӣ дошта, ҳамчун вакил ба парлумон фиристодани ӯ хатои ҳукумат мебошад: “Ватанов дар вазифаҳои масъулиятноки давлатӣ маҳз дар давраи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон кор карда, ҳатто дар ҳамон вазъи ҳассоси сиёсии кишвар адолати додгоҳӣ таъмин мешуд.”

Файзиннисо Воҳидова мегӯяд, ба мақоми раиси Додгоҳи конситутсионии Тоҷикистон таъйин шудани Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон бисёр муфид аст. Чун, ба қавли ӯ, баробари ба ин мансаб омадани Зоиров ду мушкили ҳассоси кишвар ҳалли худро хоҳад ёфт: “Якум, Зоиров мутахассиси ҳуқуқи конститутсионӣ ва кадри касбӣ аст. Ҳамзамон ӯ сиёсатмадор ва раҳбари яке аз аҳзоби мухолифини кишвар буда, мансаб гирифтанаш обрӯю нуфузи ҳукуматро боло хоҳад бардошт ва ҳукумат ба боварии мардум соҳиб мешуд.”

Ин ҳуқуқшиноси тоҷик илова менамояд, курсии раҳбарии Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон бояд дар ихтиёри Лола Хоҷаева, додраси Додгоҳи олӣ гузошта шавад. "Чун ӯ як мутахассиси варзида дар риштаи ҳуқуқи гражданӣ мебошад ва ҳамзамон ба фаъолиятҳои эҷодӣ низ машғул аст",-гуфт ӯ. Вай афзуд, “таҳияи кодекси гражданӣ, қарорҳои пленуми Додгоҳи олӣ ва як қатор қонуну санадҳои меъёри ҳуқуқӣ, ки муносибатҳои ҳуқуқи гражданиро ба танзим медароранд, маҳз маҳсули кории Хоҷаева мебошад.” Воҳидова бар ин аст, ки ҳукумат бо таъйин намудани Хоҷаева ба мақоми раиси Додгоҳи олии иқтисодии кишвар, бо як тир ду нишон мезанад.

Воҳидова дар идома меафзояд, ҳукумати Тоҷикистон агар ба ҳайси иҷрокунандаи вазири умури хориҷии кишвар Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломиро интихоб кунад, ба нафъи миллат ва худи он мебошад. Ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, раҳбари ҲНИТ ҳам сиётсамадору ҳам дорои дипломатияи хуб мебошад ва дар давоми солҳои охир низ тавонистааст, дар маъракаҳои сиёсию исломӣ Тоҷикистонро муаррифӣ ва аз сулҳи тоҷикон намуна созад: “Ҷаҳони Ислом ӯро мешиносанд ва эътироф мекунанд. Солҳои охир сиёсати берунаи ҳукумати Тоҷикистон чунин ба роҳ монда шуда буд, ки бештар бо давлатҳои исломӣ ва мамолики араб ҳамгироӣ доштанд. Илова бар ин, Муҳиддин Кабирӣ бо аъзои ҳизбаш дар як давлати демократӣ тавонист, ҷомеаи исломии дунявиро созад.”

Хонум Воҳидова аз табдил ёфтани парлумони Тоҷикистон ба як хонаи “ҷаримавӣ” иброзӣ нигаронӣ дорад. Чун ба қавли Воҳидова, парлумони Тоҷикистон дар таҳия ва қабули қонунҳо мустақил ва нақши асосӣ надорад. "Аз ин рӯ, вақтҳои охир ҳар мутахассисе, ки барои ҳукумат “нолозим” мешавад, ба ин макон "фиристода" хоҳад шуд. Чанд нафар мутахассисони касбии соҳаи худ бемантиқ ба парлумон "фиристода" шуда, ҳоло онҳо моликияти зеҳнии хешро ба амал бароварда наметавонанд”,-афзудааст ӯ.

Ҳуқушиноси тоҷик дар ин бора мисол оварда аз Азизмат Имомов, Меърочиддин Хакимов, Маҳмадалӣ Ватанов ва Убайдулло Давлатов, собиқ кормандони додситонӣ ва додгоҳи кишвар ном мебарад, ки ҳоло ин ниҳоди Тоҷикистон ба ингуна кадрҳо ниёз дорад.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
К.Р.Б.
Файзиниссо Вохидова!!! Ба саъми шумо мерасонам ки аз як панди бузург фаромуш шудаед..АВВАЛ АНДЕША ВА БАЪД ГУФТОР-гуфтаанд...Шумо худатонро гохе-аналитик,гохе адвокат ва гохе мушовири давлатии президент оид ба сиёсати кадри мебинед ва албатта хамаи он дар хоб аст.Наход надонед ки ин пешниходхои шумо харгиз ба Чаноби Оли намерасад...агар расад хам бефоида...аз ин пешниходхои шумо баръакс зарараш ба хамон шахсиятхои номгиркардаи шумо мерасаду халос...ё шояд ин закази касе барои халалдоршавии Ватанов бошад он нафарони дигаре ки номгир кардаед начандон чехраи лозими давлату миллат хастанд...Ватанов чавонанд ва дар хакикат кадри хуби сохаи хукуканд ва манфиати у хамавакт дар кадом сохае набошад ба мардум мерасад....

навруз
Муаллима, дар бораи дигарон рост гуфтеду хамин Кабироро монед як тараф. О вай кидальщику лжепатриот ку! Боз шуморо истифода карда дар паси шумо пинхон шудааст, одати ин одам хамин хел! Чахони ислом намешиносад, чахони ислом ба у пул медихад, Амрикову Урупо пул медиханд, вагарна ин кадар гаштану каттагири аз кадом хисбо! ИН хел вазир ба мо лозим нест!

хохо
Агар Худо хохад хамаатона норозигиатон хеч чиз.

точик аз Точикистон
Апаи Файзиннисо бисёр пешниходи оличаноб кардед.Агар хукумат аз саводу донишу малакаи ин шахсиятхо истифода барад ояндаи Точикистон шукуфон хохад шуд, хатто рафтору кирдори онхо боиси тахсин аст ва онхо намунаи ибрати дигар хукуматдорон хоханд шуд.

Усмон (донишчу)
Агар хукумати имруза ба кадри ингуна сиёсатмадорон нарасад,вой ба холаш

Донишчу
"Хоби нагз дидаи Файзинисо, як чахон ташаккур!"

Дустон чаро аз мухолифин метарсед? Аз номзадхои пешниход кардаи хонум Вохидова хамаги ду нафар лидерони хизбхои сиёси. Чи бади дорад агар онхо низ курси гиранд? Мардум бовари хосил мекунад ки хукумати мо бо мухолифин дар муносибати хуб мебошад. муаллифро ба мансабталони мутахам кардед ва хам Кабрию Зоировро магар онхое ки 20 сол боз сари кудрат мебошанд мансабталош нестанд? Барои мансаб онхо ба хама кор кодиранд факат аз тагашон курси наравад. Бад чи ба гайр аз шумо дигарон хакки навиштан надорад? Фикрашро гуфтасту бало мондаст. Камтар инсоф хам куненду аз руи вичдон амал кунед.

tojikiston obod shuda istodaast-in tayoraxuron mexohand vazifaro muft girand?hukumatdoronro gov xayol karded faizinisoi mutika???in kabirivu zoirufat josusand.inhoro zindon kardan darkor.

муаллим
Фикрашро гуфтасту бало мондаст. Камтар инсоф хам куненд

Dev
Кулоб,
Tu megu "bijo monsh" , man meguyam "bijo monsh" digaro meguyand "bijo monsh" , pas okibati Tojikiston dar hakikat Torikiston. O mon,ki ihtisosmandho dar hususu pahluhoi sohaashon akalan guyand! In zanaki hub az sohae suhan gufta istodaast,ki hud hele hub mefahmad. Bijo behtarash manu tu az holati arobahoyamon guem, chun digar ihtisos nadorem , vale mo arobakashho niz mehohem Tojikistoni hurdakakomonro moderni binem! Boz ilova kardaniyam,ki Suhrob Sharifofro niz ba "shtrafbat" rohi kardan nookilona bud !!!

Исо
Офарин апаи Файзиннисо бех,тарин пешних,од!

СОМОН ва ЮСУФ "Оне ки инро навистааст, як аробакаш ё кӯчаруби тоҷик дар Русия аст. Онҳо бекор монданд, нишаста, компютер мекобанд".

ХАРДУЯТОН хато мекунед. Ин текста (ЯЪНЕ ҲУКУМАТА АПАЗИТСИЯРА БУТЕМ БАЪД ШУМО ЧИЗЕХОҲЕН ҲАМОН ШАВАД) факат нафаре навишта метавонист, ки савод дорад, аммо худро аз оммаи халк нишон додан мехост. Мумкин чиновник бошад. Акценташ сохта, хатогихо гайритабии, лекин савод дорад. Бесавод яъне ва баъд-ро бо сакта менависад? Боз тахлил кунед, дигар нишонахои саводнокиаш хам хаст. "Маскировка" нагузашт :-)))

э.р.
Муаллимаи азиз,каме дер кардед;хукумати нав ташкил шуд. Аккалан ягон 10-15соли кор кунанд,баъд пешаки едрас кунед. Як чахон ташаккур!

Аз дина коментхоро хонда дар хайратам. Имруз мурочиати Амнистия Интернейшел чоп шуд, ки махз Файзинисо Вохидова ба кумитаи шиканчаи СММ оиди химояи сокинони Исфара, ки яке аз онхо аз ошёнаи сеюми милисахона партофтааст, мурочиат намудааст. Ин чо як ахмаки бесаводи косалеси чиновникхо навиштааст, ки Вохидоваро дар Куктош ммансаб диханд. Агар Вохидова девона мебуд, барои ин миллат ба ООН мурочиат намекард. Ба ин ахмаки косалеси вазирон гуфтаниам ки ягон вазират барои ин миллати хору зори бесохиб ба ООН мурочиат он тараф истад, ягон бор химоя кардааст? Ин дуздони мансабталош парвои миллат надоранд ва боз хамин зан ин кадар захмат кардаст. Ту лаганбардори вазирон холо корат ба духтуру милиса нафаромадааст бад мебинам ки чи хел адвокат мекоби ва он вакт агар мурча хам газад хамон вазиронат аз ту руй мегардонан ва боз ба адвоат мурочиат хохи кард. Илтимос чоп кунед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)