Бахшҳо

"Оли Сомон", зиёӣ ва ҳашарот. Ё одамони навъи олӣ дар Тоҷикистон киҳоянд?

Марат МАМАДШОЕВ

Дар пайи садамаҳои охири маргбор бо иштироки “ашрофзодаҳо” баъзе пешниҳодҳо дорам, ки бароятон мегӯям.

Ҳолати кунунӣ ба назар сарбаста менамояд. Маълум нест, бо ин “ашрофзодаҳо” чӣ кор бояд кард. Онҳоро зиндонӣ кардан ҳеч мумкин нест, чун аз рӯи инсонгариву демократия нахоҳад буд. Ё ҳамонгунае, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтанд, онҳоро чӣ тавр шинонем, онҳо ҳайкаланд.

Аз тарафи дигар шаҳрвандони одӣ аз “табақаи поёнӣ”-ро ҳам бе ҳеч чиз куштан он қадар аз рӯи ақл нест. Агар чунин шавад, фардо кӣ пахта мечинад, аз Русия кӣ пул мефиристад, пора медиҳад, аз ҷумла ба нозирони роҳ ва кӣ ҳадафи “облава” қарор мегирад? Кӣ соатҳо дар офтоби сӯзон меистад, танҳо барои он ки ҳамагӣ 5 сония байрақча афшонад? Баъдан дар маҳбас ҳам бояд касе шинад. Вагарна, раҳбари маҳбасҳо ба ҳайси кӣ ва ба куҷо кор хоҳад рафт? Бе мо давлат, ҳатто барои як дақиқа пойдор намемонад.

Бар ин тартиб, барои он ки болонишинҳо беҳуда хун нарезанд, зарур аст, ба таври маданӣ ҳуқуқашон ба ҳаракати маргбор маҳдуд гардад. Ин ҷо калимаҳои сеҳрнок, ки дар назди қонун ҳама баробаранд, ба кор намераванд. Ягон чораи нав ва ғайримуқаррарӣ зарур аст. Масалан, чаро дар сатҳи Қонуни асосӣ шаҳрвандонро ба се табақа ҷудо накунем?

Барои мисол, табақаи аввал -- нафарони навъи олӣ ё худ дастнорасҳо. Шартан онҳоро бо калимаҳои зебои “Оли Сомон” номгузорӣ кардан мумкин аст. Ё ориёиҳо. Кӣ ба ин табақа ворид мешавад, ба ҳама фаҳмост. Нафаронеанд, ки онҳоро ягон бор милиса боздошт намекунад, қонун маҳкум намесозад ва ҳамеша аз об хушк мебароянд.

Табақаи дувум, ё миёна. Онҳо аз табақаи болоӣ дуранду ба табақаи паст ҳам аллакай ворид намешаванд. Кӯтоҳ гӯем, на гӯшту на моҳӣ. Ин табақаро метавон зиёӣ номид. Моҳияти ин калимаро намедонам, аммо бисёр кӯтоҳ ва фаҳмо ба гӯш мерасад. Касеро мегӯӣ, ки “ту зиёиӣ” ва тамом, ҳама чӣ фаҳмост. Ба ин табақа нафароне дохил мешаванд, ки мунтазам 24 марти ҳар сол ба мулоқоти раисиҷумҳур даъват мегарданд.

Ниҳоят, табақаи сеюм. Инҳо ҳар гуна пасмондаҳо, ки кӯчаҳоро бо мошинҳои кӯҳна ё худ ба қавле “аробаҳояшон” пур карда, барои шамол барин ҳаракат кардани “Оли Сомон” халал мерасонанд. Ин табақаи хираест, ки ҳадди ақал як бор ҳар рӯз ғизо мехоҳад ва пайваста ношукрӣ мекунад. Ҳадди ақал шукр намекунанд, ки барояшон имкон додаанд, ки як рӯзи дигар зинда бимонанду зиндагӣ кунанд. Бе ягон дудилагӣ ин табақаро “ҳашарот” меномем. Шояд барои баъзеҳо хуш наояд, лекин ман ҳам ба ин табақа дохил мешавам ва бояд онро чуноне, ки ҳаст, ном гузорем. Ба ин табақа ҳамаи онҳое дохил мешаванд, ки бахташон пастӣ кардаасту ба ду табақаи пешӣ дохил нагардиданд.

Дар пайи ин табақабандӣ зарур аст, ки дар сатҳи Сарқонун ҳуқуқу уҳдадориҳои табақаҳо низ тақсим гарданд. Масалан, қонун бояд барои “ашрофзодаҳо” ҳар гуна кореро, ки ба фоидаи ҷамъият аст, манъ кунад. Ин уҳдадории асосияшон мешавад.

Дар асрҳои миёна дар Туркия мардум уҳдадор буданд, ки попӯширо мувофиқи равияҳои динияшон пӯшанд. Туркҳо попӯшии зард, арманҳо – сурх, юнониҳо - кабуд ва яҳудиҳо попӯшии сиёҳ мепӯшиданд. Мо ҳам метавонем, дар қонун муайян созем, ки табақаи якум метавонад дилхоҳ либосро пӯшанд, ба истиснои ранги зард ва сиёҳ. Ин ду рангро мувофиқан ба ду табақаи баъдӣ додан зарур аст.

Таҷрибаи таърих метавонад, хеле муфид бошад ва дар мо татбиқ гардад. Масалан, дар ҳамон асрҳои миёна самурайҳои ҷопонӣ иҷозат доштанд, шамшерашонроо як бор дар гардани роҳгузари якум аз табақаи одӣ бисанҷанд. Мо метавонем ба “ашрофзодаҳо” барои як садамаи маргбор бо мошини навхаридаашон ҳуқуқ диҳем. Бигзор, навгониро дар амал бисанҷанд. Баъдан имкон дорад, барои “Оли сомон” дар содир кардани садамаҳои маргбор маҳдудияти муайян ҷорӣ гардад ва агар аз ҳад гузаронанд, бигзор дар шакли ҷарима ҷазо гиранд.

Боз зарур аст, ки барои ду табақаи баъдӣ доштани мошинҳои гаронарзиш манъ гардад. Барояшон танҳо “Нексия” ва “Опел” ё “Дамас”-у “Запарож”-ҳо иҷозат дода шаваду халос.

Беҳтараш умуман барои табақаи “ҳашарот” доштани мошин манъ гардад. Бигзор харсаворӣ кунанд. Аммо айни ҳол ҷорӣ кардани ин маҳдудият имкон надорад, чун демократияи мо то он дараҷа рушд накардааст. Хуллас, одам бояд дар кӯчаҳо аз рӯи табақааш шинохта шавад. Бояд либосҳою воситаи нақлиёти мувофиқ дошта бошанд.

Баъдан дар Сарқонун бояд ҷумлаи аввал чунин бошад: “Духтару писарони “Оли сомон” ҳамеша ҳаққанд.” Ҳатто агар онҳо ноҳақ бошанд ҳам, бояд меъёри якум риоя шавад. Ин ҳама аллакай дар мо тақрибан ҷой дорад ва татбиқ мешавад. Танҳо ин механизми таваккалӣ ҷоришудаи демократияи тоҷикиро барвақт қувваи қонунӣ бахшидан даркору бас.

Сохти табақаӣ, имрӯз ба мо даркор аст ва ба ҳар гуна гуфтугузору эътирозҳо дар ҷомеа хотима мебахшад. Дар бораи корҳое, ки имрӯз бо хашму норозигӣ сухан мекунанд, баъди ҷорӣ намудани табақабандӣ бо як табассуми хайрхоҳона нақл хоҳанд кард. Масалан мегӯянд, дина писари фалонӣ бо мошинаш 300 километр дар як соат ҳаракат карда, ба як маркази савдо бархӯрдааст. Як тӯда ҳашарот мурд. Хеле шавқовар буд.

Аз ҳама муҳимаш дар ин ҳолатҳо эътирозе садо нахоҳад дод, чун ҳама аз рӯи қонун аст.

PS: Ин матлаб назари шахсии муаллиф аст.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Ин гуна суханхо ба точики на он кадар хадафрасанд

Сорбон
Дар ТЧК хамин хел шудааст, ки касе сухани хакро гуяд, дигарон монанди САГ аккос мезананд.

Карим
Инхо боядки аккос зананд,чунки вазифаашон хамин АСТ

Мухлис
Дар айни хол Марат Мамадшоев бехтарин аз бехтаринхо аст,ки дарди чомеъаро менависад. Офарин ба Шумо Марат!!!!

Судя
Офарин акаи Марат! Х,ак,ро гуфти, вале мутаасифона табак,аи дуюм худро ба хоб андохтаанд, ки имрузх,о мардум ба ин се табак,а так,сим шудаанд. сабабашх,ам табак,аи дуюмаст, ки номи номувофик, доранд! Номи асоси инх,оро падаркалонашон "ленин" монда буд, ки Олга Тутбалина ба наздики ёдоварашон карда буд!
Ташакури зиёд Марат Мамадшоев Худо ёру мададгоратон бошад! Омин!

Аз таьрих маьлум аст, ки хох нохох рохбарияти олии давлати чун ашрофзода шинохта мешавад. Новобаста аз он ки демократия аст ва ё теократия ва ё монархия. Бо ин факт хеч коре кардан намешавад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)