Бахшҳо

Даъвои муаллима: "Мудир ба фигураи ман чӣ кор дорад?"

Меҳрафрӯз Ҳаётова, омӯзгори забони англисӣ дар Интернати ҷумҳуриявии барои кӯдакони маъюбу бепарастори ноҳияи Ёвон, иддао дорад, ки Исломиддин Насов, сардори шӯъбаи маорифи ноҳия, ба шахсияти ӯ дахл карда, шаъну шарафашро дар назди ҳамкоронаш паст задааст.

Ҳаётова рӯзи 29 ноябр бо “Озодагон” тамос гирифта ва гуфт, чанде қабл омӯзгоронро аз тамоми нукоти Ёвон барои интихоби ҳакамони олимпиадаи ноҳиявӣ ба шуъбаи маорифи ноҳия даъват карданд. “Мудири шуъбаи маориф ҳамаро номбар карда, ҳузурашонро қайд намуд. Чун навбати ман расид, бо истеҳзо гуфт, симои зоҳирият барои муаллимаи забони англисӣ мувофиқ нест. “Ҳамин ту англисиро медонӣ? Фигураат барои муаллимаи забони англисӣ безебай. Намезебад гуфт”,-афзуд Ҳаётова.

Меҳрафрӯз Ҳаётова мегӯяд, худро хеле нороҳат эҳсос кард ва баъд аз ин ҷамъомад рост ба мақомоти додситонӣ рафт, то аз ҳуқуқи худ ҳимоят кунад: “Мудири маориф чӣ ҳақ дорад, ки маро дар миёни кормондони маорифи ноҳия паст занад? Маро Худо ҳамин хел офаридааст ва ман шукрона мекунам.” Ин омӯзгор мегӯяд, дар додситонӣ ба ӯ маслиҳат доданд, ки ба додгоҳ муроҷиат кунад: “Мудири маориф вақте фаҳмид, ки ба мақомот муроҷиат кардаам, ба ҷои он ки узр пурсад, талаб намуд, аризаамро гирам.”

Меҳрафрӯз Ҳаётова мегӯяд, то мудири маориф аз ӯ дар ҳузури омӯзгорони ноҳия маъзаратхоҳӣ накунад, аз даъвояш нахоҳад гашт. Ҳаётова илова намуд, 11 сол собиқаи омӯзгорӣ дорад ва шогирдонаш дар озмунҳои ноҳиявӣ ҷойҳои намоёнро ишғол мекарданд. Талоши барои гирифтани назари мудири маорифи ноҳияи Ёвон то кунун бенатиҷа буд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Ба додгоҳ муроҷиат карда, бону Меҳрафрӯз Ҳаётова бисёр кори олӣ кардааст. Аз аҳдатон нагардед, муаллима. Ба ин худхоҳони фасодзадаи маориф як маротиба дарси одоб додан даркор. Дар утоқҳои гарму курсиҳои нарм нишаста, аз худ, Худо медонад, киро метарошанд. Ба ҳама чиз кор доранд: чи хел либос мепӯшӣ, риш мемонӣ, гарданбанду шлап дорӣ надорӣ, кафшат пошна дорад, надорад ва ғайра ва ҳоказо. Духтарони мусулмонро дохили доманҳои (юбка) тангу туруш меандозанд. Намегузоанд ба сар рӯймол бигиранд ё чизи дигар. Вале илму дониш ва фарҳанг дар макотиб фарсахҳо дур аст. Дар макотиби Душанбе баъзе талабаҳои синфи 7-8 то ҳол китоби тоҷикиро ҳарфакӣ мехонанд. Ба ин касе кор надорад! Афту андоми олуфтаи онҳо бошад, бас. Либоспӯшӣ муҳим аст ё донишандӯзӣ? Бузургон мегӯянд, дар даврони Шӯравӣ талабаҳои нокомро аз синф ба синф намегузаронданд. Онҳо маҷбур буданд дар як синф ду сол бишинанд. Ин ба дигарон сабақ мешуд. Ҳоло фарқ надорад, ҳама худ ба худ аз синф ба синф мегузарад. Дониш муҳим нест! Магар вақти он нарасидааст, ки ҳамин усули кор дубора барқарор шавад? Умуман соҳаи маорифи Тоҷикистон ба ислоҳоти куллӣ ниёз дорад. Ҳар қадар зудтар бошад, ҳамон қадар беҳтар аст.

Салим:
Азизон бовар кунед мардуми точик дар 15-20 сол бо чунин дарачахо расидааст шармандаги.....
Пас чи хел Ольга Тутубалина нисбати зиёиёни нодуруст навиштааст?
Мудири маориф чунин рафтор кунад аз талабагону днишчуён чиро интизор шавем . Агар хамин хабар ба президент расад бовари дорам бе ягон чуну чаро уро аз ин вазифа меронад.............
Мухтрам президент ана хаминхел ,мудирону вазирон нуфузи давлатдориро ба дарачахои пастарин оварда мерасонанд ин мудир хатто хаки кучарубиро надорад .
Мардуми точик нагузоред,ки чунин ашхосхо хукукхо моро поймол кунанд . Президент кафолат дод ,аз мардумаш дар доираи конун мухофизат мекунад ин тарафаш дар дасти худи мост,мурочиат кунед бо додгоххо органхои дахлдор .
Дар вакти вохури намояндагони хукумат нагуед,ки хамааш 100% нагузоред аъну шарафи моро паст зананд. Бояд ба хотири паст задани шаъну шарафаш на кам аз 100 хазор $ талаб кунад ...........

Парвина
Мудир ба истеъфо!

Салим:
Дар коментарияи Салим 100-хазор $ хонда шавад каблан узр .....

Акнун сурати муаллимаи англисиро чойгир намоед, мо хам бинем, ки хакикати хол чист!

aslam
ин окибати кишлокизация кардани точикистон аст
хатто вазирон чунин шап мезананд - аз мудири маорифи Евон ягон чои гила нест

Abdulloh
BINANDA BA SURATI MUA'LLIMA CHI KOR DORI? SHARM DOR ! MUALLIMAI AZIZ CHI KUNEM KI INGUNA ZOHIRPARASTON IMRUZ MANSAB DORAND. URO BOYAD MUDIRI FERMA TA'IN KARD XELO VAZIFAI MUVOFIQ BAROYASH. DAR HOLI URZ PURSIDANASH HAM NABOYAD AZ DA'VOYATON DAST KASHED. HATMAN JUBRON TALAB KUNED .

Шогирд
Апачон ин фархангест ки тамоми хукуматдорони точикистон аз боло то поён доранд аз болои боло мегуям, ин вазифаи шумо муаллимхои шарафманд аст ки ба мардум омузед чихел аз хукуки худ химоят кунанд мо бо шумо хамфикрем Апачон!

Усто
Насров бесавод буд, бесавод мемонад,

орзу хоруг
мард хак дорад ба фигураи зани худ ЭРОД гирад на ба дигарон!!!!!! агар гирад АБЛАХ зиёи нест. ё зиёи хаст вале аз зиёиёни Тутубалина....

мудир аз Хатлон
Дар санахои 29 ва 30.11.2013 бо даъвати 2-рузаи Вазири маориф ва илм, Саидов Н. кули мудирон ва муовинони баъзе аз мудироне, ки аз рафтани курсиашон тарс доштанду худро ба касали задаву дар чаласа хузур надоштанд бовар мекунед, ки худи вазири мухтарам аз бефархангиву камсаводии мудирони маорифи шахру навохии Хатлон интикод карда бартариро ба мудирони маорифи в. Сугд дод.

Соли 2002 ман дар мактаби 77-и пойтахт хамчун муаллимаи забони руси кор мекардам ва хар лахза завчи мактаб ба либосхоям эрод мегирифт, харчанд талабагони ман дар олимпиадахо чойхои намоенро ишгол мекардан. дар хамон замон ман боз барои маълумоти дуюм дар донишгох тахсил мекардам ва ичора менишастам, имконияти сару либоси хуб хариданро надоштам. Аз дастаи гапхои хамон завч ман муаллимагиро тарк кардам, холо бошад дар хорича зиндаги мекунам. Шукри худо дар чои хуб хам кор мекунам.

МБР
мудирро бояд ҳабскард,ки дигарон ибрат гиранд.

Mp3
mudir peshi dodarakot turma rawv

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)