Бахшҳо

Нахустин вокунишҳо ба мансаби нави Рустами Эмомалии 26-сола

Ба симмати раиси Хадамоти гумрук таъин шудани писари калонии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо вокунишҳои мухталиф рӯбарӯ омадааст. Дар баҳсҳое, ки ҳамакнун дар шабакаҳои иҷтимоӣ идома дорад, бештари корбарон гуфтаанд, ин мансаб зинае барои ба сиёсати бузург пой гузоштан ва муаррифии бештари Рустами Эмомалии 26-сола аст.

Усмон Солеҳ, масъули таҳлил ва тарғиботи Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон, дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, Рустами Эмомалӣ кадри ояндадор аст ва аз иҷрои вазифаҳои аз ин ҳам баландтар баромада метавонад. Оқои Солеҳ афзуд, “ба Рустами Эмомалӣ вазифаи пурмасъулиятро доданд. Вай зина ба зина чанд вазифаҳои роҳбарию умуман ташкилиро гузашта омадааст. Чизи дигари муҳим ин аст, ки мо ҳамеша мехоҳем, дар ҳайати роҳбарии ҳукумат кадрҳои ҷавон бошад. Ҳамин чизро роҳбари давлат амалӣ карданд.”

Аммо Шокирҷони Ҳаким, ҳуқуқдон ва муовини раиси Ҳизби сотсиал – демократи Тоҷикистон, бо ин нуқтаи назар мувофиқ нест. Вай мегӯяд, ҳарчанд аз нигоҳи қонун ба ин вазифа омадани Рустами Эмомалӣ мушкиле надорад, “вале боис ба таассуф аст, ки фарзандони президент ва дигар мансабдорони боломақом бо истифода аз фурсати муносиб, бо таъсиру робитаҳои падарҳояшон кӯшиш мекунанд бар зарари дигар ҷавонони болаёқату боистеъдод, ки мутааллиқ ва авлоди мансабдори мушаххас нест, мансабҳоро ишғол кунанд. Маҳз ҳамин гуна сиёсати кадрӣ боиси муваффақ нашудани ҳукумат ва самара надодани фаъолияти он мебошад.”

Оқои Ҳаким дар идома гуфт, “дар ҳар сурат, соҳибкорон ба Рустам ҳамчун писари президент Эмомалӣ Раҳмон муносибат мекунанд, на ҳамчун як шахсе, ки салоҳият дорад, истеъдоду лаёқат дорад ва аз ҷузъиёти фаъолияти Хадамоти гумрук бохабар асту ин сохторро идора мекунад. Агар Эмомалӣ Раҳмон барои иштирокаш дар интихоботи минбаъдаи президентӣ кӯшиш накунад, пас, ин маънои онро дорад, ки писарашро вориси худ эълон мекунад.”

Рустами 26-сола, писари калонии раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 30 ноябр дар ҷаласаи нахустини ҳукумати нав ба мансаби раиси Хадамоти гумрук таъин шуд. Вай то ин дам ба ҳайси муовини раиси ҳамин хадамот фаъолият дошт. Рустам фарзанди дувуми Эмомалӣ Раҳмон аст, ки мақоми давлатӣ дорад. Ҳоло Озода Раҳмонова, духтари раисиҷумҳур, ба ҳайси муовини вазири умури хориҷӣ кор мекунад.
Мӯҳр
Правильно, надо же подготовить будущего президента. Через 3 лет будеть изменения в конститутсии Таджикистана и в возрасте 33 лет Р. Эмомоали будеть президентом РТ. Нет сомнений. Кресло у них собственный. Не кому не отдам!!!!!

Шерали
Худо хайрашон дихад!!!

чамшед,

1) Консулгариро писари р. Убайдуллоев ба дараҷаи олии ҷаҳонӣ бардошт,
рафта аз корафтодагон пурсед!

2) Гумрук низ аз ҷойҳоест, ки назорати ҷиддиву касбӣ ва беғаразонаро мехоҳад

3) Агар президент шуданӣ шавад, дигар гуфта наметавонед, ки аз майдони пахта омадаасту кора намедонад ):

Лекин албатта, ҷои таасуф аст, ки кадрҳои боваринок ками андар каманд, ҳамин, ки вазифара гирифтанд. манфиатҳои шахсиро аз ҳама боло мегузоранд. Мисли бисёре аз ошпазҳо. Дар ин ҳолат маҷбур мешавӣ наздиктаринатро сари деги ош монӣ ):

Ба Чамшед Шурбо шавад гуед хубтар хазм карданаш осон О дар сини 23агар донишгохро тамом карда бошад пас чи хел дар се сол корманди ботачриба мешудааст ки дар вазифа кор кунад Охир ин Гумрук КЖКП не ку лекин дар инчохам дониш даркор Худат медони ки чашмро чи сер мекунад

ба хамаи каментарий кардагон!!! Икада хамаи шумохон халки точик ба бахиливу душмани олуда хастед! Ба шумохон фаркш чи ки чихел кор мекунад? Дар чихел вазифа кор мекунад? Инхел одатхоятонро аз дил бароварда партоетон! Бахили карданки ояндаатон ба пеш намерад! Инро хуб дарк кунетон!

окои усмон солех!магар хангоми гуфтани хамин гуна гапхо вичдон азобат намедихад.наход дар асл аз чоплусии зиёд ба хамин гапхо худат бовар куни ки дар ТЧК дигар шахси сазоворе набошад ки ба ин манСаб арзанда бошад.наход он кадрхое ки Се чор мартиба дар хрича курсхои такмили ихтисосро махз бари хамин соха гшузаштаанд аз рустам диДа сазовортар набошанд.наход др бйни он хама ашхосе ки лоихаи аввалини гумрукро тартиб додаанд набошад шахсе ки аз ухдаи взифа барояд.як маротиба ба расонахои хоричи назар кун баъд мебини ки ин кадри лоику арзандаат дар давраи донишчуи хох дар ТЧК хох дар ФР ба чи корхо машгул буд ва баъд даст бар болои сина монда бигу ки оё дар асл арзанда хаст ё не? НАФУРУШЕД ЗИ НОЧОРИ ЯКЕ ВИЧДОНРО. РУЗИ КАС ГОХ БО ОБУ ЛАБИ НОН МЕГУЗАРАД.

Sulolai "Rahmoniyon" chand soli digar umr medida boshad? Ajibtarash in ast, ki in sulola az tarafi ki parokanda meshuda boshad....

Часур
У футболбози сахт аст

Дилшод
Ба мансаб 100% меарзад. Ками дар кам чунин чавонеро дар Точикистон ефтан мумкин аст, ки бо чанд забони хоричи балад бошад. Потенсиали хуби идоракунии ин е он ниходро дорад. Муборак бошад, мансаби нави давлати! Умедворем, ки барои ободии ояндаи Точикистон сахми арзандаи худро мегузоред.

Хай хубтон мешад,ана хамин хел офарин гуфта шиштан гирен.Мардуми бе нангу бе номус.

Таҳлилгар
Ман нафаҳмидам, ки Усмон Солеҳ ин суханашро аз рӯи бовариаш гуфтааст, ё ҳамчу киноя? Бахусус, Чизи дигари муҳим ин аст, ки мо ҳамеша мехоҳем, дар ҳайати роҳбарии ҳукумат кадрҳои ҷавон бошад. Ҳамин чизро роҳбари давлат амалӣ карданд. гуфтанаш мисли латифа аст.
Ҳар касе ки фикр мекунад, ки Рустами Эмомалӣ дар ин вазифа кор мекунад, иштибоҳи бузург мекунад. Чанд омил аст, ки онҳо ба фаъолияти ӯ таъсиргузор ҳастанд.
1. Рустам дониши илмии (академикӣ) казоӣ надорад, ки тавони дарки ҳар гуна масъаларо дошта бошад.
2. Дар атрофаш "доноҳо" бисёранд, ки ӯро манипулироват карда, манфиатҳои шахсии худро пеш мебаранд. Ин як гурӯҳе ҳаст, ки ӯ ҳар куҷое равад, онҳоро бо худ мебарад.
3. Дида биистед, фирмаҳои тиҷоратие, ки зери назари Рустам ҳастанд, дар ҳар бозоре ки бошанд, он бозорҳоро манополия хоҳанд кард. Якеаш бозори дорӯворист.
Мушкил бузургтар дар он аст, ки фирмаҳои Рустам ягонтоаш ба истеҳсолот машғул нестанд, ҳамаашон хариду фурӯш мекунанд. Пас, истеҳсолкунандаҳои дохилӣ, ки ҳоло то ҳадде дар ҳимояи сиёсати андоз ва гумруки давлат фаъолият доранд, варшикаста мешаванд. Баъди омадани Рустам, фирмаҳои ӯ 200% ягон намуд андози гумрук нахоҳанд пардохт.

хакдод
Усмон Солеҳ, масъули таҳлил ва тарғиботи Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон, дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, "Рустами Эмомалӣ кадри ояндадор аст ва аз иҷрои вазифаҳои аз ин ҳам баландтар баромада метавонад". Бале, хозир агар дар чои оташ мемонданд, бидуни ягон мамониат кор мекард.

Точик
чамшед,
Инхо харгиз сер намешаванд. Агар сер мешуд, Каддафи бо миллардхои нефт сер мешуд. Тасаввур кун, бо миллиард инхр намешаванд. Ту мегуи, ки серанд.

гороскоп
Рустам дар ин вазифа дер намепояд. У бо суръати баланд чандин вазифахлро сарбаландона пушти сар када,дар синни 33 ба садде дучор меояд. Вай намедонад чи тавр аз ин баст гузарад. Бехабар аз он ки падараш кайхо ин гирехро кушода...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)